Зеҳн

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ОМЎЗИШ ВА ЭҲЁИ ТАЪРИХИ БОСТОНИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 26 дақиқа хондан

Фазои озоди замони Истиқлолият ба пажуҳиши таърихи пурошўбу пурҳаводиси тоҷикон роҳи фароху муҳити созгорро баҳри рў овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва пайдо шудани назари жарф ба таъриху тамаддуни тоҷикон муҳайё намуд. Роҳнамо ва эҳёгари мафкураи миллӣ дар омўзиши масоили мазкур пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд. Маҳз тавассути фарҳанги давлатдории Сарвари давлат пас аз Сомониён дар таърихи миллати тоҷик баъди чандин аср манофеъ ва аҳдофи миллӣ дар сиёсати давлат мақоми калидӣ ва меҳварӣ пайдо намуда, дарунмояи он ба муҳимтарин равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ табдил ёфт.

Таваҷҷуҳ ва руҷўи Пешвои миллат ба таърих аз ибтидои ба симмати Сарвари ҷумҳурии соҳибистиқлол интихоб шуданашон бе ҳикмат набуд. Аввалан, дар давраи ниҳоят ҳассоси солҳои 90-уми асри гузашта, ки қисмат ва тақдири ҷумҳурии тозаистиқлол ва масъалаи пора-порашавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, рў овардан ба гузаштаи миллат, оину суннатҳои арзишманди аҷдодӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ метавонист наҷотбахши кишвару миллат гардад. Зеро ба андешаи Пешвои миллат: «Ашхоси аз решаву насаби хеш канда, одатан, аз хотираи таърихӣ, гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳангии миллати худ бенасиб монда, чун махлуқи худпараст, бемасъулият ва бегонапарвар ба камол мерасанд ва гирифтори тафаккури ғуломона мегарданд». Баъдан, таърихи ҷомеаи инсонӣ гувоҳ аст, ки танҳо «худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад» ва ҳамзамон, «миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллиашро поснамедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор» мегардад. «Воқеан, таъкид менамоянд Пешвои муаззами миллат,мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои айнию зеҳнӣ боз як омўзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд», зеро «таърих роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешорўйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд».

Пешвои муаззами миллат тавассути чунин ҳикмату фалсафаи таърих дар паёму суханрониҳо, дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, арҷгузорӣ ба хидмату корномаҳои нухбагони таъриху фарҳанг, илму адаб, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ, мақолаву асарҳои пурарзиш назари салим ва ҳакимонаи худро ба масоили гуногуни сабақомўзи таърих иброз намуда, дар таҳқиқи саҳифаҳои рангини таърихи халқи тоҷик нақши арзандаву мондагор мегузоранд.

Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллатро беш аз ҳама, масоили таърихи куҳан ва тамаддуни бостонии тоҷикон ва нақши онҳо дар рушди фарҳанги башарӣ ба худ кашидааст. Асарҳои пурарзиши Пешвои муаззами миллат, ки ба таҳлилу баррасии таърихи рангини миллат ва пайвастагии зичи он ба имрўзу фардои кишвару миллат бахшида шудаанд, нақши мондагору муассир доранд.

Пешвои миллат дар шоҳасари «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ва китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо» пеш аз ҳама ба таърихи қадимтарин ва аҳди бостон таваҷҷуҳ намуда, аз сабақҳои таърих, ба вижа аз нақши Шоҳроҳи абрешим чун пул дар гузаштаву имрўза ва оянда, бозёфтҳо ва хазинаву дафинаҳои арзишманди аҳди бостон, марказҳои аввалин ва гаҳвораи давлатдории тоҷикон Суғду Бохтар ва дигар арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ки аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб меёбанд, ёдовар шуда, мулоҳизаву андешаҳои судманд баён кардаанд.

Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» масъалаҳое мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар яке чун мўъҷизоти муҳими таърихи башар эътироф шуда, аз нақши мукаммалу фарҳангофарии ниёгон дар паҳнои таърих шаҳодат медиҳанд. Ин арзишҳои суннатӣ имрўз низ асолати адолатхоҳӣ ва пайвандгарии наслҳоро идома медиҳанд. Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла, Роҳи бузурги абрешимро чун пайвандгари гузаштаву имрўз ва фардо нишон дода, Авасторо нахустин қомусномаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки «Зардушт бори нахуст дар таърихи башарият арзишҳои ахлоқиро дар либоси дин ба ҷилва оварда, «рафтори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»-ро сарманшаъи зиндагӣ ва оини ҳамешагии пайравони хеш қарор додааст».

Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро масъалаҳои густариши давлатдорӣ ва тамаддуни ориёӣ, рушди фарҳанги давлатдории тоҷикон дар замони Ҳахоманишиён, талошу истиқлолхоҳии ниёгони тоҷикон-бохтариҳову суғдиҳо алайҳи аҷнабиёни юнониву мақдунӣ, омезиши фарҳанги баландпояи ориёӣ бо фарҳанги юнонӣ ва нақши онҳо дар тамаддуни эллинӣ, ташаккул ва болоравии давлати юнониасоси Бохтар бештар ба худ ҷалб намудаанд. Андеша ва мулоҳизаҳои Пешвои миллат дар заминаи асноди арзишманди таърихӣ, баррасии пажуҳишҳои олимони ватаниву хориҷӣ ба миён омадааст. Чоп шудани ин асари бунёдии Сарвари давлат, ки зарурати таърихӣ ва таърихнигории замони истиқлолияти давлатӣ онро тақозо дорад, дар таърихшиносии миллӣ, ҳамзамон дар омўзишу баррасии таъриху тамаддуни ориёӣ чун дастоварди бузург арзёбӣ мешавад. Аз тарафи дигар таҳқиқоти мазкур баробари пажуҳиши ҷиддии илмӣ будан чун дастуру роҳнамо ва барномаи фаъолияти олимону муаррихон ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии таърихии ҷумҳурӣ хизмат хоҳад кард.

Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки бо ҳидояту ташаббуси пайгиронаи Пешвои муаззами миллат баргузор мегарданд, гувоҳи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба гузаштаву имрўзаи миллат маҳсуб меёбад. Дар ин раванд метавон аз ҷашнҳои пуршукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 2500солагии Истаравшан, 2700-солагии Кўлоб, 3000-солагии Ҳисор, ки ҳар яке бо як шукўҳи хосса доир гашта, дар худшиносии милливу таърихии ҷомеаи кишвар нақши муассире гузоштанд, ёдовар шуд. Таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ба рўйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дар солҳои 2020-2021 шомил шудааст, сентябри соли 2020 баргузор гардид, ки боз як ташаббуси дигари Пешвои миллат дар роҳи таҳкими худшиносии таърихии ҷомеаи имрўза мебошад.

Эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихии халқи тоҷик дар фаъолият ва сиёсати хирадмандонаю ватанпарваронаи Пешвои миллат нақш ва ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст. Пешвои миллат бо садоқат ва арҷгузорӣ изҳор менамоянд, ки «сарзамини аҷдодии тоҷиконро метавон осорхонаи ҷовидонаи таърих номид. Ва ин осорхона бароямон аз афтидану хестанҳо, сўхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва чун мурғи самандар аз хоку хокистар эҳё шудану бори қисмат ба дўш кашидани миллати ҷонсахту сарбаланди тоҷик қиссаҳо мегўяд». Зеро Пешвои миллат аз саҳифаҳои куҳани диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро ҷуста, шефтаи ҳунари волои шаҳрсозию ҳунармандӣ ва ақлу заковати офарандагии ниёгон гардида, бо назари ҳакимона ва муҳаббату садоқат ба миллату таърихи куҳани он ҷомеаи кишварро пайгирона ба ҳифзу нигаҳдошт ва таҳқиқу омўзиши ёдгориҳои нодири бостонии аҷдодӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳқиқу омўзиши ёдгориҳои нодири таърихии ҳудуди кишвар, ки беш аз се ҳазор ададро ташкил медиҳанд, вусъати тоза пайдо намуда, барномаҳои давлатии гуногунмуҳлати ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таҳия ва қабул гардиданд. Дар доираи ин барномаҳо лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди осори нодири аҳди бостони кишвар, таҳқиқу омўзиши комили онҳо аз диди бостоншиносӣ ва аз назари асолату моҳияти фарҳангиву маънавӣ барои ҷомеаи имрўзаи кишвар ба роҳ монда шудааст.

Маҳз дар доираи чунин барномаҳо омўзиш ва лоиҳаҳои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои Муъминобод, Муғтеппа, Санҷаршоҳ, Вомар, қалъаҳои Хуҷанд, Ҳулбук, Кўлоб, Шаҳритус, Исфара, дайри буддоии Аҷинатеппа, Тахти Сангин, Саразми бостонӣ, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгориҳои Кангурт, Золи Зар, Фархор, Роштқалъа, Мурғоб ва амсоли онҳо дар замони Истиқлолият ба роҳ монда шуданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ омўзиш ва таҳқиқи бостоншиносии қаламрави кишвар вусъати тоза пайдо намуд ва теъдоди экспедитсияҳои археологӣ бо ҷалби мутахассисони шинохтаи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба маротиб афзуд. Дар ин самт фаъолияти бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро махсус таъкид кард, ки шумораи ковишҳо ва ҳафриётҳои бостонӣ сол ба сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ густариш ёфта, саҳифаҳои нави таърихи рангини ниёконро ошкор ва дастраси ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон мегардонанд. Танҳо дар давоми соли 2019 аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш 22 экспедитсияи археологӣ ташкил шуд, ки аз ин 12 экспедитсияи муштараки сатҳи байналмилалӣ буд. Бостоншиносони Академияи илмҳо дар мавзеъҳои Кангурттут, Фархор, Хонақоҳ, Кўлдара, Ҳулбук, Саразми бостонӣ, Панҷакенти кўҳна, Ҳисорак, Карон, Санҷаршоҳ, ёдгориҳои ҳудуди ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Шаҳринав, Ҳисор, Турсунзода, Данғара, Ҷалолуддини Балхӣ ва мавзеъҳои дигар корҳои илмӣтаҳқиқотӣ бурданд. Дар омўзиши таърихи қадим ва бостоншиносии ҳудуди ҷумҳурӣ ҳамкорони хориҷӣ, ба вижа бостоншиносон аз Федератсияи Руссия, Олмон, Фаронса, Португалия, Дания ва кишварҳои дигар баробари муҳаққиқони ҷумҳурӣ нақши муассир доранд. Минбаъд низ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доираи омўзиши археологии ҳудуди кишварро бо ҷалби мутахассисон вусъат дода, барои пурра фаро гирифтани раванди омўзиши ёдгориҳои бостонии кишвар фаъолият хоҳанд намуд.

Пешвои муаззами миллат на танҳо тавассути асарҳо ва суханрониҳои худ оид ба ҳифз ва эҳёи таърихи бостонии миллати тамаддунофари тоҷикро ҳидоят менамоянд, балки ҳангоми сафарҳои корӣ, баробари ба даст омадани имконияти аввалин аз рафти таҳқиқу омўзиш ва нигаҳдошти ёдгориҳои таърихии кишвар огаҳӣ пайдо намуда, барои ҳифзу барқарорсозӣ ва дастраси сайёҳони ватанию хориҷӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешанд. Маҳз бо мақсади арҷгузорӣ ва ҳимоя аз мероси ғании фарҳангии ниёкон Пешвои миллат аз ёдгориҳои нодир ва бостонии шаҳри Саразм, Ҳулбук, Мунк, Қалъаи Хуҷанд, ёдгориҳои Қубодиён, бахусус Тахти Сангин, осори давраи қадим ва асри миёнаи Ховалингу Тавилдара, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Ҳисор, Дарвоз, Истаравшан, Спитамен, Балҷувон, Исфара ва дигар мавзеъҳо дидан намуда, баҳри эҳё ва тармиму барқарорсозии онҳо саҳми худро гузоштаанд. Чунончи, моҳи августи соли 2003 ва сентябри соли 2005 ду маротиба аз ёдгории нодири давраи энеолит ва аҳди биринҷии Саразми бостонии шаҳри Панҷакент дидан намуданд. Моҳи сентябри соли 2005 ҳангоми сафари навбатии кории худ ба шаҳри Панҷакент бо корҳои ҳафриётӣ ва пажуҳишии бостоншиносон дар мавзеи Саразм ошно шуда, ин ёдгории нодирро ҳамчун зиёратгоҳ ва яке аз хатсайрҳои асосӣ барои меҳмонони Форуми ҷаҳонии тоҷикон интихоб карданд. Дар ин замина Пешвои миллат назди масъулони соҳа ва бостоншиносон вазифа гузоштанд, ки ҳафриётҳои Саразм рўпўш карда шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шомил сохтани ин ёдгорӣ ба Феҳристи фарҳанги моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО омода карда шавад. Бо ин иқдоми мондагори Пешвои муаззами миллат дар роҳи эҳё, таҷдиду тармим ва абадӣ гардонидани намунаҳои мероси маънавии ниёкон дар давоми солҳои 2003-2005 панҷ ҳафриёти Саразм рўпўш карда шуда, ҳудуди он бо панҷарадевори мустаҳкам зери ҳифозат гирифта шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 Саразми бостонӣ мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.

Моҳи апрели 2007 Пешвои миллат ҳангоми сафари кории худ ба ноҳияи Қубодиён аз мавзеии таърихии Тахти Сангин дидан намуданд. Ин мавзеи таърихӣ дар наздикии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир буда, яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб меёбад. Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудааст. Ин мавзеи таърихӣ солҳои тўлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шўравӣ ва хориҷӣ омўхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофи он ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллатро маъбади оташ бо дарозӣ ва паҳноии 51х51 м., биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва амборҳо, толори сафеди мураббаъи андозааш 12х12 м., чор сутуни калони он, деворҳои баландиашон то 5 м., оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб намуданд. Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашёҳо асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хўд ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд. Ба андешаи олимон дафинаи бебаҳое, ки бо номи «Хазинаи Амударё» машҳур ва дар осорхонаи марказии Лондон маҳфуз буда, аз ҳамин дафина интиқол ёфтааст.

Таваҷҷуҳ ва ташрифи бевоситаи Пешвои миллат ба Тахти Сангин ба олимон ва онҳое, ки ба омўзишу ҳифз ва арҷгузории осори таърихию фарҳанги бостонӣ дилбастагӣ доранд, умеди тозае пайдо намуд, зеро маҳз сиёсати фарҳангпарваронаю миллатдўстонаи Сарвари ҷумҳурӣ манншаъи асосии руҷўи ҷомеаи кишвар ба таъриху тамаддуни арзишманди ниёкон гардида буд. Дар ин сафари худ низ Пешвои муаззами миллат олимону масъулони соҳаро ба он муваззаф намуданд, ки оид ба ҳифз, омўзиш ва ба ҳолати дилхоҳ овардани ин мавзеи нодири таърихӣ дархосту пешниҳодоти худро омода намуда, ҳарчи тезтар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд. Ҳамзамон Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрўз зарурати аз Лондон ба ватани аслии худ баргардонидани «Хазинаи Амударё» ба миён омадааст.

Беҳтарин роҳи беҳдошт ва муаррифии ёдгориҳои қадимаи кишвар таҷлили санаҳои таърихӣ ва қабули барномаҳои мақсадноки давлатӣ, ҷалби ташкилоту созмонҳои илмию фарҳангии ватаниву хориҷӣ барои амалишавии ин мақсади наҷиб мебошад. Агар аз мавқеи имрўз моҳият ва пайомади ҷашнҳо ва таҷлили санаҳои таърихиро ба мизони андеша гирем, ҳар кадоме аз онҳо дар худшиносии милливу таърихии ҷомеаи кишвар мақоми хос доранд.

Қадами нахуст дар таҷлили чунин санаҳо ҷашни 2500солагии шаҳри қадимаи тоҷикон – Истаравшан буд, ки 10 сентябри соли 2002 бо ширкат ва суханронии Пешвои миллат баргузор гардид. Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ бо ифтихор таъкид намуданд, ки мардуми тоҷик аз қадим мардуми шаҳрдору шаҳрнишин буда, имрўз сарзамини аҷдодии онҳоро метавон осорхонаи ҷовидонаи шаҳрҳои таърихӣ номид. Ин осорхона барои насли имрўзу фардои кишвар аз Хуҷанди бостонию Искандарияи Ақсо, Истаравшану Курушкадаи овозадор, Саразми бостонию Панҷакенти қадим, Тахти Сангину Кайқубодшоҳ, Шаҳритусу Айваҷи куҳанбунёд, Золи Зару Ҳулбуки бостонӣ ва садҳо шаҳристону куҳандиз, коху кўшкҳои барҳаво, оташкадаву ибодатхонаҳои қадим, корвонсарою растаҳои ҳунармандӣ, яъне аз гузаштаи басо дуру сарнавишти пурифтихори ниёгон, созандагию офарандагии онҳо паём медиҳад. Истаравшан яке аз беҳтарин намунаи ҳунари шаҳрсозию шаҳрдории тоҷикон буда, ҳар порахишту похсадевори осори куҳани он аз тамаддуни қадима, давлату давлатдории куҳанбунёд ва созандагию ободкории миллати сарбаланди тоҷик қисса мекунанд. Мувофиқи маълумоти таърихӣ ҳанўз Куруши Кабир истеҳкоми ҳарбии Курушкадаро дар интиҳои марзҳои шарқии мамлакати паҳновараш бунёд ниҳода буд, ки ба андешаи бостоншиносон он дар ҳудудҳои кунунии Истаравшан ё худ Куркат воқеъ будааст. Сокинони ин шаҳри таърихӣ, ба вижа 18 ҳазор ҳимоятгарони қалъаи Курушкада, ки бо ҳидояти қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен ба лашкари истилогари юнону мақдунӣ муқовамати ҷиддӣ намуда, борҳо ба онҳо зафар ёфтаанд, душманро ба ақибнишинӣ маҷбур намуданд.

Баробари он Истаравшани таърихӣ намунаи беҳтарини тарзи зиндагии шаҳрнишинӣ, дастоварду арзишҳои фарҳангӣ аз қабили санъати меъморию шаҳрсозӣ, тиҷорат, косибию ҳунармандии гузаштагони мо мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷашнгирии 2500-солагии Истаравшан ва умуман ба ёд овардани таърихи қадима ба он хотир аст, ки мо мехоҳем таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдории худро хубтар донем, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангии ниёгон бирасем, забони шевои модарӣ ва мероси оламгири ниёгонро пос дорем, дар зери парчами Тоҷикистони озод истиқлолияту якпорчагии Ватан ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Аз он ифтихор дошта бошем, ки дар аҳди бостон, ба вижа дар масири Роҳи бузурги абрешим шаҳрҳои тоҷикнишини Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Саразм, Устурушану Панҷакент, Леваканду Мунк, Ҳулбуку Тамлиёт, Фархору Андичароғ, Қубодиёну Шаҳритус ва амсоли онҳо ҳамчун бузургтарин марказҳои тиҷоратӣ, илму фарҳанг ва ҳунари воло нақши муассир доштанд.

Яке аз ёдгориҳои нодири таърихии кишвар ин Муғтеппа мебошад, ки дар ҳудуди ноҳияи имрўзаи Истаравшан ҷойгир аст. Ин ноҳия бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъмории худ, ки зиёда аз 150 ададро ташкил медиҳанд ва ҳар яки аз онҳо таърихи аз 300 то 1500сола доранд, мавзеи диққатҷалбкунанда дар хатсайри сайёҳии ҷумҳурӣ мебошанд. Баробари Муғтеппа дар ноҳияи Истаравшан ёдгориҳои дигар ба мисли мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷе-

лонӣ (асри XV), Боботағои Валӣ (асри XV), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Чоргумбаз (асри XIX), Савристон мавҷуданд, ки ҳар яки он намунаи беҳтарини муаррификунандаи мероси бузурги таърихии миллати тоҷик ва ҳунари наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон шаҳру ноҳия мебошанд.

Бо шарофати эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ташаббус ва ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 манзур гардид, Муғтеппа аз нав тармиму таъмир шуд ва ба як нуқтаи ҷолибу тамошобоби сайёҳони ватанию хориҷӣ табдил ёфт. Пешвои муаззами миллат моҳи июни соли 2018 аз ин мавзеи таърихӣ дидан намуда, дар мулоқоти хеш бо меҳмонон ва мардуми ноҳия бори дигар изҳор намуданд, ки «Истаравшани бостонӣ яке аз чунин шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги дерина дорад ва тайи асрҳои зиёд дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии минтақа нақши муассир бозидааст. Номи Истаравшан дар сарчашмаҳои куҳани таърихӣ дар қатори бузургтарин шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зикр гардидааст». Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид ба он намуданд, ки шаҳри Истаравшан бо теъдоди зиёди қалъаҳояш аз дигар шаҳрҳои минтақаи Осиёи Марказӣ фарқ менамояд. «Имрӯз номи ин ёдгориҳои куҳани таърихӣ, таъкид намуданд Пешвои миллат, дар деҳаву гузарҳои шаҳр побарҷо мондаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъачаи Калон, Қалъаи Меҳтар, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва монанди онҳо мебошанд». Махсусан, Муғтеппа, ки тибқи андешаи бостоншиносон ба асри панҷи то милод мансуб аст, дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр бунёд ёфта, ҳудуди он 6 гектар ва девори атрофаш 600 метрро ташкил медиҳад, нодиртарин намунаи унсурҳои меъмории суннатии гузаштагони мо мебошад. Тармиму таҷдид ва барқарорсозии ин ёдгорӣ низ бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ омад. Пешвои миллат рост омадани иқдомро ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми дар арафаи ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ фоли неку рамзӣ ва туҳфаи арзанда эълон намуданд. Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид бар он намуданд, ки «Таҷдиду барқарорсозии ин маҷмааи бузург дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгории дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд».

Санаи муҳими дигари таърихӣ, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2006 ҷашн гирифта шуд, 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб буд. Пешвои миллат дар суханронии худ бо ифтихор ва шукргузорӣ аз соҳибдавлативу давлатдории миллии тоҷикон таъкид намуданд, ки маҳз ба шарофати он имрўз мо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти густурда пайдо кардаем. Сентябри соли 2006 мардуми шарифи Тоҷикистон якбора се ҷашн Истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлобро ҷашн гирифтанд. Ҳамаи ин аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллатпарваронаю фарҳангдўстонаи Пешвои миллат маншаъ гирифта, баҳри таҳкими худшиносӣ ва ифтихору ҳувияти миллии ҷомеаи имрўзаи кишвар нақши муассир мегузорад.

Ҷашн гирифтани 2700-солагии Кўлоб бори дигар ишора ба он буд, ки тоҷикон аз ҷумлаи халқҳои қадимтарини дунё маҳсуб ёфта, бо шаҳрсозиву шаҳрдории худ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар радифи дигар шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ, ки бо ҳунари олӣ ва завқи бениҳоят баланди шаҳрсозии ниёгон бунёд ёфтаанд, шаҳрҳои бостонии Бохтару Хатлони қадим намунаи барҷастаи заҳмату ҳунар ва санъати волои меъмории гузаштагони мо буда, дар таърихи миллати соҳибтамаддуни тоҷик нақши боризро соҳибанд.

Таърихи қариб сеҳазорсолаи шаҳри Кўлоб далел ба он аст, ки ин минтақа ва водии Вахш ҳанўз аз замонҳои қадимтарин макони сукунати одамони ибтидоӣ будааст ва ёдгориҳои бостонии мансуб ба давраҳои неолит, энеолит, аҳди биринҷ ва асрҳои VII-VI пеш аз мелод, ки дар ин минтақа пайдо карда шуданд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Ҳафриёти бостоншиносӣ, омўзишу таҳқиқоти солҳои охир низ шаҳри қадима ва маҳсули тамаддуни пешрафта будани Кўлобро пурра собит менамоянд. Кўлоб ҳамчун шаҳр ва минтақаи таърихию фарҳангии Хуталони Бузург дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр дар ҳама марҳалаҳои таърихӣ нуфузу эътибори баланд дошт. Дар асрҳои миёна Хатлон қаламрави ниҳоят паҳноеро ташкил медод ва тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар минтақаи Кўлоб шаҳрҳои зиёде ба мисли Искандара, Ҳулбук, Тамлиёт, Мунк, Маранд, Андичароғ, Форғар, Рустамбек, Корбанг, Борсориғ ва амсоли онҳо мавҷуд буданд, ки осори баъзе аз онҳоро бостоншиносон дар ҳудуди ноҳияҳои кунунии Кўлоб, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Фархор ва Балҷувон пайдо кардаанд.

Пешвои муаззами миллат дар баромади худ ба ифтихори 2700-солагии Кўлоб рўзи 10 сентябри соли 2006 доир ба нақши Кўлобшаҳр ва минтақа дар масири таърихи миллат, қаҳрамонию созандагии мардуми ин минтақа, ба вижа шуҷоату мардонагии сокинони он дар мубориза ба муқобили аҷнабиёну бегонагон ба монанди юнону мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо, фишору таъзиқи қабоили кўчии турк, сиёсати золимонаи хонадонҳои туркии ҳукмрони минтақа, бахусус хонадони манғития муфассал сухан гуфта, таъкид намуданд: «Дар замири мардуми мо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ғуруру ифтихори миллӣ, тавре ки зикр шуд, на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд».

Паҳлўи дигари ҷашнгирии санаҳои таърихӣ ва ё шаҳру ёдгориҳои қадима дар он зоҳир меёбад, ки маҳз тавассути омодагӣ ба баргузории чунин маъракаю чорабиниҳо дар шаҳру мимнтақаҳои кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо мекунанд. Аз ҷумла, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кўлоб» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои вазорату идораҳои гуногун ва соҳибкорони алоҳида дар маҷмуъ дар шаҳри Кўлоб зиёда аз 120 иншооти хурду калон бунёд гардиданд.

Моҳи октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифи худ ба ноҳияи Дарвоз аз бозмондаҳои ёдгории нодири ин минтақа – Қалъаи Карон дидан намуданд. Ёдгории Каронро низ бостоншиносони ҷумҳурӣ дар замони Истиқлолият кашф намуда, барои таҳқиқу омўзиши пайвастаи он шуруъ намуданд. Ба андешаи бостоншиносон ин шаҳр тақрибан таърихи 4000 сола дошта, мансуб ба тамаддуни ориёии бостонӣ будааст. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо шудаанд, ба пайравони оини зардуштӣ будани сокинони он ишора мекунанд. Аз ин мавзеъ осори зиёди давраи қадима, аз ҷумла, маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби «Авасто», майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳ ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ бозёфт шуданд.

Ҳангоми суханронии хеш дар ҳузури фаъолону сокинони ноҳия Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «бо корҳои анҷомдодаи бостоншиносони тоҷик дар қалъаи Карон, ки воқеан таърихи хеле куҳан дорад, шинос шудем. Тибқи сарчашмаҳои бостоншиносӣ шаҳри Карон дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ёдгории камназир ба ҳисоб рафта, бо санъати меъмории махсус дар майдони 32 гектар ҷойгир шудааст. Бинои қалъа аз хишти пухта сохта шуда, лўлаҳои сафолин ва дигар осори аз он кашфшуда шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди мо ҳанўз дар замонҳои қадим, дар ин минтақаи куҳистон, дар баробари дигар пешравиҳо аз корезу гармоба ва дигар шабакаҳои обрасонӣ васеъ истифода мекардаанд». Аммо баробари он, Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд, ки барои пурра муайян кардани тамоми паҳлуҳои меъмориву таърихии қалъа ва аризишмандии ин ёдгорӣ бостоншиносон ва дигар мутахассисонро зарур аст, ки корҳои ҳафриётиву омўзиширо боз ҳам вусъат диҳанд.

Бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли 2015 3000-солагии маданияти қадимаи Ҳисор ҷашн гигифта шуд. Омодагӣ ва баргузории ин ҷашн ба мисли чорабиниҳои дигар бевосита таҳти назорати пайвастаи Сарвари давлат буд. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихори гузаштагон, эҳё намудани оину суннатҳои неки аҷдодӣ, тарғиби таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ ва бештар аз ҳама ҳифзу нигаҳдошти ёдгориҳои моддиву маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ҳамзамон, дар ин ҷо низ бо шарофати таҷлили ин санаи таърихӣ корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ба анҷом расиданд. Масъалаи ба куллӣ тағйир додани инфрасохтори шаҳр ва бунёди шаҳри ҳозиразамон бо ғунҷоиши 55 000 аҳолӣ матраҳ гардид. Нақшаи генералии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2012-2032 бо илова намудани 330 гектар замин ба ҳудуди ҳозираи он тасдиқ карда шуд.

Пешвои муаззами миллат доир ба мақсад ва манфиати чунин маъракаву чорабиниҳо зимни суханронии хеш изҳор намуданд, ки «Ҳадафи асосии ҳар гуна ҷашну чорабинӣ обод кардани ин ё он гўшаи диёрамон, такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти шаҳру ноҳияҳои кишварамон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои ҳамватанонамон мебошад». Танҳо дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор сохтмон ва барқарорсозии 223 иншоот ба нақша гирифта шуда, омўзиши археологӣ ва корҳои ҳафриётӣ дар мавзеъҳои «Қасри ҳоким», «Қалъаи Ҳисор» ва дигар ёдгориҳои таърихӣ вусъати тоза пайдо намуд.

Ҳисор ҳамчун яке аз шаҳрҳои таърихӣ ва марказҳои муҳими фарҳангиву иқтисодӣ дар тўли таърихи халқи тоҷик мақоми хосаро соҳиб мебошад. Пешвои миллат дар баромади хеш аз таърихи рангини шаҳр ва водии Ҳисор, рушд ва нақши он дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, ёдгориҳои нодири бостонию меъморӣ ва марказҳои ҳунармандии он ёдовар шуда, таъкид карданд, ки «мулки Ҳисор таърихи ниҳоят қадима дошта, кохи бегазанд ва намунаи маданияти шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва кишоварзиву ҳунармандии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад».

Ҳисор тибқи маъхазҳои таърихӣ аз замонҳои қадим бо номҳои Шумон, Ҳисор ва Ҳисори Шодмон мавҷуд будааст, вале номи аслии он «Шумон» аст, ки ба андешаи мутахассисон вожаи авастоӣ буда, маънояш «нишастгоҳи баланд» ва ба гуфтаи муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» «кохи боракўҳ» аст. Дар масири Роҳи бузурги абрешим Ҳисор ҳамчун маркази тиҷоратию ҳунармандӣ ва минтақаи пайвасткунандаи манотиқи Ғарбу Шарқ нақши калидӣ доштааст.

Эҳё ва азнавбарқарорсозию муаррифии яке аз нодиртарин ёдгориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳри Саразми бостонӣ, ки арзишмандтарин бозёфти илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охир аст, маҳсули сиёсати хирадмандонаю ҳакимонаи Пешвои миллат мебошад. Чи тавре ки дар фавқ зикр шуд, Пешвои миллат ҳанўз дар ибтидои солҳои дуҳазорум аз ин мавзеи таърихӣ ду маротиба дидан намуда, барои тармиму таҷдид ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои мушаххас ва амалӣ андешида буданд. Ба замми он маҳз бо ҳидоят ва ибтикори Пешвои миллат ин ёдгории таърихӣ ва куҳан ҳамчун нахустин ва калонтарин маркази тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии минтақаи Осиёи Марказӣ 31 июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид.

Воқеан, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷ дар Осиёи Марказӣ буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ибтидо мегирад. Ин хулосаи илмӣ дар заминаи таҳқиқоти тўлонии олимони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ иброз гардид ва вобаста ба таърих ва пажуҳиши Саразм силсилаи асарҳову мақолаҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанию хориҷӣ бо забонҳои гуногун ба чоп расидааст. Пешвои миллат доир ба нодир ва арзишманд будани ин ёдгорӣ чунин таъкид менамоянд: «Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад». Ҳамзамон ботакрор изҳор менамоянд, ки «Саразмхазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик мебошад».

Таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳам, бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат тасмим гирифта шуд. Дар вохўрӣ бо намояндагони зиёиёни кишвар 19 марти соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳ ба омўзиш ва таҳқиқи мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ намуда, таъкид намуданд, ки «таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум, махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд». Таҳқиқи пайваставу муназзами мероси таърихӣ ва тарғиби суннатҳои мардумиро Пешвои миллат «вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар» эълон намуда, доир ба ёдгории нодир ва куҳани Саразм чунин изҳори ақида намуданд: «Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм»-ро таъсис дод». Дар ҳамин вохўрӣ, дар ҳузури зиёиёни мамлакат Пешвои миллат эълом доштанд, ки «Дар робита ба ин, бо назардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад».

Дар заминаи ин ибтикори наҷиби Пешвои миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ аз 2 майи соли 2019 таҳти No195 қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи чорабиниҳо ҷашнро тасдиқ кард. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар заминаи ин қарор нақшаи чорабиниҳои худро аз 6 майи соли 2019 таҳти No51 мураттаб намуд. Вобаста ба ин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ 12 сентябри соли 2020 таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ баргузор гардид. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷекати бостонӣ муқаррар шуд.

Таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ воқеан барои таҳқиқ ва омўзиши ин ёдгории нодир давраи комилан навро ибтидо гузошт. Пеш аз ҳама ковишҳои бостоншиносӣ ва омодасозии ҳафриёт ба ҷашн бо суръати дучанд вусъат пайдо намуд, барои идомаи ковишҳо бостоншиносони шинохтаи ватанию хориҷӣ ҷалб гардиданд. Дар рафти омодагӣ ба ҷашн корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ дар ҳудуди ёдгорӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, Осорхонаи ҳозиразамони Саразм, дарвозаи мунаққаши бо тасвирҳо ороишёфта, панҷарадевори атрофи мавзеъ, рўпуш шудани ҳафриётҳо ва ба осорхонаи кушод табдил додани онҳо, рисолаву мақолаҳои илмӣ, роҳнамо ва албомҳо, филмҳои мустанади телевизионӣ ва овозӣ ва дигар маводи ташвиқию тарғибӣ ба вуқуъ омаданд. Ҳамзамон, ба ифтихори таҷлили 5500-солагӣ натиҷаи таҳқиқи Саразм ва бозёфтҳои бостоншиносии он, нақши ин шаҳри бостонӣ дар ташаккули фарҳанги зироатпарварӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозию шаҳрдории тоҷикон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон ва коршиносони ватанию хориҷӣ дар чандин ҳамоишҳои калони илмӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Хулоса, бо шарофати таваҷҷуҳ ва ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ҷомеаи муосири тоҷик руҷуъ ба таърих, ба вижа таърихи бостон ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик вусъати тоза пайдо намуда, ҳифозат, таъмиру тармим ва омўзиши ёдгориҳои қадимаи миллат ва интишори моҳияту аҳамияти он дар тафаккури имрўза ва таҳияю қабули барномаи ҳадафманди сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардидааст. Маҳз бо шарофати чунин сиёсати фарҳангпарварона ёдгориҳои зиёди гаронмояи таърихии кишвар дигарбора шукуҳи таърихии худро эҳё намуда, чун ганҷинаҳои нодири фарҳанги миллӣ ва муҷассамаҳои зиндаи таърих ба маърази таваҷҷуҳи мардум ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуданд. Бо чунин фаъолияти густурдаи миллатпарваронаю таърихсозона Пешвои миллатро метавон эҳёгар ва муҳофизи таърихи бостон ва ҳофизаи таърихии миллат номид.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2