Зеҳн

Ҳикоя дар бобати салом

КИ
Китобдор14 октябри 2024 · 1 дақиқа хондан

Марде дар корхонаи тавзеъи гӯшт кор мекард. Як рӯз, ки ӯ ба танҳоӣ дар сардхона машғули кор буд, ногаҳон дари сардхона маҳкам шуд ва ӯ дар дохили он гир монд.

Чун соати охири корӣ буд, ҳамагӣ аз пайи анҷоми кор ва рафтан аз корхона буданд ва ҳеҷ касе аз ин ҳодиса хабардор нашуд.

Мард панҷ соат дар он ҷо банд монд ва наздики ба ҳалокат расидан буд, ки ногаҳон нигаҳбони корхона дари сардхонаро боз кард ва ӯро наҷот дод.

Мард пас аз ба худ омадан аз нигаҳбон пурсид:

— Чи шуд, ки аз сардхона хабар гирифтед?

Нигаҳбон гуфт:

— Ман 35 сол аст, ки дар ин корхона кор мекунам ва ҳар рӯз садҳо коргар ба ин ҷо меоянду мераванд ва ту яке аз он ангуштшумор нафароне ҳастӣ, ки мавқеъи вуруд бо ман салому аҳволпурсӣ ва ҳангоми рафтан худоҳофизӣ мекунӣ ва баъд хориҷ мешавӣ. Хеле аз коргарҳо бо ман тавре рафтор мекунанд, ки мисле ман одами ноаён ҳастам. Имрӯз ҳам монанди рӯзҳои гузашта бо ман салом кардӣ, аммо худоҳофизӣ карданатро надидам. Барои ҳамин тасмим гирифтам, ки барои ёфтанат ба ин ҷо саре бизанам. Ман мунтазири аҳволпурсии ҳаррӯзаи ту ҳастам, чун аз назари ту ман низ касе ҳастам, ки вуҷуд дорам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2