ҒИЁСУДДИН ИБНИ ЭШОН МИРЗИЁУДДИН
Мавқеи иҷтимоӣ ва ҷараёни зиндагии Ғиёсуддин ибни Эшон Мирзиёуддин ҳанўз пурра муайян нагардидааст. Тадқиқоти илмии ояндаро интизор аст. Аз «Одоб-ул- мубин» ном асараш ошкор гардид, ки муаллиф форсзабони зодаи Мовароуннаҳр буда, дар миёнаҳои асри XIX зиндагиаш ҷараён доштааст. Мавлуд номаълум ва фавташ1868-уми милодист. Вай мударриси мадрасае ва фарди бофарҳангу ҳаммаслаки пешқадами маорифчиён будааст.
«Одоб-ул-мубин» асари таълиму тарбиявист, ки муво- фиқ ба шароиту талаботи давру замонаш таълиф ёфтааст. Асар соли 1246-уми ҳиҷрии шамсӣ, мутобиқи соли 1867- уми мелодӣ, ба риштаи назм шадда шудааст. Ў дар баёни «Сабаби назми китоб» хотирнишон кардааст, ки чандин дастурҳои таълимдиҳию таълим барои толибилмону устодон ба забони арабӣ мавҷуд аст, аммо ба форсӣ не, аз ин сабаб бо назм ба форсӣ чунин дастур таълиф намудам. Муаллиф онро «Назми одоб» номида, ҳамчун воситаи таълим барои толибилмон ва таълимдиҳандагон пешниҳод кардааст.
Ин асар бори охирин дар соли 1326 (1908)-ум дар мат- бааи Порсеви шаҳри Тошканд, бо эҳтимоми Сироҷиддин Махдуми Сидқӣ ба табъ расида, аз чунин мавзўъҳо иборат аст:
Мадҳу ситоиши анъанавӣ, дар баёни сабаби таълифи китоб, дастури ахлоқии умумӣ-тадриси хонандагони кулли синну сол, танқиди барномаҳои мадорису макотиб, дастури қоидаҳои таълимдиҳию таълимгирӣ, хотимаи китоб ва анҷоми китоб. Омўзиши асар барои таълиму тарбия муфид аст.
НАЗМИ ТАЪЛИМ БАРОИ ТОЛИБИЛМОН «ОДОБ-УЛ-МУБИН» (НАЗМИ ОДОБ)
«Гуфтам ба хирад, ки соҳиби ирфонӣ,
Бинмой роҳи наҷотам аз нодонӣ.
Гуфто: мактаб, мактаб, мактаб,
Бояд хонӣ, хонӣ, хонӣ».
Аҷзии Самарқандӣ
Дар баёни сабаби назми «Одоб-ул-мубин»
Ҳамду наъту лақаб чу гашт тамом,
Фа ана ашрау ли зикри маром.
Мақсади илм сахт ақсоест
Матлаби насл, балки аълоест.
Ҳамаи илм, хоҳ сағиру кабир,
Ҳаст машрут бо шурути касир.
Гар бидиҳемат ин ки ҳар машрут,
Мумтанеъ6 бошадаш бидуни шурут.
Бас ба толиби илм воҷиб гў,
Шартҳоро кунанд ҷустуҷў.
Шартҳоро агар ба ҷо оранд,
Шоҳиди илм дар канор оранд.
В-арна раҳ гум кунанд мақсадро,
Рафтани бераҳист айни хато.
Дар кутубҳо ҳамин баён карда,
Он шурути тариқ оварда,
Лек онҳо ба санъати арабист,
З-он зулол аксар он ташналабист.
Мубтадиро ба фаҳм кам ояд,
Орази ҷуд ба Ҳар ки нанмояд.
З-ин сабаб беҳунар Ғиёсуддин,
Ибни Эшон Мир Зиёуддин.
Бо вуҷуди ташаттути аҳвол,
Бо ҳуҷуми такосири ашғол,
Бо вуҷуди камии истеъдод,
Бе ҳунармандиву дили ношод,
Кардам онро ба форсӣ таъбир,
Ёд гиранд то сағиру кабир.
Назм кардам, ки то шавад осон,
Ҳифзи ў бар ҷомеи одамиён.
Ману ҳайҳот, назму насри сухан,
Беҳтар он буд забон кашам ба даҳан.
Лек бо ин умед кўшидам,
Хуни дил субҳу шом нўшидам,
Ба дуое зи баъди ман гоҳ-гоҳ,
Ёдам оранд холисаллилоҳ.
Дар ҳазору дувисту чилу шаш,
Парда бардошт аз рух ин маҳваш,
«Назми одоб» сохтам номаш,
Соз, ё Раб, ба хайр анҷомаш.
Ҳар касеро, ки орзуи улум,
Шарбати зиндагӣ зи ҷўи улум,
«Назми одоб» ёри худ созад,
Рўзу шаб дар канори худ созад.
«Фа ана ашрау ли зикри маром» – мисраи арабӣ; – пас ман шурўъ мекунам ба зикри маром (муроду мақсад).
Ақсо – дур, маҷ. азоб.
Машрут – одат, лозим.
Шурут – ҷамъи шарт.
Касир – зиёд.
Мумтанеъ – манъ.
Мубтадӣ – навомўз.
Ташаттут – парешонӣ.
Такосир – ҷамъи таксир, шикастаниҳо.
Ашғол – ҷамъи шуғл, машғулиятҳо ба коре.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё