МЕБОЯД ПИСАНДИД
Ҳар ки бинои мулку давлат бар зулм ниҳод ва шеваи ҷабру ситам ихтиёр намуд, анқариб мулкаш завол ёбад ва давлаташ интиқол, шери найистон чун даҳан ба хунхорагии бечорагон олуда гардонид, бедареғ аз дами теғ оби мамот чашид.
Шавад золим зи зулми худ хароб оҳиста-оҳиста,
Равад чун дашнаи қассоб об оҳиста-оҳиста.
Мард касест, ки зердастон наёзорад ва равнақи бозори давлат ва тобиши офтоби ҳашматро эътиборе нест, ки он дар чашм задан косид мегардад ва ин ҳангоми накбати ниқоб ихтифо бар рух меандозад.
Даврони бақо чу боди саҳро бигзашт,
Талхиву хушиву зишту зебо бигзашт.
Пиндошт ситамгар, ки ҷафо бар мо кард,
Бар гардани ў бимонду бар мо бигзашт.
Интиқол – кўчидан, иваз шудан.
Мамот – марг.
Дашна – теғ, корд.
Косид – беривоҷ, беравнақ.
Ихтифо – пўшида, пинҳон.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Хуррам касест, ки косаи дилаш моломол аз зарри накуист ва дукони табъаш машҳун аз матои дилҷў, чашмаш аз сурмаи ҳаё пурнуру димоғаш аз хаёлот хуш, ахлоқи маъмури вафодорӣ яктои замона ва ба ошноӣ бемислу ягона, аз макру фиреб муъсир, овози дағобозӣ ва ҳаё ройи мубарро ҳусни сулук дарбори ўст ва сармояи иззату тавқир дар ҷайбу канор.
Ҳар ки дар ў сирати неку бувад,
Одаме аз одамиён ў бувад.
Некии мардум на накурўйӣ аст,
Хўйи неку мояи некуйӣ аст.
...дар ҳаёт баҳамчашмон сурхрўйӣ ҳосил намудан аст ва баъди марг мисоли оҳуи мушк нофа ёдгорӣ гузоштан.
Ёд дорӣ, ба вақти зодани ту
Ҳама хандон буданду ту гирён?
Ончунон зӣ, ки баъди мурдани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон.
Машҳун – пур.
Маъмур – пур, мутеъ.
Муъсир – камбағал.
Дағобозӣ – макру ҳила.
Рой – фикр, андеша.
Мубарро – пок, соф.
Тавқир – эҳтиром.
Моя – асос.
Нофа – халтачаи мушк, ки аз нофи оҳу ҳосил мешавад, гўё макони он Хутан (Чин) будааст; маводди хушбўй.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Бе талаб бар дари касон гардидан ҳурмату обрўи хеш рехтан аст ва даст бар дари дигарон бе иҷозат бурдан сарриштаи иззат ва тавқир гум кардану муҷиби силӣ хўрдан аст.
Бе талаб, зинҳор бар хони касон меҳмон машав,
Гавҳари беқимати санги таҳи дандон машав.
Набинӣ, ки то гул дар гулзор ба иштиёқи таллоқ лаб накушояд, зинҳор андалеб таманнои висолаш дар дил наёрад ва то ниҳол дар бўстони сабад меваҳои гуногун пешкаш насозад, касе бар ағсонаш панҷаи хоҳиш дароз накунад.
Ишқ аввал дар дили маъшуқ пайдо мешавад,
То насўзад шамъ, кай парвона шайдо мешавад.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Ҳар фарди башарро лозим аст, ки ба суҳбати донишварони равшанзамир ва ҳунармандони пуртадбир зонуи адаб таҳ намояд ва аз омезиши ҷоҳилони хаффош- табиат иҷтиноб варзад, ки мулоқоти хирадмандон ҳамчу мушку анбар аст. Суҳбати сафеҳон чун миҷмари пур аз ахгар, аз он тараф сарсарӣ ҳам биёяд, бўи хушаш бар дўш гирифта, дилу димоғро нофаи Хутан созад ва саҳнаи табъро чамани чаман ва агар аз ин тараф насиме ҳам бивазад, ба муҷоварати бад чун барқи хотиф хирмани офиятро бисўзад ва шуълаи ғам дар дил барафрўзад ва агар бар оинаи хаёл партави рафоқати ҷуҳҳол бияфтад, ранги нокомӣ тираву тор намояд ва хокистари номуродӣ бар фарқ афшонад.
