МЕБОЯД ДИД
Аломати аҳмақӣ панҷ чиз аст: аввал, талаби манфиати хеш дар мазаррати дигарон кардан; дувум, савоби охиратро бе риёзати ибодат чашм доштан; севум, ба дуруштгўӣ ва тундхўӣ бо занон ишқбозӣ намудан; чаҳорум, бе вафодорӣ ва риояти ҳуқуқи ёрӣ таваққуи дўстӣ аз мардум намудан; панҷум: ба таносоиву роҳат бар халқуллоҳ сардорӣ кардан ва дақоиқи улум донистан.
МЕБОЯД ДИД:
Ҳукамо гуфтаанд, ки бе дўст набояд зист, аммо ҳар кас низ дўстиро нашояд, дўстӣ бо яке аз се тоифа лозим аст: аввал, арбоби илму ибодат, ки ба баракати суҳбати эшон саодати дунё ва охират ҳосил тавон кард; дувум, аҳли макоримахлоқ, ки хатои дўстро бипўшонад ва насиҳат аз ёр дареғ надорад; севум, ҷамъе, ки ба ғаразу тамаъ набошанд ва бинои дўстӣ бар сидқу ихлос ниҳанд.
Мазаррат, зарар, зиён.
Риёзат – ранҷ, меҳнат.
Таваққуъ – умед, чашмдор.
Макоримахлоқ – дорои ахлоқи лутфу карам.
Эҳтироз кардан аз дўстии се гурўҳ аз фароиз аст: яке фосиқ ва аҳли фуҷур, ки ҳиммати эшон бар муштаҳиёти нафс масруф бувад, суҳбати эшон на сабаби роҳати дунё бошад, на муҷиби раҳмати охират. Дувум, дурўғгўён ва арбоби хиёнат, ки суҳбати эшон азоби алим ва муошират бо эшон балои азим бувад, пайваста бо дигарон аз ту суханони ғайри воқеъ бозгўянд ва аз дигарон ба ту пайғомҳои ваҳшатомез ва фитнаангез ба хилофи ростӣ бознамоянд. Севум, аблаҳон ва бехирадон, ки на дар ҷарри6 манфиат бар эшон эътимод тавон кард ва на дар дафъи мазаррат. Ба ҳукми мисраъ:
«Душмани доно беҳ аз дўсти нодон».
МЕБОЯД ДИД:
Дар дунё чаҳор чиз сахттар аст: аввал; дар мавсими пирӣ бенавоӣ ва хорӣ; дувум: дар ғурбат беморӣ; севум, арз ба ҳангоми қиллат; чаҳорум, тафриқаи рафиқ дар мусофират.
МЕБОЯД ДИД:
Бояд ки ин се чизро хў кунӣ, яке таъхир дар уқубот; дувум: таъҷил дар хайрот; севум: сабр дар ҳодисот.
Фароиз – ҷамъи фариза; зарур, ҳатмӣ.
Фуҷур – бадкор, бадахлоқ.
Муштаҳиёт – орзу ва хоҳиш.
Алим – аламнок, дарднок.
Муошират – суҳбат.
Ҷар (ҷарр) – кашиш; овардан.
Қиллат – нодорӣ, қашшоқӣ.
Тафриқа – парокандагӣ, ҷудоӣ.
МЕБОЯД ДИД:
Панҷ чизро ғанимат дон: аввал, ҷавониро қабли пирӣ; дувум, тандурустиро қабли беморӣ; савум, тавонгариро қабли муҳтоҷӣ; чаҳорум, фароғатро қабли машғулӣ; панҷум, зиндагиро қабли мавт.
МЕБОЯД ДИД:
Ҳукамо гуфтаанд, ки агар ҷамъе азимати коре кунанд ва гурўҳе дар талаби муҳимме қадам зананд, он кас ба мақсуд хоҳад расид, ки ба фазилати мурувват махсус бошад ва агар ҳама дар мурувват баробар бошанд, касе мурод ёбад, ки суботи дил ва сидқи азимати ў бештар бувад ва агар дар ин низ тасовии вай бошанд, он кас бар матлуб қодир гардад, ки ёру мададгори ў зиёда бошанд ва агар дар он ҳам тафовуте набошад, то ҳар киро давлат ёварӣ кунад ва қути бахт мадад диҳад, зафар ўро хоҳад буд.
Кавкаби бахт чу толеъ шавад аз мавҷи мурод,
Он чи мақсуд бувад, зуд муяссар гардад. Мадади толеъ агар нест, маранҷон худро, Ки агар рўй сўи баҳр ниҳӣ, бар гардад.
МЕБОЯД ДИД:
Дар маҳалли иқтидор инони ихтиёр дар қабзаи тасарруфи нафси аммора манеҳ, ки туро дар вартаи ҳалок абадӣ андозанд ва ба ҳангоми хашм бар зердастон раҳим бош, то ба вақти ҷазо забардасти оламиён бар ту меҳрубон бошад ва ҳеҷ ҳол аз ҳадди инсоф дарнагузарӣ.
Тасовӣ – баробарӣ (мусовӣ).
Забардасти оламиён – маҷозан Офаридагор, Худо.
МЕБОЯД ДИД:
Аҳли олам дар қавлу феъл бар чаҳор қисманд: аввал: он, ки бигўянду накунанд, в-ин шеваи мунофиқону бехаёлон аст; дувум: он, ки бигўянд ва бикунанд, ин сирати дунёдорон аст; севум: он, ки нагўянд ва бикунанд, ин одати ҷавонмардон аст; чаҳорум: он, ки нагўянду накунанд, ин хислати дунон ва хасисҳимматон аст.
МЕБОЯД ДИД:
Ин чанд ҷумла дар ақовили ҳукамо омадааст, бояд донист, ки ҳар ки чаҳор кор кунад, чаҳор чизро мутарассид бояд бувад: аввал: ҳар ки дар хўрдани таом ҳарисӣ зиёда кунад, мунтазири беморӣ бояд бувад. Дувум: ҳар ки ба суҳбати занон ҳарис бошад, расво шуданро омода бошад. Севум: ҳар ки бар мусоҳибони бехирад эътимод кунад, мулку давлатро падруд бояд кард. Чаҳорум: ҳар ки зулм кунад, ҳалоки худро яқин бояд кард ва мумкин нест, ки касе аз соғари ситамгорӣ ҷуръа бинўшад ва ба хумори бало мубтало нагардад ва дар чамани аъмол ниҳоли бедод биншонад, ҷуз уқубату азоб бар надорад.
Раҳо кун ситамро ба якборагӣ,
Ки камумрӣ орад ситамкорагӣ.
Ақовил – ҷамъи қавл.
Мутарассид – мунтазир, нигарон.
Ҳарис – гурусначашм, тамаъкор.
Падруд – видоъ.
Қалил – андак, камӣ.
Касир – зиёд, бисёр.
Вом – қарз.
Дигар, чаҳор чиз, ки қалили онро касир бояд донист: аввал: оташ, ки қалили ўро ҳамон зарар аст дар сўхтан, ки бисёреро; дувум: вом, ки надомат аз қарзхоҳон дар як дирам ҳамон аст, ки дар даҳ ҳазор динор. Севум: беморӣ, ки ҳарчанд инҳирофи мизоҷ қалил бошад, заифу нотавонӣ орад; чаҳорум: аъдо, ки агар чи хору ҳақир бошанд, охир кори худ намоянд, дигаре то беморро сиҳати куллӣ ҳосил наояд, аз хўрданӣ ва нўшиданӣ зоиқа наёбад ва ҳаммол то бори гарон аз пушт наниҳад, наёсояд ва ошиқ то дар висоли маъшуқ нарасад, роҳат наёбад ва мусофир то ба манзил фуруд наёяд, изтиробаш кам нашавад ва марди махуф то аз адуви муставлӣ эмин нагардад, қарор нагирад.
Чун зи душман касе фароғат ёфт,
Ҷониби хушдилӣ инон бартофт.
Дигар, шаш касро тамаъ аз шаш чиз бояд бурид: аввал: подшоҳи золимниҳодро аз саботи давлат ва давоми мулк, дувум: мағруру мутакаббирро аз авсофи мардум ва ном кардани ў ба некуӣ, севум: бадхулқро аз бисёрии мусоҳибон; чаҳорум: беадаб ва хирарўйро аз мартабаи бузургӣ; панҷум: мумсикро аз некиву некукорӣ: шашум: томеъро аз беҷурмӣ, чи тамаъ одамиро дар ҳаром афканад ва ҳар ҷо, ки ҳирсу оз хаймаи иқомат занад, амонату ростӣ аз он ҷо рахт бардорад.
Динор – пули тилло, ашрафӣ.
Инҳироф – каҷ рафтан.
Зоиқа – маза; завқ.
Ҳаммол – борбар, борбардор.
Махуф – хавфнок, тарсдор.
Адуввӣ – адў, душман.
Авсоф – ҷамъи васф; сифат.
Беҷурмӣ – беайбӣ, бегуноҳӣ.
Маваддат – дўстӣ, муҳаббат.
Дигар, ду чиз қоим аст пеш аз вуқўи ду чиз: аввал: ҳавз ва чашма то вақте хуш аст, ки ба дарё нарасида ва чун ба баҳр омезад, дигар аз ҳаловат ва покизагӣ умед натавон кард. Дувум: мувофақат аз хешон ва маваддати софӣ аз дўстон то вақте барқарор аст, ки мардуми суханчин ва муфсид маҷоли сухан наёфтааст, чун мардуми дур дар мобайни ду ёр фурсати сухан ёфт, дигар бар дўстии эшон таваққуъ набояд намуд ва эътимод натавон кард.
Дигар, се тан ҳамвора муқайяди андуҳ ва асиру бандаи ғам бошанд: аввал: он ки доим ба бадкорӣ масруф бошад. Дувум: дар ҳолати иқтидор накукорӣ накунанд. Савум: ноандешида коре кунад ва оқибати он надомат бошад...
Дигар, се тан худро дар ранҷ андозанд: яке: он ки дар ҷанг аз худ ғофил шавад, то захми гарон ёбад. Дувум: он ки ворис надорад ва мол аз ваҷҳи ҳаром пайдо кунад. Севум, пирамарде, ки зани бад ва ҷавон дар никоҳ орад ва дил дар ў бандад, ки он зан ҳар вақт мавти ў аз Худо хоҳад.
Дигар, ҷидду ҷаҳди ду тан бефоида аст: яке козуре, ки ҷомаи пуртакаллуф ва порчаи шаффоф пўшад ва дар миёни об истода ҷома шўяд. Дувум: бозургоне, ки зани хубсурат дар ақд орад ва ўро дар ҳазар гузошта сафар кунад.
Дигар, таҳаттук ба ҳаракоти ду кас зоҳир шавад: яке: он ки моли худ назди бегона амонат ниҳад. Дувум: он, ки аҳмақеро дар миёни худ ва хасм ҳоким кунад.
Дигар, тарки суҳбат аз ду кас наку афтад: яке он ки неку бадро яксон донад ва савобу иқоби уқборо нобуд пиндорад; дувум: он ки зоҳирро аз навоҳӣ ва ботинро аз малоҳӣ пок надорад.
Дигар, аз шаш чиз фоида натавон гирифт: аввал, қавли беамал; дувум, моли бехайр: севум, дўсти бетаҷриба, чаҳорум, илми бесалоҳ, панҷум: садақаи беният; шашум, зиндагонӣ бе сиҳҳат.
Муфсид – бадкор, вайронкор.
Муқайяд – гирифтор, побанд.
Козур – ҷомашўй.
Такаллуф – ба маънии барзиёд.
Ҳазар – хона.
Таҳаттук – беандеша.
Навоҳӣ – ҷамъи наҳӣ.
Малоҳӣ – бозиҳо.
Дигар, ҳашт танро дар ҳашт ҷо тавон озмуд: олимро дар ҳангоми тақриру мубоҳиса ва мардуми аслиро дар вақти накбат ва зоҳидро дар эҳрози савоби охират ва дўстро дар айёми ҳоҷат ва деҳқонро дар мавсими зироат ва савдогарро дар ҳангоми ҳисоб ва бузургонро дар замони ғазаб ва шуҷоъро дар майдони ҷанг.
Дигар, бояд донист, ки ҳукамо бар авроқи саҳоифи васоё сабт кардаанд, ки аз мусоҳабати ҳашт гурўҳ парҳез фармудан лозим аст ва ба ҳашт тоифа мусоҳабату мухолатат аз лавозим аст. Аммо он ҳашт тан, ки домани мувофиқат аз ҳамдамии эшон дур бояд чид: аввал он аст, ки ҳаққи неъмати мунъимро нашносад ва худро ба куфрони неъмат мавсум созад. Дувум, он ки бесабаб ғазаб гирад ва хашми ў бар ҳилм ғолиб бошад. Севум, он ки ба умри дароз мағрур бошад ва худро аз риояти ҳуқуқи холиқу халқ бениёз ангорад. Чаҳорум, он ки ҳар корро бар ғадру макр кунад ва онҳо дар назари ў саҳл намоянд. Панҷум, он ки бар дурўғ ва хиёнат далер бошад ва аз ростиву амонат парҳез кунад. Шашум, он ки дар абвоби шаҳват риштаи нафсро дароз гирад ва ҳавову ҳавасро қиблаи мақсуд шуморад. Ҳафтум, он ки бешарм бувад ва ба шўхчашмӣ ва беадабӣ авқот ба сар кунад. Ҳаштум, он ки бе сабабе дар ҳаққи мардум гумони бад кунад ва бе ҳуҷҷате арбоби донишро муттаҳам созад. Аммо он ҳашт кас, ки бо эшон бояд пайваст ва суҳбати эшон ғанимат бояд донист; аввал, касе, ки шукри эҳсон лозим шумурд; Дувум, он ки аҳду муҳаббат ва ақди маваддати ў ба ҳаводиси рўзгор ва инқилоби замона ва гардишу даврони нопойдор шикаста нагардад; севум, он ки таъзим ва такрими аҳли макрамат ва арбоби тарбият воҷиб бинад; чаҳорум: он ки аз ғадру фуҷур ва нахвату ғурур бипарҳезанд; панҷум, он ки дар вақти ғазаб бар забт қодир шавад; шашум, он ки алами саховат барафрўзад ва дар таҳсили матолиби соилон ба миқдори мақдур саъй намояд; ҳафтум, он ки ҳаё ва шарму салоҳро ҳар вақт бар худ тамассук намояд ва ба кадоме айём аз адаб таҷовуз накунад; ҳаштум, муҳибби сулаҳо ва арбоби яқин бувад ва аз аҳли фуҷуру фисқ карона кунад. Ва ҳар ки бо ин тоифа, ки зикр шуд, дар мақоми мувофиқ бувад ва аз он гурўҳ, ки собиқ мазкур гашт, эҳтироз ва эъроз намояд, ба баракати мусоҳабати инон ахлоқи разила аз ў мунқатеъ гашта, мизоҷи ҳолаш бо салоҳ наздик шавад, чи сирка, ки ба он ҳиддат ва туршрўйӣ, ки дорад, чун шакар дар он омезад, аз туршии худ бозраста, муҷиби дафъи амрози касир мегардад.
Тақрир – суханронӣ.
Эҳроз – нигоҳ доштан.
Мухолатат – ҳамдамӣ, ҳамсуҳбатӣ.
Мунъим – бадавлат, молдор.
Куфрон – куфр, кофир.
Мавсум – таъин.
Ҳилм – нармӣ, мулоиматӣ.
Ангоштан – пиндоштан.
Абвоб – ҷамъи боб.
Авқот – ҷамъи вақт.
Такрим – эҳтиром.
Макрамат – иззат, лутфу карам.
Фуҷур – бадкор, бадаҳлоқ.
Забт – худдорӣ.
Мақдур – тавоноӣ.
Тамассук – эҳтиром.
Сулаҳо – ҷамъи солеҳ, покдил.
Арбоби яқин – арбоби ҳақиқат, ростӣ.
Эъроз – ҳазар.
Ҳиддат – тезӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё