МЕБОЯД ДИД
Дунё золест фиребанда ва шавҳаркуш, ки бисёр таҳамтанонро бежанвор дар чоҳи лаҳад муқайяд сохта ва ҷоест гузоштанӣ ва гузаштанӣ. Аксар соҳиби иқболро аз авҷи давлат дар хоки мазаллат анбошта ва гулест ҷуз хор бўй надиҳад, саробест, ки ҷуз намоиши беш надорад, бояд, ки дар ин саробгоҳ ба ҳушёрӣ қадам ниҳӣ ва умри азизи худро, ки натиҷааш ҷуз фаное нест, бар бод надиҳӣ ва коре чунон кунӣ, ки баъди ту ба накўӣ ёд кунанд ва гоҳ-гоҳе номи ту ба хайр баранд.
Чашм кушову нигар аҳволи хеш,
Хоби гарони аҷал омад ба пеш.
МЕБОЯД ДИД:
Муҳаббат бар ду қисм аст: аввал, ҳубби дунё, ки охири он надомат аст; дувум, ҳубби дин, ки нафъи он биҳишт аст. Туро ихтиёр боқист аз ин ҳар ду, яъне надомат ва биҳишт ҳар чи қабул кунӣ.
Як нукта бас аст, агар шуур аст,
Варна чу чароғ пеши кўр аст.
МЕБОЯД ДИД:
Ба кори дунё чунон ғарқ машав, ки худро ғарқ кунӣ, аз дасту по задани ту чи хайр зояд ва чи бад барояд. Ту хуб яқин медонӣ, ки муншии қудрат дар дафтари девони қазо ҳар он чи рақам фармудааст, аз он як ҳарф на беш, на кам хоҳад шуд. Пас чаро истиқлолро аз даст диҳӣ ва ба назари аҳли рўзгор сабук дароӣ.
Мазаллат – хорию зорӣ.
Фано – нестӣ.
Ҳуб – муҳаббат.
Муншии қудрат – котиби тавоно; маҷозан малоика.
Гар кори ту нек аст, ба тадбири ту нест,
В-ар низ бад аст ҳам, ба тақсири ту нест.
Таслиму ризо пеша куну шод бизӣ,
К-ин неку бади ҷаҳон ба тақдири ту нест.
МЕБОЯД ДИД:
Эй камҳуш, ба илм кўш, ки мардуми беилму беҳунар ба диёри хеш, назди хеш ва бегона хору бемиқдор бошад ва олиму ҳунарманд ба ҳар ҷо ва ба ҳар маконе, ки равад, тавқиру иззаташ афзояд, лоф бар ҳунари обо ва аҷдод мазан ва насабу ҳасабро васила масоз.
Аз ҳунари хеш кушо синаро,
Моя макун нисбати деринаро.
Зинда ба мурда машав, эй нотамом!
Зинда ту кун мурдаи худро ба ном!
Аз падари мурда малоф, эй ҷавон!
Гар на сагӣ, чун хушӣ аз устухон?
МЕБОЯД ДИД:
Эй фарзанди арҷманд, аз хешон ва қарибони худ таваққуи хайр мадор, ки хешони ту чун шаҷари бебарганд, карами эшон бемаҳал аст. Агар тавонӣ, ба зўри бозуи худ чизе ҳосил кунӣ, варна бар матрукаи бузургони худ собиру шокир бош ва хислати нек гузину некиро фаромўш макун ва эҳсон бар касе кардӣ, нокарда ангор ва рози дил бо касе магў ва аз бадасл таманнои вафо макун ва эътимод бар занон мадор ва меҳмонро азиз дор ва сухани бедарёфту бебурҳон бар забон марон, бал аз тақрири бемаҳал, ки анвои шарру фасод сар мезанад, аз ончунон сухан хомўшӣ афзал.
Тақсир – кўтоҳӣ, гунаҳ.
Бемиқдор – беқадр, беэътибор.
Тавқир – эҳтиром.
Обо – ҷамъи «аб» падарон.
Ҳасаб – ҳолу аҳвол, шараф, бузургӣ.
Шаҷар – дарахт.
Матрука – моли меросӣ.
«Хомўшӣ маънӣ дорад, ки дар гуфтан намеояд» ва ба ҷои касе бад марасон, ки «Чоҳкандаро чоҳ дар пеш аст».
Ҳар ки бадкор ё бадандеш аст,
Рўйи некӣ дигар куҷо бинад?
Ҳар ки шохи мазаррате корад,
Меваи манфиат куҷо чинад?
«Барги сабз аст туҳфаи дарвеш».
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё