Зеҳн

СИРОҶИДДИН МАХДУМИ СИДҚӢ

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Сироҷиддин Махдум ибни Мулломирзоҳиди Охунд мутахаллис ба Сидқӣ шоири нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри ХХ буда, соли 1884-1885 дар мавзеи Хандақлиқи наздикии Тошканд таваллуд ёфтааст. Бино ба маълумоти А. Муродов (ходими илмии Институти ховаршиносии АИ Ўзбекистон, ки шахсан бо шоир шиносоӣ доштааст), Сидқӣ соли 1933 вафот кардааст.

Сидқӣ маълумотро дар мадрасаи «Раҳматия»-и Тошканд гирифта, баробари омўхтани илмҳои гуногуни замон, пеш аз ҳама завқи ўро рангорангиву гуногунии хатнависӣ бедор кардааст. Вай ба хаттотӣ шавқу ҳавас пайдо карда, шогирди хаттоти машҳур – Муҳаммад Шоҳмуроди Тошкандӣ шудааст. Нозукиҳои санъати хатнависиро дар ин давра пурра омўхта, дар чўбу санг нақш бастану кандакорӣ кардани ҳуруфоти арабиро аз худ намудааст.

Сироҷиддин Махдуми Сидқӣ мутарҷим ва шоири зуллисонайн (донандаи забони форсиву туркӣ) буда, соҳибдевон аст.

Асарҳо аз эҷодиёти Сидқӣ инҳоянд:

Девони лирикӣ буда, ҳарфҳои охири радифи ғазалҳо тартиби алифборо нишон медиҳад.

«Иктисоб». Ин асар дар соли 1343-юми ҳиҷрӣ (1924-1925) дар шакли тарҷеъбанд таълиф ёфтааст. Асар дидактикӣ аст. Сидқӣ дар асар тамаъкорию чашмгуруснагӣ ва пулпарастии қозиву эшонҳоро мазаммату сарзаниш карда, онҳоро барои меҳнати ҳалол кардану хўрдани бори он даъват менамояд. Дар охири асар муаллиф дар боби махсус аз ҳаёти худ муфассал нақл мекунад. Асарҳои зерин низ ба қалами ў тааллуқ доранд:

«Мизони шариат», «Базми ишрат», «Сипарғам», «Аҷоиб-ул-махлуқот», «Сад иршоди Мулло Сидқии Хандақлиқӣ», соли 1333-юми ҳиҷрӣ (1914-1915).

Сироҷиддин Махдуми Сидқӣ асарҳои зиёди адабии забони форсиро ба туркӣ тарҷума кардааст. Вай аз ганҷинаи маънавиёт панду ҳикматҳои пурмазмуни пухтаву рехтаро интихоб намуда, рисолае бо номи «Ҷавоҳир-улпанд» дар соли 1325 (1907) дар матбааи Тошканд нашр кунондааст.

ҶАВОҲИР-УЛ-ПАНД

Чун қаланфур тунд мабош
Мисли зардак рост бош!
Ҳамчу шалғам гирду ғун,
Андар замин ҳамвор бош!

Зардакии Ҳисорӣ

Илм аз ҳама давлат афзал аст.
Илм муҷиби иззат аст.
Илми шайъ беҳ аз ҷаҳли шайъ.
Ҳасабу насаб бе илм ноқис аст.
Олим ҳар куҷо, ки равад, иззат ва ҳурматаш кунанд. Сармояи бузургӣ ақлу адаб аст, на аслу насаб. Одамиро насаб ба ҳунар дуруст бояд кард, на ба падар. Илми беамал чун муми беасал ҳеҷ лаззате надорад. Ҳар чи надонӣ, аз пурсиданаш нанг мадор.

Шайъ – чиз.
Ҳасаб – қадру қимат.
Ноқис – нопурра, нуқсондор.

Беҳтарин сармояи одам адаб аст.
Беҳтарин атоё насиҳат аст.
Бар дўстон насиҳат фармудан бошад, бар некбахтон панд шунидан.
Сухани бад забонро хароб менамояд.
Савганд хўрдан маъюб аст.
Итоати модару падар воҷиб аст.
Бар қавли бузургон амал зарур аст.
Айбҷўйӣ ҳам аз айб аст.
Манфиати хеш ба мазаррати дигарон хостан ҳамоқат аст. Дар пайи изову таклифи касе набояд шуд.
Озор расондан натиҷаи некӣ надорад.
Дили касеро ранҷа масоз.
Кори имрўзаро бар фардо набояд гузошт.
Маргро ҳар дам ҳозир дон.
Марги бо некномӣ беҳтар аст аз ҳаёти ба бадномӣ.
Карам ба ҳар ҳол писандида аст.
Адл боиси тараққии давлат аст.
Зулм бунёди салтанатро меканад.
Ҳар ки панди бузургон намешунавад, дар ҳалоки худ саъй менамояд.
Нармӣ ва мулоимат муҷиби иттиҳод ва маваддат аст. Тавозуъ аз ҳама кас зебо менамояд ва аз аҳли давлат зеботар.
Шукргузорӣ сабаби зиёдатии давлат аст.
Ҳар ки сабр ихтиёр кард, зуд ба мақсад расид.

Атоё – ҷамъи атият, ато, бахшиш.
Мазаррат – зарар.
Ҳамоқат – аблаҳӣ.
Изо – озор, азоб.

Таклиф – ҷабр, азобу кулфат.
Маваддат – дўстӣ, муҳаббат.

Мадоро бо душман ҳам хуш аст.
Мусоҳибати китоб аз ҳама беҳтар аст.
Аз суҳбати нодон бодия хуштар аст.
Дар суҳбати некон биншин.
Аз суҳбати бадон парҳез намо.
Аз суҳбати ҷоҳилон бипарҳез.
Суҳбати нодон вуболи ҷон аст.
Суҳбати некон манфиати бағоят аст.
Суҳбати бадон зудтар асар кунад ва зарари он ба андак замон ба зуҳур расад.
Ҳар ки бо бадон нишинад, некӣ набинад.
Ростбозӣ шиор кун.
Ростбозро дўст бисёр аст.
Ростӣ муҷиби ризои омма аст.
Ростбозро коҳе зарар намерасад.
Ҳар қусуре, ки кунӣ, қабул намо, мункир машав. Мардуми бодиёнат назди ҳама кас азиз аст.
Хоин дар ҳама ҳол мардуд аст, Худо ва халқ аз ў нохушнуд.
Дурўғгў ҳамеша хор ва залил.
Ҳар ки ба дурўғгўйӣ машҳур шуд, агар рост ҳам гўяд, эътибор накунанд.
Дар давлат ҳама дўст мешавад.
Дар ифлос имтиҳони дўстист.
Вақт чизест азиз-ул-вуҷуд, чун меравад, боз ба даст намеояд.

Бодия – саҳро, биёбон.
Вубол – гуноҳ.
Зуҳур – рўйдиҳӣ, ошкоршавӣ.
Қусур – камбуд, гуноҳ.
Мардуд – лаънатшуда, рондашуда.
Ифлос – муфлисӣ, камбағалӣ.

Дар корҳо таъҷил ва шитоб набояд кард.
Ҳар коре, ки кунӣ, ба машварати оқилон кун.
Агар бе таҳқиқ айби касеро эътибор кунӣ, ҳақ пўшида монад.
Бетааммул кор набояд кард.
Барои хўриш таъйини вақт бояд кард.
Дар миёни калом сухан кардан айб аст.
Аз сухани беҳуда хомўшӣ беҳтар аст.
Фикри бадан ва муҳофизати ҷон аз ҳама беҳтар.
Ҳар сирре, ки дорӣ, махфӣ беҳтар аст, зеро ки маҳрами асрор дар ҷаҳон камтар аст.
Ифшои сирри худ бо занон нодонист.
Самараи некӣ некӣ аст ва самараи бадӣ бадӣ аст.
Ҳар ки бад кунад, тамаи некӣ набояд дошт.
Душмани доно аз дўсти нодон беҳтар аст.
Дўстӣ бо мардуми доно некуст.
Аз душман ҳазар намудан авло аст.
Душманро ҳақир набояд шумурд.
Одамӣ бояд ки ҳиммат баланд дорад.
Азми дуруст аломати ғалаба ва нусрат аст.
Ҳиммат баланд дор в-аз таҳаммули машаққат матарс. Саховат беҳ аз ибодат.
Бахшидани гуноҳ беҳтарини хислатҳост.
Чун ҷаҳд кунӣ, дар вафои он ҷаҳд намо, то дўсту душманро бар ту эътимод бошад.
Афв аломати олиҳимматист.
Ҳамаро баробар донистан нишонаи риёст.
Дуруштӣ ва турушрўйӣ сабаби мухолифат аст.

Маҳрами асрор – маҳрами роз, ҳамроз, дўсти самимӣ.
Таҳаммул – сабру тоқат.
Риё – худро накукору хайрхоҳ нишон додан.

Худситоӣ намудан барои афзунии иззат муҷиби зиллат мегардад.
Такаббур одамиро хору бемиқдор месозад.
Ҳар чи бар худ написандӣ, бар дигарон маписанд.

Ҳар ки дар асл бад аст, умеди некӣ набояд дошт.
Аҳмақро ситоиши хеш хуш ояд.
Тифлонро ситоиши беҷо намудан бадроҳӣ кардан аст.
На ҳар ки ба сурат некуст, сирати зебо дар ўст.
Тамаъ бад аст ва аз зиёдаталабӣ асли сармоя ҳам аз даст меравад.
Ҳар киро хушомад хуш омад, худро фаромўш кунад.

Зиллат – хорӣ, беиззатӣ.
Ситоиш – таъриф, мадҳу сано.
Сират – асос, тинат, хулқу атвор.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2