Об чун дар равған уфтад, нола хезад аз чароғ,
Суҳбати ноҷинс бошад самраи озорҳо.
Иштиёқ – шавқ, орзу.
Таллоқ – ҷудоӣ.
Андалеб – булбул.
Ағсон – шох, навда.
Хаффош – кўршапарак.
Иҷтиноб – парҳез.
Сафеҳ – аблаҳ, нодон.
Миҷмар – зарфи уд ва испанддудкунӣ.
Ахгар – оташпора.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Ин панҷ уюбро дастури амали хеш набояд сохт ва нарди рағбати инон бар бисоти рўзгор набояд бохт.
Аввал: қиморбозӣ, ки ин рахнаандози кохи имон аст ва ғоратгари кишвари иззату ҷон;
Роҷаналро савдояш дар сар уфтод, охир шунидӣ, ки ба чашм задан салтанат аз даст бидод. Ҳама ашғолро андозаест, аммо ин берун аз имкон ва дигар баҳори уюбро соҳиле аст, лекин ин Қулзуме аст нопайдоканор, ки киштии авқот дар чормавҷаи тўфонаш андохта, матои дину дунёро ғарқи фано сохт. Агар ба мисли «Ганҷи Қорун» ба даст ояд ва неъмати рубъи маскун муяссар гардад, назри як бозиш мешавад ва даст аз бозичаи дуюм чун панҷаи чанор холӣ мемонад, иштиёқаш ба ранги иштиҳои оташи сўзанда гоҳе сурати интифо напазирад ва пои шавқаш мисли оби равони дарёи аз сайр мондагӣ напазирад.
Ҳуш дор аз ин қиморбозӣ!
Бигрез зи қалби корсозӣ!
Бадтар ба ҷаҳон аз ин бало нест!
Дар анҷуманаш ба ҷуз дағо нест!
Муҷоварат – ҳамнишинӣ, наздикӣ, ҳамсоягӣ.
Хотиф – дурахшанда.
Офият – осудаҳолӣ, амонӣ.
Ҷуҳҳол – ҷамъи ҷоҳил.
Самра – самар, ҳосил.
Уюб – ҷамъи айб.
Савдо – номи амрозест аз ахлоти чоргона ва номи мизоҷ (Роҷа лақаби шоҳони Ҳинд).
Ашғол – ҷамъи шуғл.
Қулзум – баҳр; баҳри Аҳмар (Сурх).
Чормавҷ – маҷозан чор дарё.
Қорун – соҳиби ганҷи бисёре, ки сарваташ барбод рафтааст.
Дувум: шикорбозӣ, ки гулуи ҷонварон аз корди бераҳмӣ буридан ва таклифи эшон ҳамчун таклифи худ нашумурдан баид аз инсоф аст.
Саъдӣ гўяд:
Зери поят гар надонӣ ҳоли мўр,
Ҳамчу ҳоли туст зери пои пил.
Агар дар пои инсон хоре бихалад ва ё мўри безўр вар ҷисм бигазад, чи ҳолати торе мешавад ва чи гуна ранг мутағайир мегардад, чи ҷое, ки ҳайвонотро ба дашнаи бераҳмӣ мазбуҳ сохтан ва ба бедарде рўҳи онҳо аз тан баровардан.
Шунидаам, ки ба заббоҳ гўсфанде гуфт
Дар он замон, ки гулуяш ба теғ мебуррид.
Мазои ҳар хасу хоре, ки хўрдаам, дидам,
Ҳар он ки паҳлуи чарбаш хўрад, чӣ хоҳад дид?
Рубъи маскун – чоряки кураи Змин, ки мувофиқи ақидаи пешиниён аз чор як ҳиссаи Зминро хушкӣ ташкил медиҳад ва ҳамин қисми Заминро рубъи маскун (чоряки аҳолинишин) номидаанд.
Интифо – хомўшӣ.
Таклиф – азоб.
Баид – дур.
Мазбуҳ – сар буридан.
Заббоҳ – қассоб, забҳкунанда.
Мааҳозо, то ҳадди имкон дар тасдеи ҷонварон накушад ва нақши эзорсони ў сон бар саҳфаи хотир накашад.
Фирдавсӣ:
Маёзор мўре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в) аш аст!
Сиёҳ андарун бошаду сангдил,
Ки хоҳад, ки мўре шавад тангдил.
Ҳофиз фармуда:
Мабош дар пайи озору ҳар чи хоҳӣ, кун!
Ки дар тариқати мо ғайр аз ин гуноҳе нест.
Севум: Шаробхорӣ. Ҳар ки хаёли шавқи майнўшӣ дар сар медорад ва авқоти ҳаёти мустаор бад-ин шуғл сарф мекунад, умуроти дунёро абтар месозад ва ба раҳгузарии охират хорҳои надомат меандозад, неъматҳои номутаноҳӣ бар ў ҳаром аст, лаънати ҳар аҳли мазоҳиб ба рўяш мустадом ҷоми дилаш аз бодаи беҳушӣ маъмур ва дар беҳаёиву тардоманӣ ба олам машҳур.
Ақли солим зи майи ноб наояд берун,
Киштии коғазӣ аз об наояд берун.
Мааҳозо – бо ҳамин, ҳамин тариқ....
Тасдеъ – ташвиш.
Эзоросон – маҷозан камар бастан.
Сон – тавр, гуна.
Тариқат – роҳу равиш, мазҳаб.
Мустаор – муваққатӣ.
Умурот – ҷамъи амр.
Абтар – бефоида, беҳуда.
Номутаноҳӣ – беинтиҳо, бепоён.
Мазоҳиб – ҷамъи мазҳаб.
Мустадом – ҳамеша, доимо.
Маъмур – пур.
Ноб – соф, холис.
Чаҳорум: Зинокорӣ. Зинокорӣ, ҳаёти бесаботро дар афъоли бад зоеъ кардан ва густохона бар корҳои ношоиста ва умуроти нобоиста камари вақоҳат бастан хилофи ақл аст. Касе, ки ҳайвуннафс дар мизмори зинокорӣ маҳмез кунад ва ҷамозаи табиат дар тариқи бадкорӣ тез, дар чорсўи гетӣ ангуштнамо ба беҳамиятӣ шавад ва дар сафар тўшаи шармсорӣ барад. Агар гули харзаҳра зебу зинати бўстон буда, боғбон ба дамонидани насрину настаран машаққат набурдӣ ва агар хористони бадафъолӣ самари нек ниҳодӣ, касе дар гулистони ҷаҳон навбоваи некаъмолӣ нанишондӣ.
Саъдӣ:
Ки шаҳват оташ аст, аз вай бипарҳез,
Ба худ – бар оташи дўзах макун тез.
Дар он оташ надорӣ тоқати сўз,
Ба сабр обе бар ин оташ зан имрўз.
Панҷум: Дуздӣ. Ҳар ки бар ин кори накуҳида табиати худро ғабб гардонад ва рўзӣ аз чунин пешаи ноқиса пайдо менамояд, чеҳраи ҳолро ба охир аз ашки надомат мешўяд ва шерозаи нусхаи ҷамъияту хотири хеш мунташир месозад. Ҳама олам дар шаб ба истироҳат масруфу ў ҳамчу буми шум ба талоши маош машғуф. Ҳар кас ба бистари роҳату айш дар амну амон ва ў ба сазои ҷисмонӣ пайи ғораи ақос ва адонӣ дар меҳнати зиндон. Агар боре истеҳсоли беҷояш ошкор шавад ва муктасабаи ҷоизаш падидор, пешкаши ришватситонон мегардад ва ранги сияҳбахтон кафи афсўсу ҳасрат мемолад. Гоҳе пояш силки5 занҷири мусалсал асту гоҳе гулуяшро тавқи лаънат ҳамоил. Ҳар фарди башар аз суҳбаташ нуфур асту аз мулоқоташ кофур, пас аз ин кори ношоиста иҷтиноб набудан баҷо.
Густох – бешарм, беҳаё.
Нобоиста – нобоб, нолоиқ.
Вақоҳат – бешармӣ, беҳаёӣ.
Мизмор – майдон.
Маҳмез – пошна.
Ҷамоза – тезрафтор.
Гетӣ – дунё.
Беҳамият – беномус, беорият.
Насрину настаран – ҳулул, хўч.
Бадафъол – бадфеъл.
Накуҳида – таън.
Ғабб – рўз дар миён, ё ҳафтае як рўз ба дуздӣ одат кардан.
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Бар мулоқоти соҳибғараз эътимод надорад ва хилташро ба ҳеҷ вақт дар ҳисоб нашуморад, ки чун бармуроди хеш дастрас ёбад, аз анису мувохот рў бартобад.
Чун ғараз омад, ҳунар пўшида шуд,
Сад ҳиҷоб аз дил ба рўйи дида шуд.
Машғуф – саргарм.
Ақос – канораҳои дурдаст.
Адонӣ – ҷамъи адно; хору забун.
Муктасаб – ба даст оварда шуда.
Силк – банд.
Мусалсал – пайвасти пай дар пай.
Кофур – нобовар.
Хилт – ахлоти ҳукмрон аз ахлоти чоргона: хун, сафро, савдо, балғам дар вуҷуди одам.
Анис – рафиқ.
Муховот – дўстӣ ва бардарӣ
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Агар дар талаби коре вақте пеш ояд ва ба манзили ҳусули мақсуд мушкилӣ рў намояд, наъл дар оташ нашавад ва аз роҳи душворгузар собитқадаме бар нагардад.
Гар фалак кори туро барҳам занад, аз ҷо марав!
Ҷомаро хайёт созад қатъ баҳри дўхтан.
Басо авқот аз гардиши сипеҳри бемеҳр найрангҳои гуногун ва шуъбадаҳои буқаламун сар мекашад ва ба сони Юсуф аз аҳвони шаётини даҳр гарди малол бар домани ҳол менишинад ва бўи пероҳани маром ба машом намерасад. Агар дар он замон замона оби шўри номуродӣ ба коми ҷон чаконад ва ҳазорон доғҳои таколиф бар ҷигар ниҳад, рутбу-ул-лисон ба шукргузорӣ будан беҳтар аст ва тиразабон ба сипосдорӣ.
Дар биёбон чун зи шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори мағелон, ғам махўр!
МЕБОЯД ПИСАНДИД:
Асбоби истиқомати салтанат ва аркони пойдории мамлакат чаҳор ҳастанд:
Аввал: дурандешӣ, пеш аз пеш омадани воқеот биандешад ва аз тааммуқи назар нишебу фарози маомилот бубинад.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ бояд кард,
Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.
Хайёт - дўзанда
Сипеҳр – маҷозан замон.
Шўъбада – найрангбозӣ.
Буқаламун – маҷозан рангоранг.
Аҳвони - бародарон
Таколиф – азоб, ҷабр
Сипосдорӣ – миннатдорӣ.
Истиқомат – пойдорӣ, барқарорӣ.
Аркон – ҷамъи рукн, сутун.
Аввал: дурандешӣ, пеш аз пеш омадани воқеот биандешад ва аз тааммуқи назар нишебу фарози маомилот бубинад.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ бояд кард,
Дареғ суд надорад, чу рафт кор аз даст.
Дувум: истиқлол, ки баъдаш сурати интиқол набандад ва пои иқомат аз ҷодаи иродат налағжад.
Ба устувории андеша кўш дар тадбир,
Ки аз тараддуд васвос сад халал зояд.
Субот рой намояд, хаёл кори дуруст,
Дар оби ҷунбон сурат дуруст нанамояд.
Севум: дурусттадбир, ки аз роҳи савоб ҷониби тақсир моил нагардад ва аз нохуни тафаккур гиреҳи корҳои сарбаста бикшояд.
Ба тадбир Рустам даромад ба банд,
Ки Исфандёраш наҷаст аз каманд.
Чаҳорум: шамшери тез, ки дар хунрезии аъдо шўрангез бошад, дар маъракаи ҷидолу қаттол қиёматхез.
Нашавад нафси омма қобили хайр,
Гарна шамшер подшо бошад.
Тааммуқ – чуқур.
Интиқол – кўчидан, иваз шудан.
Иқомат – истиқомат, манзил.
Субот – устуворӣ.
Ҷидол – низоъ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё