ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НИГОҲИ НАВ БА ТАҲҚИҚИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Замони Истиқлолият ва фазои озоду мусоиди он дар баробари дигар имкониятҳо ба пажуҳиши таърихи пурҳаводиси тоҷикон низ роҳи фароху муҳити созгорро баҳри рў овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва пайдо шудани назари боз ҳам жарфтар ба таъриху тамаддуни ориёӣ муҳайё намуд. Маҳз дар замони Истиқлолият манфиат ва ҳадафҳои миллӣ дар сиёсати давлат мақоми асосӣ ва меҳварӣ пайдо намуда, татбиқи он ба муҳимтарин равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ табдил ёфт.
Ба хотири ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллату кишвар, таҳким ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти комили давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати давлатдории худ таваҷҷуҳ ба сабақҳои таърих, оину суннатҳои волои давлатдорию фарҳангии аҷдодиро гузошта, арҷгузорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳамаҷонибаи ин хазинаи бузурги арзишмандро дар эъмор ва таҳкими давлатдории навини миллӣ пайваста ҳидоят менамоянд.
Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба таърихи пурғановати халқи тоҷик бе ҳикмат нест. Аввалан, дар давраи ниҳоят ҳассоси ибтидои замони истиқлолият, ки тақдири ҷумҳурии тозаистиқлол ва хатари пора-порашавии давлату миллати тоҷик ба миён омад, рў овардан ба гузаштаи миллат, оину суннатҳои арзишманди аҷдодӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ яке аз рукнҳои асосии наҷоти кишвару миллат буд. «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, таъкид менамоянд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад» ва инчунин, «миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор» мегардад.
Аз ин рў, бохабар будан аз таърихи гузаштаи худ, баҳра бардоштан аз сабақҳои таърих, арҷгузорӣ ба қаҳрамонон ва чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанги миллат яке аз омилҳои асосии таҳким ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Воқеан илми таърих дар миёни илмҳои ҷомеашиносӣ мақоми махсусеро соҳиб аст ва ё ба гуфтаи муҳаққиқон ҳеҷ қавме ё миллате бидуни бархурдорӣ аз таҷрибаи пешгузаштагони хеш, бе худҷўиҳои таърихиву миллӣ наметавонад ба ҳаёти маънавӣ, ки ҷавҳари ҳастии бани башар аст, оғоз ниҳад. Муаррихи шинохтаи шўравӣ Н.И. Конрад таъкид намуда буд, ки таърих, ҳамчун ҷамъи донишҳо доир ба замони гузашта, муҳимтарин шакли инъикоскунандаи хотираи инсоният аст. Пайдоиши таърих ҳамчун соҳаи хосаи дониш, маҳсули раванди қонунии ҷомеаи инсонист ва аз ибтидо яке аз вазифаҳои аслии он сабақи зиндагист. Ё ба гуфтаи Ибни Халдун «фанни таърихро равишест, ки ҳар кас бад-он даст наёбад ва онро судҳои фаровон ва ҳадафе шариф аст» ва ҷўяндаи он бояд «ҳаводиси ниҳонро бо вақоеи пайдо ва акнунро бо рафта бисанҷад».
Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои мустақил дар фазои пасошўравӣ илми таърих ва истифода аз таҷрибаи таърихӣ яке аз воситаҳои муҳимми ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ дар эъмори давлатҳои соҳибистиқлол гардид. Дар аксари давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон неруи бузурги созандаи таърих ва мактаби бузурги таҷрибаи таърихӣ ба мақсадҳои неку бунёдкунанда, таъмини ваҳдату ягонагӣ, ба роҳ мондани муносибату робитаҳои дўстонаву ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон ва соири кишварҳои ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт. Мутаассифона, давлатҳо, кишварҳо ва афроде низ буданд, ки барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва истеҳкоми ҳокимияти худ даст ба таълифи ғаразмандонаи саҳифаҳои таърих заданд. «Дар таърихи пурмоҷарои асри XX ва алалхусус даҳсолаи охири он, менависанд Пешвои миллат,ки на танҳо марзбандии кишварҳову ҳавзаҳои геополитикӣ оҳанги нав мегиранд, балки ҳудуди тамаддунҳои собиқаву ҷадид аз нав марзбандӣ мегарданд ва миллатҳои сағиру кабир доираи фарҳангу тамаддуни хешро аз ҳисоби ғасби тамаддунҳои бегона вусъат мебахшанд».
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам бархе аз «пажуҳишгарони нав» кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки нақши қавму халқи худро дар ташаккулу рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ҳар чӣ бештару муассиртар тасвир намоянд. Табиист, ки ин роҳ ва бо чунин усул навиштани таърих ва таҳрифи он дар амал маънии инкори арзишҳои таърихию фарҳангии ба даст овардаи дигар халқҳову сокинони минтақа мебошад. Ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки ба ин кор таърихшиносони касбӣ низ даст доранду ҳамзамон ба он шарикони берунии худро ҳам ҷалб менамоянд. Таърихсозию таърихбофӣ дар бархе ҳолатҳо ба мароми аслии баъзе аз мактабҳои таърихнигории минтақа табдил ёфтааст.
Мактаби таърихнигории тоҷик аз ибтидо бо сабк ва усули воқеънигории худ мақоми хоссаеро соҳиб буд ва имрўз низ ин манзалатро аз даст надодааст. Муҳаққиқон ва таҳилгарони шинохтаи беруна аз таҳрифу муболиға ва ҳангомасозӣ дур будани мактаби таърихшиносии тоҷикро пайваста таъкид менамоянд. «Мо, тоҷикон, менависанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ҳеҷ гуна ниёзе ба таҳрифи огоҳонаи таърих, таърихсозӣ, бузургтарошӣ ва падидаҳои дигари ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ надорем. Мо ончунон таърихи дурахшон дорем, ки ҳатто шинохти нисбии он муҷассамаи гўё ва возеҳи мо хоҳад буд».
Бо ба даст овардани Истиқлолият таваҷҷуҳ ба таърих, рўзгору пайкори наслҳои гузашта ва мероси бузурги аҷдодӣ вусъати нав ва тоза пайдо намуд, ки он аз ҷунбишу кўшишҳои маърифатхоҳонаи таърихогаҳии нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта маншаъ мегирифт. Маҳз дар ҳамин давра бо истифода аз таҳаввулот дар ҷомеаи шўравӣ на танҳо назари нав ба таъриху тамаддуни гузаштаи халқи тоҷик шакл гирифт, балки доираи таърихогаҳии ҷомеаи кишвар ниҳоят васеъ гардид, ҳаракати эҳёи оину суннатҳои фарҳангӣ, таҷлили санаҳои таърихӣ, бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанг тадриҷан равиши нав пайдо намуд. Истиқлолият ба ин равиши тоза хилъати комилан миллӣ пўшонид, муносибат ба таҳқиқу омўзиш ва таълиму тадриси таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ба куллитағйир ёфт.
Дар замони шўравӣ таърихи халқи тоҷик ҳамчун як ҷузъи таркибии таърихи ягонаи Иттиҳоди Шўравӣ шинохта мешуд ва таҳқиқу омўзиши он низ дар ҳамин чаҳорчўба амалӣ мегашт. Ҳатто таърихӣ замони пошўравии тоҷикон дар робита бо таърихи дигар халқҳои ин мамлакати паҳновар ва ҳудуди ҷуғрофии он таҳқиқу баррасӣ мегардид. Дар муассисаҳои таълимӣ то миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта, яъне замони бозсозӣ таърихи халқи тоҷик ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ мавриди омўзиш қарор надошт. Гарчанде таърихи мардуми бумии минтақатоҷикон хеле барвақт таваҷҷуҳи олимону ховаршиносони марказҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб карда, таҳқиқоти илмӣ ва омўзиши паҳлуҳои гуногуни он аз охирҳои асриXIX ва ибтидои асри XX низоми мунтазам ва пайвастаро соҳиб шуд; тоҷикшиносӣ ба як самти мустақили илмҳои таъриху мардумшиносӣ мубаддал гардида, асарҳо ва таҳқиқотҳои зиёди бунёдӣ, рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-омавии таърихию этнографӣ ва бостоншиносӣ ба чоп расида буданд. Вале ин таҳқиқотҳо ва натоиҷи дар ин самт ба даст омада танҳо дастраси мутахассисони соҳа, муҳаққиқони касбӣ ва теъдоди ниҳоят ками хонандагон мегардид. Ба замми он, ҳангоми муаррифии таъриху фарҳанги гузашта, на ҳамеша соҳибони он меросдорони асосӣ, яъне тоҷикон номбар мешуданд. Бештар вақт он моли тамоми минтақа дониста мешуд, аз мансубияти этникии олимону мутафаккирон, яъне, марбут ба тоҷикон будани онҳо, нақши тоҷикон дар ташаккулу рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ, сокинони бумии ин минтақа маҳсуб ёфтани онҳо бештар канораҷўӣ карда мешуд. Доир ба муаррифии чеҳраҳои шинохтаи илму адаб бештар мафҳуму ибораҳои сохтае амсоли «мутафаккири барҷастаи осиёимиёнагӣ», «олими асримиёнагӣ», «олими Шарқ» ва амсоли инҳо истифода шуда, аз баёни ҳақиқат ва нишон додани мансубияти қавмию этникӣ канора меҷустанд.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба миён омадани воқеияти нави сиёсию иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар шуур ва худшиносии ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён овард. Назари аҳли ҷомеаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ба ҷаҳон, кишвар, миллат ва таъриху фарҳанги он куллан тағйир ёфт. Акнун таърихи халқу кишвар ҳамчун қисми таркибии таърихи башар, минтақа ва тамаддуни мардуми ориёитабор мавриди омўзишу баррасӣ қарор гирифт. Яъне таърихи халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи ҷаҳонӣ ва таърихи инсоният пазируфта шуд, нақши муттаҳидкунандаю созандаи он дар ҷомеа пайгирона истифода мешуд. Таърих ҳамчун як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рў овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат гардид.
Зикр бояд кард, ки таърих ҳамеша дар давраҳои гузариши ҷомеа аз як зина ба зинаи дигар мақому манзалати хосса пайдо менамояд, зеро созандагони ҷомеаи нав ҳамеша кўшиш менамоянд, ки тимсоли воқеаю падидаҳои ба вуқуъ омада ва роҳи ҳалли мушкилоти мавҷударо аз гузашта ҷустуҷў намоянд. Дар ин ҳолат таърих ва ҳаводиси таърихӣ, корномаву пайкори чеҳраҳои мондагор, зиндагиву таҷрибаи нухбагону қаҳрамонон ҳамчун сарчашмаи муҳимми ифтихор ва намунаи ибрат ба хотири созандагию бунёдкорӣ ва рушди ҷомеаи нав истифода мегардад. Чунин таҷриба дар таърихи миллату халқҳои гуногун, бахусус дар ҳолатҳои мураккабу ҳассос, дар айёми таҳдид ва хатарҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ҳуҷуму лашкаркашиҳои бегонагон борҳо истифода шудааст.
Истиқлолият дар баробари ин ба гузориши масъалаҳои муҳимми илмии таърихӣ, метод ва методологияи таҳқиқоти таърихӣ, мақсад ва ҳадафи ниҳоии пажуҳишҳо низ дигаргунии ҷиддӣ ворид намуд. Пеш аз ҳама пошхўрии чаҳорчўбаи қавии идеологӣ, ки рушди илми таърихро ба ҳадафҳои асосии ҷомеаи шўравӣ комилан мутобиқ сохта, дар доираи методологияи ягонаю ҳатмӣ иҷрои вазифаҳои мушаххасу муайянро талаб мекард, боиси таҷдиди назар ва истифодаи усулу равишҳои гуногун дар таҳқиқи масоили таърихӣ гардид. Табиист, ки раванди гузариш аз методологияи солҳои тўлонӣ ҳукмрон ва дарёфти методологияи нави илмӣ, консепсияи илмии таҳқиқи таърих дар муддати кўтоҳ ба вуқуъ намеояд. Аз ин рў, дар ибтидо роҳҳо ва усулҳои гуногуни омўзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик вусъат пайдо намуд, назарияҳои гуногун ва мухолифи ҳам, пеш аз ҳама пурра инкор намудани дастоварду натиҷаҳои баъзе марҳалаҳои таърихӣ, ё ба таври маснўи мувофиқ сохтани таърихи халқи тоҷик ба консепсияю мавқеи мактабҳои комилан бегона роҳ ёфтанд. Ба таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик афроде даст ёфтанд, ки таҳкурсии қавии илмӣ ва ё асосҳои назариявии касбиро соҳиб набуданд, таъриху матолиби таърихиро бештар ба мақсадҳои ғайриилмӣ истифода мекарданд. Ҳарчанд теъдоди бештари муҳаққиқони касбӣ аз мавқеи ҳамон консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ки бунёди онро академик Б.Ғ. Ғафуров гузошта буд, пажуҳишро идома медоданд.
Консепсияи илмии таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик ҳанўз дар замони шўравӣ аз ҷониби академик Б. Ғафуров тавассути таҳқиқотҳои бунёдӣ ва асарҳои мондагор, ба вижа «Тоҷикон» пешниҳод гардида буд, ки ба таҳкиму вусъати он олимони алоҳидаи ватаниию хориҷӣ бо пажуҳишҳои ҷудогона нақши муассир гузоштанд. Аммо ин консепсияи илмӣ дар замони Истиқлолият пеш аз ҳама дар асарҳо, мақолаҳо ва баромадҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам мукаммалтару мустаҳкамтар гардида, хилъати миллӣ ба бар кард ва мафкураи ифтихор аз таъриху фарҳанг, неруи созандагию офарандагии гузаштагон, ва тоҷик буданро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он пойдор гардонид. Махсусан, рисолаҳои пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (Иборат аз чор китоб. Душанбе, 2009), «Фарҳанг ҳастии миллат» (Душанбе, 2001), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (Иборат аз 12 ҷилд. Душанбе, 2002-2009), «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун» (Душанбе, 2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ: андешаҳо дар остонаи ҷашни Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» (Душанбе, 2006-2007), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо» (Душанбе, 2006, Лондон, 2019), «Забони миллат-ҳастии миллат» дар ду китоб (Душанбе, 2015, 2018), «Чеҳраҳои мондагор» (Душанбе, 2016) дар ташаккули консепсияи нави пажуҳишу омўзиши таърихи халқи тоҷик нақши бориз гузоштанд. Ин асарҳо, ки аз зарурати таърихогаҳӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ маншаъ гирифтаанд, баробари пажуҳиши ҷиддии илмӣ будан, чун дастуру роҳнамои барномавии фаъолият барои муҳаққиқони ҷумҳурӣ хидмат менамоянд.
Пешвои миллат зарурати таҳқиқу омўзиши воқеии таърихро бидуни ҳамагуна таҳрифу муболиға ва муаррифии ҳамаҷонибаи онро барои сокинони ҷумҳурӣ ва ҷаҳониён пеш мегузоранд. Баробари он, дар асарҳои мазкур таҳқиқу баррасии масоили мубрам ва умдаи таърихи халқи тоҷик ба вежа таърихи тамаддуни қадими ниёгон, масъалаи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ, ташаккул ва рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, талошу муборизаҳои истиқлолхоҳии ниёгон, нақши Шоҳроҳи абрешим дар пайвасти гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон ба мисли Дафинаи Амударё, Авасто ҳамчун нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт-паёмбари оини ростин, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон-Бохтару Суғд, этногенез ва равандҳои этникӣ, нақши хонадонҳои ҳукмрон ва давлатҳои аҷдодӣ дар таърихи миллат ва амсоли онҳо ҳамчун самтҳои асосии пажуҳиш дар илми таърихшиносии миллӣ муайян шуданд.
Вобаста ба гузориши самтҳои муҳим ва нигоҳи нави пажўҳиш ба таърихи миллат, ки такя ба ҳадафҳои миллии замони Истиқлолият доранд, таҳқиқу омўзиши баъзе масоили таърихӣ ба мадди аввал баромада, гузориши бархе аз онҳо вусъати тоза пайдо намуданд. Пеш аз ҳама таҳаввулоти ҷиддӣ дар раванди таҳқиқу омўзиши шинохти миллат, таърихи ташаккул ва марҳалаҳои асосии рушди он, этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик, оин ва суннатҳои чандинҳазорсолаи давлатдории аҷдодӣ, таъриху тамаддуни ориёӣ, шинохти комилан нави таъриху фарҳанги давлатдории Сомониён ва дигар хонадонҳои тоҷиктабор, умуман нигоҳи нав ба фарҳанги гузашта ва мақому нақши тоҷикон ҳамчун сокинони бумии минтақа дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасанд.
Пешгузории чунин масъалаҳои муҳим ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки раванди таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик ба рушди таърихшиносии миллӣ, ба вижа сифати пажуҳиш, фарогирии мавзуъҳо ва марҳалаҳои таърихӣ нақши муфиду созанда гузошт. Муваффақтарин қадам дар ин самт вусъати таваҷҷуҳи ҷомеа, аз кўчактарин то бузургтарин сокини ҷумҳурӣ ба таъриху гузаштаи пурифтихори халқу миллат, таҳқиқу омўзиши таърих аз тарафи марказҳои калони илмии ватанию хориҷӣ ва олимони алоҳида маҳсуб меёбанд.
Дар ин замина метавон номгўи зиёди таълифоту таҳқиқоти бунёдӣ ва чеҳраҳои дар ин самт муваффақро номбар намуд. Яке аз дастовардҳои илми таърихшиносии миллӣ ва нигоҳи нав ба таърихи халқи тоҷик ин нашри асари бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» маҳсуб меёбад. Асари мазкур бо кўшиш ва сайъи олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давоми солҳои 1998-2013 ба нашр расид. Рушди илми таърихшиносӣ, ба миён омадани таҳқиқоту таълифоти зиёд доир ба таърихи ҳалқи тоҷик, махсусан кашфиётҳои ниҳоят ҷолиби бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, инчунин дастраси муҳаққиқон гардидани манобеи фаровони дасти аввал, маъхазҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ тақозои чопи чунин асари ҷамъбастиро ба миён овард. Чопи ин таҳқиқоти бунёдӣ, ки бо истифода аз навтарин натиҷаҳои илми тоҷикшиносии ватанию хориҷӣ таълиф ёфтааст, яке аз муваффақиятҳо ва дастоварди мактаби таърихшиносии миллии тоҷик маҳсуб меёбад. Таърихи ҷомеъи халқи тоҷик бори аввал дар заминаи даврабандии нав ва дар меҳвари пажуҳиш гузоштани таърихи тоҷикон таълиф шудааст.
Ҳамчунин дар замони Истиқлолият даҳҳо монография, садҳо таҳқиқоту мақолоти илмӣ доир ба самтҳои мухталифи таъриху фарҳанг, археологияю этнология ва дигар шохаҳои таърихи халқи тоҷик ба чоп расиданд. Намунаи чашмраси он нашри таҳқиқоти бунёдии «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» (ба ду забон тоҷикӣ ва русӣ) мебошад. Бори аввал этногенез ва раванди этникии ташаккули халқи тоҷик дар маҷмуъ мавриди таҳқиқи алоҳида ва мукаммал қарор гирифт. Дар баробари он самти наве, ки дар илми таърихшиносии ҷумҳурӣ рушд кард, ин рў овардани муҳаққиқон ба таърихи минтақава маҳалҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ, яъне рушди кишваршиносӣ, таҳия ва чопи донишномаву асарҳои зиёди тарғиботии таърихӣ мебошад. Ҳарчанд ҳамаи ин китобҳо хусусияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва бунёдиро соҳиб нестанд, вале мусаллам аст, ки онҳо дар роҳи тарғибу муаррифии таърихи кишвар ва миллат нақши муассирро соҳибанд.
Падидаи нав, ки дар замони Истиқлолият вусъати комил пайдо намуд, ин таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихӣ мебошанд. Дар ин раванд метавон аз ҷашнҳои пуршукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ҳар яке бо як шукўҳу шаҳомати хосса доир гашт, дар худшиносии милливу таърихии ҷомеаи кишвар нақши мондагору муассире гузоштанд. Ба ифтихори таҷлили ин ҷашнҳову санаҳои таърихӣ баробари корҳои ободиву созандагӣ, марказҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, рисолаву асарҳои зиёди илмӣ, албому мусаввараҳои гуногун, мақолот ва филмномаҳо, барномаву гузоришҳои телевизионӣ, радио ва интернетӣ ба тасвиб расиданд. Ба сифати намуна метавон аз «Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониён», кидар назди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфта, чопи як силсила асарҳову донишномаҳо амсоли «Тоҷнома – Силсилаи Тоҷикон дар массири тамаддун»-и назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо таҳия, бозгардонӣ ва чопи маъхазҳои муътамади хаттӣ дар ин самт шарафёб шудаанд, ёдовар шуд.
Новобаста аз дастовардҳои назарраси таърихшиносии миллӣ ва ҷаҳонӣ дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ҳоло ҳам теъдоди мавзуъ ва масоили ниёз ба таҳқиқу омўзиш дошта хеле зиёд аст. Имрўз зарур аст, ки ба таҳқиқу омўзиши ҳамаҷонибаи таърихи миллату кишвар боз бештар талош намуда, холигиҳо ва саҳифаҳои норавшани таърихи миллат, оини давлатдорӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон мавриди пажўҳиши ҳаматарафа қарор гирад ва таҳқиқи нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон боз ҳам вусъат пайдо намояд.Омўзиши ҳавзаҳои фарҳангии тоҷикони берун аз минтақа, гирдоварӣ ва табъу нашри манобеи фаровони таърихӣ амсоли осори хаттии гузаштагон, маъхазҳои хаттии чинӣ, арманӣ, тибеттӣ, арабӣ, манобеи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, таъсири фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба дигар сокинони минтақа ба шакли густурда ба роҳ монда шаванд.
Таҳқиқ ва инъикоси таърихи замони Истиқлолият, муаррифии дастовардҳои беназир дар кўтоҳтарин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, ҳадафҳои миллӣ ва стратегии ҷумҳурии мустақил ва роҳу воситаи татбиқи он, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, яке аз вазифаҳои муҳимми дигари таърихшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Хулоса, мақоми меҳварӣ пайдо намудани таърих ҳамчун мактаби бузурги сабақомўзӣ ва сарчашмаи ифтихору илҳом дар роҳи худшиносӣ, воқеан яке аз омилҳои ҳалкунанда барои таҳқиқу омўзиши пурвусъати таърихи халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ гардид. Таҳлили дастовардҳои илми таърихшиносии тоҷик дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ, чопи пажуҳишҳо ва рисолаҳои бунёдӣ, ба дасти хонанда расидани осори фаровони хаттии гузашта, таҳқиқ ва чопи манобеи гуногун, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, омўзиши вусъатноки ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба корномаю хидматҳои чеҳраҳои мондагори таърихи миллат шаҳодати онанд, ки илми таърихшиносии ватанӣ дар марҳалаи комилан нави рушди худ қарор дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё