Зеҳн

ПАНДНОМАИ НИСБАТИИ САЪДӢ

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Ростӣ муҷиби ризои Худост,
Кас надидем, ки гум шуд аз раҳи рост.

Саъдӣ

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар арсаи илму адаби классикии форсу тоҷик бузургтарин мураббӣ ва сарояндаи ахлоқи ҳамида дар дилҳо ҷой гирифтааст. Андешаву ақидаҳои вай саросар аз тарғиби хайрхоҳонаи назарияи тарбия ва гуманизмаш ҷаҳонгир аст.

Бо эҳтимоми Роҷӣ Ғуфрон Муллохоҷахон ибни Эшонхоҷаи Саҳҳоф, бо кўшиши котиб Муҳаммад Шоҳимардон бинни Муллошоҳ Неъматуллоҳи Афзал дар соли 1327 (1909) дар Тошканд рисолаи манзумаи ахлоқие бо унвони «Каримо» ба табъ расонида, аз таснифоти «Бўстон»-и алломаи қутби баландмартаба Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ба қалам додаанд. Бори дувум Муллокамолхон ибни Муллоғуломхон, Қории Қаротошӣ, чи тавре ки дар гуфтори пеш ва хотимаи рисола ишора мекунад, гўё ин рисолаи ахлоқиро барои толибилмони макотибу мадорис ба номи «Рисолаи маҷмўи пандҳои Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (аз Бўстон) соли 1332 (1913-1914) дар Тошканд чоп кардааст».

Матнҳо бо форсӣ-тоҷикӣ иншо шудаанд ва дар зери ҳар мисраи форсӣ тарҷумаи туркӣ ҷой дода шудааст. Бо забони туркӣ хаттот ва мутарҷими номӣ-шоири соҳибдевони зуллисонайн1 Сироҷиддин Махдум ибни Мулломирзоҳиди Охунд мутахаллис ба Сидқии Тошкандии Хандақлиқӣ (1884-1933) бо номи «Раҳимо» тарҷума кардааст.1

Сироҷиддин Махдум ба Хуҷанд ба номи Тошхоҷа Асирӣ (1864-1915) мактуб навишта, аз тарҷумаи ин асар ўро огоҳ мекунад. Оид ба аҳаммияти тарҷумаи ин рисола Тошхоҷа Асирӣ хурсанд шуда, ба забони ўзбекӣ қитъаи таърихи тарҷумаро навишта ба Сидқӣ мефиристад.

Худи мутарҷим ҳам қитъаи таърихи ин рисоларо гуфтааст.

Аз рисолаи манзум олими забоншинос шодравон Муллоҷон Фозилов 15 байт интихобан ба номи Саъдии Шерозӣ дар «Панду ҳикмат»-аш дохил кардааст.

Нашри рисола аз назари донишмандони аҳли илму адаби бузург гузаштааст, аммо дар айни замон дар ягон сарчашмаи илмию адабӣ, ё дар маълумотномае оид ба фаъолияти илмӣ ва адабии Саъдии Шерозӣ асари ҷудогонае бо номи «Панднома» ё «Каримо» дар такопўи мо ба назар нарасид. Гумон аст, ки шояд котибе байтҳои назаррасро аз байни мавзўъҳои дохили бобҳои «Бўстон» интихоб карда, ин рисоларо тартиб дода бошад. Ба ин мақсад чопҳои зерини «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ аз назар гузаронида шуд:
С. Айнӣ, «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ирфон» 1965.
И. Ализода ва А. Деҳотӣ, Саъдии Шерозӣ (мунтахаби куллиёт), Сталинобод, 1956.

Бо эҳтимоми Абдулазим Қариб, «Бўстон»-и Саъдӣ, чопи Теҳрон, 1346 ҳиҷрӣ.
Саъдии Шерозӣ, «Бўстон», чопи «Навал Кишур» (Ҳиндустон), 1873 мелодӣ.

Ҷаноби оғои Муҳаммад Алӣ Фурўғӣ, «Куллиёти Шайх Саъдӣ», Теҳрон, 1338 ҳиҷрии хуршедӣ.

Дар ҳама гуна чопҳо бидуни як байт дар боби «Дебоча» («Дар сабаби таълифи китоб») тазминшудаи Саъдӣ:

«Тавозуъ зи гарданфарозон накуст,
Гадо гар тавозуъ кунад, хўйи ўст»

ва байти:

«Машав, то тавон, аз саховат барӣ,
Ки гўйи беҳӣ аз саховат барӣ»

дар назираи байти дигари «Бўстон» дар «Боби эҳсон»:

«Машав то тавонӣ, зи заҳмат барӣ,
Ки раҳмат барандат, чу заҳмат барӣ»

иншошудаи матнҳои дигаре ба назар нарасид.

«Бўстон»-и чопи Ҳиндустон аз чопҳои дигар бартарӣ дошта авлотар аст, зеро бобҳо вобаста ба мавзўъҳо ҷудо карда шуда, аз сарлавҳаҳо иборатанд.

Гумон меравад, ки таълифкунандаи ин рисолаи манзумаи ахлоқӣ ба мавзўъҳои бобҳои «Бўстон» такя карда, дар пайравии он назира баста, рисоларо аз «Таълифоти Саъдӣ» ба қалам додааст.

Бовар меояд, ки гўяндаи матни рисола донишманди боистеъдоди баландтабъи соҳибзавқе, мухлиси ҳақиқии эҷодиёти Шайх Саъдӣ буда, тамоми афкору ақида ва мазмуну ғояҳои ўро пурра аз худ намуда, дар ҳамфикрӣ ин рисоларо таълиф намудааст.

Муаллифи рисоларо аниқ таъйин кардан душвор аст, тахмин гуфта метавонем, ки ин рисола шояд барои мактабҳои усули нав, барои таълиму тарбияи ахлоқии хонандагон таълиф ёфта бошад.

Мавзўъҳои рисола баъд аз боби анъанавӣ: дар мадҳи карам, сифати саховат, тавозуъ, адолат, қаноат, вафо, ростӣ, дар мазаммати бахилӣ, такаббур, зулм, ҳирс, каз-зобӣ, дар фазилати илм, шукр, сабр ва дар охир муноҷот аст.

КАРИМО

Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи наку мемонад,
Фасли гул мегузарад, лаззати бў мемонад,
Ин ҷаҳон косаи даврест ба номи ҳама кас,
Ҳама чиз мегузарад, дидаву рў мемонад.(Саъдӣ)

Каримо, бибахшой бар ҳоли мо,
Ки ҳастем асири каманди ҳаво.
Надорем ғайр аз ту фарёдрас,
Туи осиёнро хатобахшу бас.
Нигаҳ дор моро зи роҳи хато,
Хато даргузору савобам намо.

Каримо – номи Худованд.
Каманд – дом.
Ҳаво – орзу, ҳавас.

Дар мазаммати ҳоли худ

Чиҳил сол умри азизат гузашт,
Мизоҷи ту аз ҳоли тифлӣ нагашт.
Ҳама бо ҳавову ҳавас сохтӣ,
Даме бо масолеҳ напардохтӣ.
Макун такя бар умри нопойдор!
Мабош эмин аз бозии рўзгор!

Дар мадҳи карам

Дило, ҳар ки бинҳод хони карам,
Бишуд номдори ҷаҳони карам.
Карам номдори ҷаҳонат кунад,
Карам комгори замонат кунад.
Карам мояи шодмонӣ бувад,
Карам ҳосили зиндагонӣ бувад.
Варои карам дар ҷаҳон кор нест,
В-аз ин гармтар ҳеҷ бозор нест.
Дили оламӣ аз карам тоза дор,
Ҷаҳонро зи бахшиш пуровоза дор.
Ҳама вақт шав дар карам мустақим,
Ки ҳаст офаринандаи ҷон Карим.

Масолеҳ – ҷамъи маслаҳат; кори хайру нек, беҳбудӣ.
Карам – саховат, ҳиммат, ҷавонмардӣ.
Комгор – хушбахт, саодатманд.
Оламӣ – оламиён, одамон.
Мустақим – рост, устувор.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2