Зеҳн

МЕБОЯД ПИСАНДИД

ЗЕ
Зеҳн9 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

«...сарвати зиёд инсонро аз ҳадди одамӣ бароварда, ба ҳайвони ваҳшӣ табдил медиҳад. Агар майли одам ба танпарварӣ вусъат ёбад, қобилияти идроку фаҳмиш ва дониш мемирад».

Абўалӣ ибни Сино

Дар таҳсили илму ҳунар кўшидан кошонаи димоғро аз шамъи хирад равнақ бахшидан ва оинаи дилро аз ғубори ҷаҳолат мусаффо сохтан.

Молдоре, ки аз давлати илм тиҳикиса ва мунъиме, ки аз ганҷи ҳунар бебаҳра, қарини донодилони сухан- офарину равшанзамирон меҳри тамкин ҳеҷ қадре наёрад ва ба чашми ҷавҳариён ҷавҳари дониш ё қуввати бебаҳояш ба шубҳа ҳам наярзад.

Гар Фаридун шавад ба неъмату мулк,
Беҳунарро ба ҳеҷ кас машмор.

Парниёну насиҷ бар ноаҳл
Лоҷварду тиллост бар девор.

Алҳақ: Илму ҳунар ҳусули ҷоҳу таҷаммулро махзан аст ва таҳсили симу зарро маъдани хотам, донишу бинишро нигин ва дар таҳзиби6 ахлоқи шуҳрати офоқ чун нигорхонаи Чин, кафили кору бори мамлакати подшоҳон ва тоҷи сари фазилату иззати олимон.

Коре, ки туро ба Ҳақ расонад, илм аст, Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст. Ҷуз илм макун бадрақа дар дори ҷаҳон, Роҳе, ки ба мақсад бирасонад, илм аст.

Агар ҷоҳил биёмўзад, оқил гардад, вагарна мутамаввил соил шавад, турфа давлатест, ки аз бахшоиш тариқе гирад, чандоне ки ба дигарон базл кунӣ, афзунӣ пазирад, пас лозим аст, ки дар таҳсили илм ва ҳунар бикўшад ва умри азизи худро ба лаҳв ва лаъб талаф насозад.

Касби камол кун, ки азизи ҷаҳон шавӣ,
Кас бе камол ҳеҷ наярзад, азизи ман.

Парниён – ҳарир.
Насиҷ – матоъ.
Лоҷувард – санги кабуди шаффоф, ки аз он нигини ангуштарӣ месозанд.
Таҷаммул – ҳашамат.
Хотам – нигин.
Таҳзиб – тарбия.
Бадрақа – ҳамроҳ, рафиқ.
Мутамаввил – тавонгар, бой (Соил – гадо).

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Аз лаимони даҳр таманнои диле хостан ва аз сангдилон чашми беҳӣ доштан подзаҳр дар даҳони мор ҷустан аст ва шаъшааи офтоб аз шаби дайҷур ҳосил намудан. Гули коғаз бо васфи рангин машом муаттар насозад ва чўби хушк бо вуҷуди обёрӣ самар наёрад.

Зи бедардон илоҷи дард ҷустанҳо ба он монад,
Ки хор аз по бурун орад касе бо неши ақрабҳо.

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Онро, ки сиришташ бад асту одаташ ноқис, ба таҳзибу тарбияти ў кўшидан маҳтоб ба газ паймудан аст ва бод ба мушт гирифтан, ки мисмор аз ҷид ва ҷаҳд дар санги хоро наравад ва зангӣ аз шустан ба оби Кавсар сафед нагардад.

Кажро ба такаллуф натавон рост намудан, Кай тир тавон сохтан аз чўби камонҳо.

МЕБОЯД ПИСАНДИД:

Эҳтиёҷ санг аст барои шикастани гавҳари иззати мардумон ва оташест баҳри сўхтани баргу сози тақвири инсон, агарчи аз ин балои ногаҳонӣ ва офати осмонӣ мутанаффисро гурезе нест ва аз гирдоби ранҷу миҳани хоҳишҳои дунёвӣ сабоҳони чобукдастро вораҳидан мумкин не, аммо даст диҳад, дасти савол пеши касе дароз нанамояд ва ҳоҷати худро ба Худо супорад, ки он биноест ва азобест азим, ки ҳар гоҳ бесабронро рў медиҳад, дасти дарюзагарӣ ба ҳузури ҷаҳониён дароз менамояд ва гавҳари обрўро бе об месозанд.

Лаим – нокас, хасис, фурўмоя.
Дайҷур – торик.
Газ – ченаки дарозӣ (91,5 см).
Мисмор – мех.

Кавсар – чашмае дар биҳишт.
Тақвир – иззат, эҳтиром.
Мутанаффис – нафаскашанда.
Миҳан – меҳнат.

Дар шуҷоат одамӣ ҳарчанд чун Рустам шавад,
Мешавад чун Зол оҷиз дар набарди эҳтиёҷ.

Муносиб, ки дар он вақт по ба домани қаноат даркашад ва пайи рўзӣ пеши мухолифон обрўи худ нарезад.

Пур кун зи оби дидаи гирён сабўи хеш,
Яъне марез бар лаби ҷў обрўи хеш.
Ҳаргиз ғаме зи косаи холӣ намехўрем,
Наргиссифат задем гиреҳ бар гулўи хеш.

Ки дар тангдастию фалокат зи аҳли давлат таманнои мурувват намудан, хок дар дидаи умед анбоштан аст ва ба ҳангоми ғурбат ва саромади усрат аз аҳли рўзгор чашми беҳбудӣ доштан, дар оташи ҳасрат ва ҳирмон сўхтан.

Ба вақти тангдастӣ ошно бегона мегардад,
Суроҳӣ чун шавад холӣ, ҷудо паймона мегардад.

Агар чораи ҳолат аз гулгунаи илму ҳунар хушҷамол аст ва ганҷинаи сина аз нуқуди фунуну ҳурфат моломол, пас ба хона пушт ба девор нишастан, дар ранҷу миҳан мубтало гаштан аст ва ҳамчун пастҳимматон дар чоҳи хорӣ ва парешонӣ афтодан. Лозим аст, ки аз кулбаи эҳзон рахт берун кашӣ ва азму ҷазми сафар намоӣ, то шаби сияҳбахтӣ аз саҳари мурод мубаддал шавад ва хуршеди мақосид аз уфуқи ғайб тулўъ намояд.

Сафар мураббии мард аст ё ҳусули зафар,
Сафар хазинаи мол асту устоди ҳунар.
Ба шаҳри хеш касе қадри кас намедонад,
Гуҳар ба батни садаф, қадри ў бувад камтар.

Дарюза – гадоӣ.
Саромад – сардафтар.
Усрат – машаққат, рўзи сахт.
Ҳирмон – ноумедӣ.
Суроҳӣ – зарфи шароб.
Ҳурфат – касб, пеша.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2