Зеҳн

Инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишии Варазруд дар осори академик В.В. Бартолд

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 19 дақиқа хондан

Академик В.В. Бартолд аз зумраи он олимони шинохтаи ҷаҳонист, ки умри хешро сарфи омўзиши таъриху фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна намудааст. Аз 502 асару мақолаҳои олим зиёда аз 480-тои он ба таърихи Осиёи Миёна бахшида шудааст. Омили асосии ба омўзиши таърихи Осиёи Миёна машғул шудани худро В. Бартолд пеш аз ҳама аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва таърихӣ наздик будани минтақа ба Россия донистааст. Осиёи Миёна, ба ақидаи ў, барои шарқшинос – таърихчии рус бештар наздик аст ва дар ин ҷо зиёдтар маводу манбаъ пайдо мегардад, ки онҳо ба шарқшиносони аврупоӣ дастнорасанд.

Аз тарафи дигар, рў ба таърихи Шарқ овардани В. Бартолд натиҷаи ташаккули мактаби мустақили таъриху шарқшиносии рус дар нимаи дуюми садаи XIX низ мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин давра, омўзиш ва таҳлили як қатор осори хаттии форсию тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ, маводҳои сиккашиносӣ аз ҷониби олимони шинохтаи рус боиси таъсису ташаккули мактаби мустақили шарқшиносии рус гардид, ки он дар ховаршиносии ҷаҳонӣ мақоми хоса ва пешсафро касб намуд.

Академик В. В. Бартолд ҳамчун муҳаққиқи асил баробари пажуҳиши дигар самтҳои таърихи Осиёи Миёна ба омўзиши таъриху фарҳанги он низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст. Дар маркази пажўҳиши ин олими шинохта таъсири фарҳангҳо мақоми вижа дорад. Ў аз ин нигоҳ ба таҳқиқи таърихи ниҳодҳои омўзишӣ, муассисаҳои динӣ – маърифатӣ ва ҷамъиятие, ки тавассути онҳо ташвиқу тарғиби фарҳанг, мазҳабу оин ва урфу одате, ки ба ҳукми анъана даромадааст, шуғл варзидааст.

В. В. Бартолд барои чун шохаи мустақили илми шарқшиносӣ ифтитоҳ ёфтани осиёимиёнашиносӣ, ё ба истилоҳ «туркистоншиносӣ» ибтидо гузошта, дар ташаккули он мақоми вижаро соҳиб аст. Истифодаи истилоҳи таърихию ҷуғрофии «Туркистон» ба ҷои «Осиёи Миёна» ё «Осиёи Марказӣ» маҳсули тафаккури В. Бартолд набуда, ба андешаи худи ў дар асри XIX бо ташаббуси муҳаққиқони англис ба ивази мафҳумҳои «Бухорои бузург» ва «Бухорои хурд» ба илм истилоҳи «Туркистони ғарбӣ» ва «Туркистони шарқӣ» ворид гардид, ки воқеан ба фаҳмиши воқеии ҷуғрофӣ пурра мувофиқат намекунад. Бинобар ин ба андешаи инҷониб ба ҷои «Туркистон» бештар истилоҳи «Осиёи Миёна»-ро мавриди истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар тўли фаъолияти босамари худ В. Бартолд паҳлуҳои гуногуни таърихи халқу давлатҳои Осиёи Миёнаро ба риштаи таҳлилу таҳқиқ кашидааст. Аз ҷумла, дар доираи омўзишу таҳқиқи таърихи фарҳанги минтақа академик В. Бартолд ба таърихи ниҳодҳои омўзишӣ, пеш аз ҳама мактабу мадраса диққати ҷиддӣ додааст. Яке аз асарҳои комил, ки бештар ба масоили умдаи таърих ва рушди фарҳанги Осиёи Миёна, ба вижа халқи тоҷик бахшидаи академик В. В. Бартолд «Таърихи ҳаёти фарҳангии Туркистон» мебошад. Асари мазкур бори нахуст соли 1927 нашр гардида, давоми мантиқии «Таърихи Туркистон» аст. Дар он олим масоили гуногуни таърих ва инкишофи фарҳанг, бахусус таърихи мактабҳои маҳаллӣ ва таълиму тадрис дар асрҳои миёна ва қарни XIX, масъалаҳои динро мавриди пажуҳиши ҳаматарафа қарор додааст. Таҳқиқоти мазкур, дар қатори масоили умда, бештар ба таърихи пайдоиш, шарҳи маҳфумҳо ва истилоҳҳои иҷтимоию хоҷагидорӣ ва ҳаёти мадании Осиёи Миёна ва умуман шарқи исломӣ бахшида шудааст, ки имрўз низ онҳо арзиши илмии худро гум накардаанд. Дар асари мазкур боби алоҳидае (VII) ба таърихи мактабҳои садаи XIX Осиёи Миёна бахшида шудааст, ки ин масъала дар дигар асарҳои В.В.Бартолд низ мавриди таваҷҷўҳи хосса қарор гирифтааст.

То паҳшавии ислом ва ҳатто пас аз истилои араб низ дар Эрон ва Осиёи Миёна мактаби ибтидоӣ, саводомўзиро дабиристон мегуфтанд. Ба ақидаи академик В. Бартолд ин мафҳум аз зардуштия ба Эрон мерос монда, баъдан дар Осиёи Миёна паҳн шудааст. Дар маърўзаи худ «Вазифаҳои шарқшиносии рус дар Туркистон» низ қайд менамояд, ки калимаи мактаб шакли форсишудаи «дабиристон» буда, дар Эрони тоисломӣ истифода мешуд ва аз он ҷо ба Осиёи Миёна ворид гашт ва он ҳатто дар асри XII низ ҳанўз мавриди истифода қарор дошт.

Академик В. Бартолд то охири умр тарафдори назарияи таъсири фарҳанг буда, далолат бар он дошт, ки мактаб маҳсули таъсири қисмати ғарбии олами Эрон ба қисмати шарқии он мебошад. Сабаби асосии дар давраи аввал пешрав будани Эрони ғарбиро дар наздик будани он ба маркази тамаддуни бобулӣ медонад. Дар бораи мадраса, илм ва санъат В. Бартолд дар аввал таъсири ҷиддӣ доштани Эрони Шарқиро ба Эрони Ғарбӣ таъқид кардааст. Вале ў сабаби пешқадам будани Эрони Шарқиро дар бархўрди он аз анъанаҳои давлати Юнону Бохтар, оини буддоӣ ва монӣ дидааст. Дар ҳамин замина олим инчунин наздик будани Ҳиндустонро ба инобат гирифта, бартарии шаҳри Балхро ҳамчун маркази фарҳангӣ дар ибтидои давраи исломӣ бо далелҳо собит месозад. Тибқи хулосаи ў нахустин намояндагони хонадонҳои эронии Бармакиёну Сомониён чун эҳёгарони фарҳанги эронӣ на аз шаҳрҳоиФорси сосонӣ, балки аз Балх баромадаанд.

Мадраса низ ба ақидаи В. Бартолд ҳамчун мактаби олии исломӣ бори нахуст дар қисмати шарқии Эрон пайдо шудааст. «Таъсири буддоияро боз далели дигар метавонад тақвият диҳад, ки мактаби динии исломӣ (мадраса) бори нахуст дар Хуросон ва баъдан ин мактаб ба қисмати Осиёи Пеш паҳн мегардад». Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии мадраса ва умуман фарҳанги шарқиэрониро ба Ғарб В. Бартолд хизмати Салҷуқиён қаламдод кардааст. «Бо паҳншавии империяи Салҷуқиён паҳншавии таъсири фарҳанги шарқиэронӣ низ ба амал меояд». Маҳз бо васеъшавии ин империя мадраса тадриҷан ба Байнаннаҳрайн, Сурия, Миср ва Африқои Шимолӣ паҳн мегардад. Аммо дар маърўзаи «Вазифаҳои шарқшиносии рус дар Туркистон» аз 29 декабри соли 1914 пешниҳод намудааст, ки шояд мадраса бо таъсири оини буддоӣ аввал дар Туркистон пайдо шуда, сипас ба дигар вилоятҳои исломӣ паҳн гардидааст. Барои тақвияти фикр В. Бартолд онро асос менамояд, ки дар Туркистон баробари равияҳои дарвешии зери таъсири ҳаракатҳои динии Осиёи Ғарбӣ дар Бухорою Хоразм пайдо шуда, замоне равияи дарвешони маҳаллӣ дар Тирмиз, ки пештар яке аз марказҳои оини буддоӣ ба ҳисоб мерафт, мавҷуд будааст.

Академик В. Бартолд бар он ақида аст, ки яке аз сабабҳои асосии пешравии фарҳангии Эрони шарқӣ паҳншавии оини буддоӣ ва наздик будани Ҳиндустон аст. Дар асоси таҳлилу омўзиши сарчашмаҳои гуногун В. В. Бартолд собит менамояд, ки намунаи аслӣ барои пайдоиши мадрасаи мусулмонӣ виҳари буддоӣ мебошад. Мактабҳои насронӣ, ки дар ибтидои давраи исломӣ дар шаҳрҳои мусулмонӣ кушода мешуданд ба мактабҳои мусулмонӣ кам таъсир расонидаанд. Калимаи юнонии «школа», ки баъдан ба забони сурёнӣ ва ҳам забонҳои Аврупои Ғарбӣ ворид шуда буд, аз тарафи арабҳои насронӣ дар шакли «искул» қабул гардид, вале арабҳои мусулмон онро қабул накарданд. Танҳо аз мафҳумҳои суриёнии насронӣ мафҳуми «макреян» устоди хониш дар арабӣ ба шакли «мукрӣ» ва дар Осиёи Миёна ба шакли қорӣ қабул гардид.

Дар таълифоти «Оид ба дафн кардани Темур» В. В. Бартолд нисбат ба мафҳуми хонақо ва мадраса менависад, ки ҳарчанд калимаи «хонақо» баромади ориёӣ дошта бошад ҳам, ба Осиёи мусулмонӣ аз Ғарб ба Шарқ паҳн шуд, вале мафҳуми мадраса баромадаш аз забони семитӣ буда, аз Шарқ ба Ғарб паҳн гаштааст.

Аз ин рў, ақидаи академик В. Бартолд оид ба маҳсули шарқиэронӣ будани мадраса ҳамчун мактаби олии исломӣ чун ҳақиқати воқеӣ ба назар мерасад. Ҳарчанд маънии луғавии мадраса аз яҳудиёну суриёниҳо ва ё дарси арабҳо реша гирифта бошад ҳам, ҳамчун ифодакунандаи макони дарсхонӣ, тадрис дар шарқи Эрон пайдо шудааст, ки инро тадқиқотҳои охирин ба куллӣ собит менамоянд. То истилои арабҳо зери таъсири ойини буддоӣ дар қисми шарқии Эрон чунин муассисаҳо вуҷуд доштанд ва пайдоиши виҳараи буддоӣ низ бесабаб нест, ишора кардааст В. Бартолд.

Дар шарҳи номи Бухоро муаллифони аксарияти фарҳангҳои адабиёти классикии тоҷику форс эътимод бар он доранд, ки як маънои «бухор» ва ё «бухар» дониш, илм, маҷмуи илмӣ, шаҳри уламову фузало мебошад. Ҳатто муаллифи «Бурҳони қотеъ» ақида дорад, ки номи Бухоро аз решаи «Бухар» вожаи санскритии «виҳара» гирифта шуда, маънии дайр, муъбад медиҳад.

Кашфиётҳои бостоншиносии баъди солҳои 50-уми асри XX дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон аз он шаҳодат медиҳад, ки то паҳншавии дини буддоӣ дар ин ҳудуд, муассисаҳои гуногуни шаҳрвандию мазҳабӣ вуҷуд доштаанд.

Дар асоси тадқиқотҳои охирин метавон хулоса намуд, ки руҳониёни ойини буддоӣ тавонистанд маъбаду муассисаҳои диннии Осиёи Марказиро моҳирона ба оини буддоӣ мувофиқ созанд ва дар сохтмони кушку маъбадҳои нав аз санъати меъмории маҳаллӣ эҷодкорона истифода намоянд.

Академик Б. Ғафуров ба ҳамин маънӣ зикр намудааст, ки «дар сарзамини Бохтар маданияти мутараққии ба худ хоси маҳаллӣ вуҷуд дошт, ки он аз қаъри асрҳо ибтидо мегирифт. Равобити тамаддуни Бохтар бо маданияти бойи Ҳиндустон, бо маданияти юнониён ва бо маданияти шарқи эллинӣ самараи бузург дошт». Инчунин илова менамояд, ки маҳз дар ҳамин давра дар Осиёи Миёна дини буддоӣ паҳн шуд. Аз рўи хулосаи олим бо паҳншавии буддоия оини зардуштӣ мавқеи худро аз даст надод ва маркази он шаҳри Бактура яке аз марказҳои асосии зардуштия ҳисоб меёфт ва аксари аҳолии маҳаллии бохтариҳо ба зардуштия эътиқод доштанд.

Масъалаи дигаре, ки диққати В. Бартолдро ба худ ҷалб кардааст, ин замони пайдоиши мадрасаҳо мебошад. Тибқи шарҳи ў мафҳуми паҳншудаи мадраса дар адабиёти то асри X, умуман истифода нашудааст. Мидрас, Мидраш, Мадраш дар забони арабию ивритӣ ва суриёнӣ хеле пештар ба маънои макони таълими Қуръон, таълимот, шарҳи қонун ва ғайра, ҳатто пеш аз паҳншавии ислом мавриди истифода қарор доштанд. Мафҳуми мадраса бори нахуст дар «Таърихи Бухоро»-и А. Наршахӣ истифода шудааст, ки онро ҳангоми тасвири сўхтори соли 937 –и Бухоро дар бораи мадрасаи Форҷек ёдовар мешавад. Ин маълумоти Наршахиро В. Бартолд асос намуда, менависад, ки шояд ин мафҳум дар қисмати шарқӣ то ин вақт истифода мешуд ва танҳо дар нимаи дуюми асри XI ба тарафи ғарб паҳн гардид.

Дар маркази хилофат шаҳри Бағдод аввалин мадраса бо ташаббуси вазири Салҷуқиён Низомулмулк дар нимаи дуюми асри XI сохтаю фаъолият намудааст.

Диққати академик В. В. Бартолдро заминаҳои таърихии пайдоиши мадрасаҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр низ ба худ ҷалб кардааст. Аз рўи ақидаи олим аввалин мадрасаҳоро на ҳакимону зимомдорони вақт, балки мухолифини онҳо бино намудаанд. Ин хулосаро шарқшиносон Н.П. Остроумов, А.Метс низ ҷонибдорӣ кардаанд. Ҳамин тариқ, ташкилкунандагони аввалин мадрасаҳо намояндагони шохаҳои гуногуни мазҳабии ислом будаанд. Мақсади асосии ташкил намудани мадрасаҳо аз нав эҳё кардани анъанаҳои тоисломии дабиристонҳо, донишгоҳҳои Искандария, Хирон, Гунди Шопур ва амсоли онҳо буд, ки дар ибтидои давраи Хилофати араб низ фаъолият доштанд, ҳисоб меёфт.

Аввалин маълумот оид ба мадрасаҳои алоҳидае, ки бевосита бо супориши ҳокимон бунёд шудаанд, ба ибтидои асри XI, ба давраи Ғазнавиён рост меояд. Вобаста ба ин академик В. Бартолд мадрасаҳоро ба ду гурўҳ – мадрасаҳои хусусӣ ва давлатӣ ҷудо менамояд.

Аз таҳқиқоти академик В. В. Бартолд оид ба маънои луғавӣ, макон ва замони пайдоиши мадрасаҳо хулосае бармеояд, ки мадраса чун мактаби олии исломӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон пайдо шуда, баъдан ба қисмати ғарбии олами ислом паҳн гардидааст. Ба фикри мо академик В. Бартолд нисбат ба таъсири ҷиддии оини буддоӣ ва маҳз зери таъсири ин оин пайдо шудани мадраса каме ба муболиға роҳ додааст ва шояд сабаби асосии он дар кам будани таҳқиқоти ҷиддии илмӣ оид ба масъалаи мазкур бошад. Чи тавре, ки дар боло қайд намудем, то паҳншавии оини буддоӣ аллакай дар ҳудуди эронзамин чунин муассисаҳои таълимӣ вуҷуд доштанд ва руҳониёни оини буддоӣ танҳо онҳоро моҳирона ба маннфиати мазҳабии хеш истифода намудаанд.

То паҳншавии дини ислом дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон муассисаҳои таълимӣ низ амал мекарданд. Мэри Бойс қайд менамояд, ки мувофиқи маълумоти сарчашмаи зардуштии асри VI «ДадестаниМеноги Храд» мактабҳои гуногун ба монанди Фраҳангистон – мактаби умумӣ, Эрбадестан – мактаби махсус барои муъбадон, дибиристон – мактаби дабирон амал менамуданд.

Баъд аз паҳншудани ислом дар Осиёи Миёна баробари мактабу мадрасаҳо дигар муассисаҳои динии фарҳангӣ ва ҷамъиятие низ амал мекарданд, ки дар ташвиқу тарғиби донишҳои исломӣ ва илму адабиёт нақши муассир доштанд. Ба чунин ниҳодҳо хонақо, корвонсарой, далоилхона, қорихона, работ, хон, суфа ва ғ., шомил мешуданд. Академик В. Бартолд оид ба таърихи пайдоиш ва вазифаю ҷойгоҳи чунин муассисаҳо низ андешаҳои худро баён кардааст.

Таърихи пайдоиши мадрасаю хонақоро В.В.Бартолд бо таърихи ислом ва зоҳидии мусулмонӣ зич алоқаманд медонад. Вожаи хонақо ба андешаи В.В. Бартолд пайдоиши ориёӣ дошта, ба Эрони Шарқӣ аз Ғарб омадааст. Ин муассиса мувофиқи асноди сарчашмаҳои исломӣ бо таъсири зоҳидии насронӣ ва монӣ пайдо шудааст. Барои тақвияти фикри худ В. Бартолд ҳикояи Абдураҳмони Ҷомиро дар бораи сохтмони хонақо аз тарафи «амири торсоӣ» дар шаҳри Рамли Фаластин мисол оварда, ҳамзамон қайд кардааст, ки дар ягон маъхаз вожаи «хонақо» барои ифодаи дайри насронӣ истифода нашудааст. Баръакс вожаи «хонақои монӣ» борҳо қайд гардидааст. Хонақо шакли суғдии калимаи форсии хона мебошад ва ин ибораро баъдан дарвешҳои исломӣ низ қабул намудаанд.

Бояд қайд кард, ки академик В. Бартолд оид ба пайдо шудани хонақо ва паҳн шудани он дар Осиёи Миёна маълумоти пурра надодааст. Ба ин масъала таърихшиноси ҳинд К. М. Паниккар бештар равшанӣ меандозад. Ба ақидаи ин муҳаққиқ, то пайдоиши оини буддоӣ чунин муассисаҳо вуҷуд надоштанд. К. М. Паниккар дар барои пайдоиши дайрҳои мардонаю занонаи буддоӣ муфассал маълумот дода, қайд намудааст, ки бошандагони аввалин дайрҳо, шахсони бехона ва ё хонаи худро тарк намуда буда, либосҳои ниҳоят оддӣ доштанд. Чунин тарзи либоспўшӣ дар бошандагони хонақо низ мушоҳида шудааст.

Академик Муҳаммад Осимӣ пажуҳиши олимони Ҳиндустон С. Датт ва Р. К. Мукерҷиро таҳлил намуда, қайд менамояд, ки ин ду пажуҳишгар оид ба дайрҳои Ҳиндустон ҳамчун марказҳои таълимӣ маводҳои фаровон ҷамъ овардаанд. Аз ин маълумотҳо бармеояд, ки дар дайрҳо баробари диншиносӣ, илми тиб, имло, мусиқӣ, замину ситорашиносӣ низ таълим дода мешудаанд. Дар такя ба ин олимон академик М. Осимӣ ба хулосае омадааст, ки дар Осиёи Миёна низ дайрҳо бешубҳа чунин вазифаро иҷро мекарданд.

Ба паҳн шудани оини буддоӣ дар Шарқ, махсусан, дар Чин сокинони Осиёи Миёна, ба вежа суғдиён ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Ин хулосаро бостоншиноси машҳур В. А. Ранов низ дар пешгуфтори хеш ба рисолаи Ричард Фрай «Мероси Осиёи Марказӣ» таъкид намудааст. Ричард Фрай муътақид бар он аст, ки Буддоия ҳамчун аввалин оини нуфузманд дар Осиёи Марказӣ, бо мазҳабу оинҳои мавҷудаи маҳаллӣ мухолифат накарда, баръакс ҳамчун як шохаи илми фалсафа ва ё як тарзи зиндагӣ дар баробари онҳо амал намуда, бо онҳо созиш кардааст. Мувофиқи хулосаи ў пас аз паҳншудани буддоия дар Осиёи Миёна муассисаҳои диннии он «ступа» ва «вихара» низ паҳн гардидааст.

Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи академик В. Бартолдро ба худ кашидааст, ин омехташавии мафҳуми мадрасаю хонақо дар сарчашмаҳои хаттӣ мебошад. Ў қайд менамояд, ки дар асарҳои Мақдисӣ (охири асри X), Ҷувайнӣ (асри XIII), Фосих ва дигарон як муассиса гоҳ хонақо ва гоҳ мадраса номида шудааст. Аммо, муҳаққиқ ҳикояи Абдураҳмони Ҷомиро нисбат ба имом Ғаззолӣ асос намуда, таъкид месозад, ки хонақо ва мадраса аз ҳам фарқи ҷиддӣ доранд ва дар алоҳидагӣ сохта мешуданд. Шояд ин махлутшавӣ аз он реша гирифта бошад, ки бисёр вақт мадрасаю хонақо дар шафати ҳамдигар сохта мешуданд. Ин ду муассиса бештар дар назди мазорҳо, ибодатгоҳҳо, умуман маконҳои парастишӣ бино меёфтанд. Масалан, Низомулмулк мадрасаи худро дар назди Мазори Имом Абўҳанифа бунёд намуда буд. Дар Самарқанд бошад дар назди мазори бародари паёмбар Қусам ибни Аббос – машҳур бо номи Шоҳизинда ҳанўз дар асри XII мадраса ва аз рўи шаҳодати ибни Баттута хонақо ҳам вуҷуд доштааст. В. Бартолд ба «Асрор ат-тавҳид»-и Ибни ал-Мунаввар такя намуда менависад, ки дар назди шаҳри Нисо қабристоне буд, ки он мазори шайхон ва одамони бузург буд ва дар ҳамин қабристон хонақои Соравӣ вуҷуд дошт.

Дар тақризи худ ба асари Е. Блоше, ки ба Рашидаддин ва асари ў «Ҷомеъ-ат-таворих» бахшида шудааст, менависад, ки Ғазонхон дар ғарбии шаҳри Табрез барои худ мақбара бунёд мекунад ва баъдан дар атрофи он иншооти зиёде, аз ҷумла, масҷиди ҷомеъ, хонақоҳ барои дарвешон, ду мадраса яке барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва дигаре барои пайравони мазҳаби шофеӣ, беморхона, китобхона, расадхона ва дар назди он мактаби таълими фанҳои дунявӣ (ҳукмият) бо мударрисону муаллимон, бойгонии қонунҳо (байт ал-қонун), паноҳгоҳ барои сайидҳо, ҳавзи об, ҳаммом, мактаб барои бачаҳои бепарастор баҳри азхудкунии Қуръон бо панҷ муаллиму панҷ назоратчӣ ва панҷ хизматгорзан ва дигар муассисаҳо тадриҷан бунёд ёфтанд.

Дар қатори дигар муассисаҳо номбар шудани хонақоҳ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ин муассиса аз аввал дар назди мазору парастишгоҳҳо сохта мешудааст. Пажуҳишҳои баъдина низ ин ақидаро тақвият медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар маҳалҳои кўҳистони Тоҷикистон, ба вижа болооби Зарафшон дар назди аксариати қабристонҳо хонақоҳҳо вуҷуд доранд ва ҳарчанд онҳо имрўз мавриди истифода қарор надошта бошанд ҳам, биноҳои баъзе аз онҳо то кунун маҳфуз мондаанд.

Академик В. В. Бартолд ҳарчанд доир ба вазифаи хонақо ва бошандагони он маълумоти пурра надода бошад ҳам, ҳангоми тасвири хонақои Туманоғо сари ин масъала андеша ронда, ба фикри А.И. Веселовский ва В.Л. Вяткин оид ба он, ки хонақо дар ин давра аллакай аз ҷиҳати моҳият вазифаҳои аввалаи худро гум кардааст, мухолиф мебарояд. В.Л.Вяткин менависад, ки дар ибтидо хонақо ҳамчун дайр истифода мешуд ва дар аҳди Темуру темуриён он барои намозгузорӣ табдил ёфта буд. В. Бартолд ин андешаро ба куллӣ рад намуда, менависад, ки дар асри XV низ хонақо чун пештара паноҳгоҳи суфиён (дарвешон) буд.

В. В. Бартолд дар хонақо дафн намудани созандагони он, шайхон ва уламои машҳурро рад накардааст. Ў ба маълумоти В. Л. Вяткин такя намуда, қайд мекунад, ки мазори Хоҷа Абдударуна дар наздикии Самарқанд, мазори Нуриддини Босира (қутби чаҳордаҳум) ҳама дар аввал хонақо буданд. Донишманди фақид дар рисолаи «Туркистон дар давраи ҳуҷуми муғулҳо» қайд менамояд, ки на танҳо дар хонақо, баъзан ҳатто шайхон ва бунёдгузорони мадрасаҳоро низ дар мадориси сохтаи эшон дафн менамуданд. Аз ҷумла, Арслонхони қарахониро, ки дар Балх фавтида буд ба Марв бурда, дар мадрасаи сохтааш дафн карданд.

Хонақо аз аввал то охир макони зоҳидони исломӣ, шайхҳои калон, сардорони маъруфи мусулмонӣ маҳсуб меёфт. Дар ин муассиса суҳбатҳои илмӣ, баҳсу ривоятҳо аз таърихи равияҳо, мақсад ва мароми онҳо, тарҷумаи ҳоли шайхону сўфиёни калон ба миён меомад. Умуман, хонақо ҳамчун муассисаи динӣ, фарҳангӣ, ба сифати макон ва бошишгоҳи дарвешон хизмат менамуд ва дар тарғибу паҳншавии аҳкоми дини ислом, мақоми калон дошт. Пажуҳишгари ҷараёни сўфия Ҷ. С. Трилингем менависад, ки «Хонақо, ки дар он таълим дода намешуд, бошишгоҳи шакли форсӣ буда, ба шаҳрҳои олами араб оварда шуд ва сардори он аз тарафи ҳокимон таъйин мегардид».

Академик В.В. Бартолд оид ба муассисаи дигари динию фарҳангӣ – корвонсаройҳо низ маълумоти муҳим додааст. Зикр бояд кард, ки корвонсарой бо номҳои хон ва работ низ оварда мешавад. В. В. Бартолд дар мақолаи «Оид ба таърихи обёрии Туркистон» менависад, ки калимаи рабадро бо калимаи работ омехта намудан мумкин нест. Академик доир ба работ маълумот дода, қайд менамояд, ки ҳарчанд дар аввал работҳо иншооти мудофиавӣ буданд ва дар марзҳо бунёд мешуданд, тадриҷан вазифаи мудофиавии худро аз даст медиҳанд ва дар Осиёи Миёнаю Эрон ба макони зисти ғозиёну қориҳо табдил меёбанд. Вале работҳое низ буданд, ки аз аввал бо мақсади иҷрои ягон маросими динӣ ва ё таҳсил бунёд мешуданд. Барои тақвият В.В. Бартолд таъкид менамояд, ки ҳанўз дар асри VIII олими машҳури марвазӣ Абдуллоҳ бини Муборак, ки дар фанни ҳадис ва фиқҳ уламои давр буд, дар Марв барои ҳарду шохаи улуми исломӣ работи алоҳида бунёд намудааст. В. Бартолд гурўҳи сеюми работҳоро низ ҷудо менамояд, ки онҳо асосан ба расму оини томусулмонӣ пайваст мебошанд ва номгўи бисёри онҳо ҳатто дар Қуръон оварда шудаанд.

Яке аз шаҳрҳои калонтарини онвақта, ки работи зиёд дошт, шаҳри Исфиҷоб буд. Дар ин шаҳр аз рўи маълумотҳои Мақдисӣ қариб 1700 работ (корвонсарой) мавҷуд буд. Бештари работҳо ба номи шаҳрвандони шаҳрҳои калон ба монанди работи нахшабиён, самарқандиҳо, бухороиҳо номгузорӣ мешуданд. Ин тарзи номгузорӣ ба работҳо то солҳои наздик, масалан дар Самарқанд истифода мешуд.

Корвонсаройҳо (работҳо) ғайр аз марзи давлатҳо ва шаҳрҳои калон дар роҳҳои корвонгузар ва тиҷоратӣ низ сохта мешуданд. В. Бартолд дар яке аз маърўзаҳои хеш, ки ба тасвири роҳҳои корвонгузари байни Бистом ва Урганҷ бахшида шудааст, қайд менамояд, ки дар охири ҳар як фосилаи роҳи тиҷоратӣ работкорвонсаройҳо мавҷуд буданд. Ба масаъалаи роҳҳои тиҷоратӣ ва корвонсаройҳо академик В. Бартолд дар асари бунёдии хеш «Туркистон дар давраи ҳуҷуми муғулҳо» низ бештар диққат додааст. Дар тақриз ба китоби «Қарорҳои ҷаласа ва гузоришҳои аъзоёни Маҳфили туркистонии дўстдорони бостоншиносӣ», ки соли 1910 нашр шуда буд, маърўзаи А.Д. Қалмиковро оид ба сохтмони муассисаҳои динӣ, ба вижа масҷид, мадраса ва мақбара мавриди омўзиш қарор дода, андешаи муаллифро оид ба он ки то давраи Темурланг дар мулкҳои паси Амударё хишти пухтаро истифода намекарданд, муқобил мебарояд. Барои исботи фикрҳои хеш далелу сарчашмаҳои зиёдеро пеш оварда, қайд менамояд, ки дар вилояти Бухоро ҳанўз дар асри XI аз хишти пухта иморати боҳашамати Работи Малик сохта шуда буд. Ҳарчанд баъдан академик А. А. Семёнов мушаххас намуд, ки маълумоти сарчашмаҳо оид ба ин сохтмони боҳашамат ба Работи Малик алоқае надоранд.

Сохтмони муассисаҳои диннӣ, ба вижа хонақоҳ ва работ (корвонсарой) аз вазъи сиёсии ҷомеа, пойдорӣ ва мустаҳкамии ҳокимияти хонадонҳои ҳукмрон, муносибати эшон ба илму фарҳанг вобастагии зиёд дорад. Барои ҳамин шумораи чунин муассисаҳо дар давраи давлатдории Сомониён ниҳоят зиёд буд, зеро муддати қариб як аср Мовароуннаҳру Хуросон дар ҳолати оромии сиёсӣ буданд. Ҳамчунон хонадони Сомониён низ барои пешрафти илму фарҳанг корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз тарафи дигар хонадонҳои эронии ба сари қудрат омада, ба вижа Тоҳириёну Сомониён тавонистанд фарҳанг, расму русуми маҳаллиро аз нав эҳё намоянд. Ричард Фрай қайд менамояд, ки бо шарофати хонадони Сомониён «Ҷомеаи кўҳна мавҷудияти хешро идома медод, вале бо хилъати мусулмонӣ».

Академик В. Бартолд оид ба инкишофи минбаъдаи мактабу мадрасаҳо низ диққати махсус додааст. Олим то ҷое маъхазҳо имкон додаанд мадрасаҳои алоҳида, таърихи пайдоиш ва сохтмони онҳо, санъати меъмории биноҳои мадрасаҳоро мавриди омўзиш қарор додааст. Аз пажуҳиши олим бармеояд, ки фарҳанги волои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон дар тўли таърих борҳо аҷнабиёни омадаро тасхиру тобеъ намудааст. Барои субути андешаҳои худ ў шаҳри Балхро чун мисол оварда, менависад, ки баъди аз нав барқарор гаштани ин шаҳр ҳокими араб шаҳри арабии Боруконро нест намуда, ҳама аҳолии онро ба Балх овард. Ин яке аз ҳодисаҳои нодир дар таърихи ислом аст, ки ғосибон ба хотири эҳёи шаҳри тоисломии Балх шаҳри худро қурбон намуданд.

Хулоса, аз рўи таҳлилу таҳқиқи таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва динию мазҳабӣ, мулоҳизаву хулосаҳои илмии академик В.В. Бартолд то ба имрўз моҳияти илмии худро нигоҳ доштаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2