МАВЛАВӢ МУҲАММАД ҲУСАЙН ТОЛИБИ ПУРӢ
Оид ба ҷараёни зиндагӣ ва маҳсули эҷодии Мавлавӣ Муҳаммад Ҳусайн Толиби Пурӣ маълумоти илмӣ дар айни замон дар сарчашмаҳои илмӣ-адабӣ пурра ба назар намерасад. Дар бораи мусанниф ва асарҳои вай О.П.Шеглова каме маълумот дода ва гуфтааст, ки асарҳои ўро Мунишӣ Ата Раҳмон дар охири моҳи рамазони соли 1296 (аввали сентябри соли 1879) ҷамъ оварда, ба чоп ҳозир кардааст. Муҳаммад Ҳусайн Толиби Пурӣ намояндаи адабиёти асри XIX аст. О. П. Шеглова ишора кардааст, ки муаллиф рисолаҳои ахлоқиашро барои писараш Абдулазим таълиф кардааст. Асарҳои вай дар соли 1897 дар матбааи «Навал Кишур»-и Конпур ба табъ расидааст.
Дар баёзи No 3326, «Маҷмўаи ғазалиёт»-и шоирон, ҷойи 199, варақи 67 (б) аз ғазалиёти Муҳаммад Ҳусайн Толиби Пурӣ ҷой дода шудааст. Баёзро Мулло Абдураҳмон дар соли 1298 (1881) тартиб додааст.
Мавлавӣ Васлии Самарқандӣ (вафоташ 1925), ки рисолаҳои ахлоқии ўро аз форсӣ ба туркӣ тарҷума кардааст, дар тарҷумаи туркии рисолаи «Мебояд писандид» ўро аз қасабаи Султонпурии балдаи Саҳорнпури Ҳиндустон зикр мекунад ва ҳам дар дебочаи рисолаи «Мебояд дид» бидуни сипосгузорӣ ва ситоиш бо чунин маънӣ ишора шудааст:
«...он, ки аз музофоти Муршидобод аз фақири ҳақир Муҳаммад Ҳусайн-ул-Ҳанафи Толиби Пурӣ илтимос мекунад, ки ин сатре чанд судманд аз китобҳои муътабари бузургони салаф1 интихоб намуда, бо иборати салис2барои мутолиаи фарзанди арҷманд Миён Муҳаммад Абдулазим Абўлҳудо саламаллоҳу таоло нависад ва онро «Мебояд дид» меномад. Агар фурсат даст диҳад ва тавфиқ рафиқ бошад, гоҳ-гоҳе аз ин ҷумлае чанд бихонад ва бар он амал кунад, варна «Илми беамал чун муми беасал» ҳеҷ лаззате надорад».
Аз матни ин дебоча чунин маънӣ бармеояд, ки муаллиф рисоларо бо дархости фарде фароҳам овардааст, аммо дар охири рисола ў аз фарзанди худ ном мебарад.
Маҷмўаи рисолаҳои ахлоқии Муҳаммад Ҳусайн Толиби Пурӣ бо эҳтимоми Муллокамолхон бинни Муллоғуломхони Қории Қаротошии Тошкандӣ, муқими мадрасаи Кўкалтош, аз саромади шогирдони Мулло Эшонхоҷаи Қории Тошкандӣ – мударриси мадрасаи Кўкалтош, бори аввал дар моҳи рабеъ-ул-аввали санаи 1332 (1914) дар матбааи Тошканд ба табъ расидааст.
Рисолаҳои «Мебояд дид» ва «Мебояд писандид» бо ибораю ҷумлаҳои кўтоҳи пурмазмун, бо насри мусаҷҷаъ ва пораҳои назмӣ таълиф ёфтаанд. Рисолаҳо аз хусуси санъати баён, услуб, воситаҳои тасвир ва қоиммақом дар мавқеъ ва ҷои худ иншо шудани калимаю таркибҳо ва мутаносиб буданашон ба услуби санъати насри классикӣ мутобиқат дорад. Муаллиф дар дохили матни рисолаҳо- дар зери порчаҳои насрӣ аз ашъори шоирон – Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигарон, то Соиб истифода кардааст.
1 Салаф – пешинагон.
2 Салис – осон ва равон.
МЕБОЯД ДИД:
«...аз суҳбати панҷ кас ҳазар кун:
– Яке дурўғзан, ки ҳамеша бо ў дар ғурур бошӣ ва дигар аҳмақ, ки он вақт ки суди ту хоҳад, зиён кунад ва надонад ва севум бахил, ки дар беҳтарин вақте аз ту бибурад ва чаҳорум баддил, ки ба вақти ҳоҷат туро зоеъ гузорад ва панҷум фосиқ, ки туро ба як луқма ё камтар аз як луқма бифрўшад».
Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, «Кимиёи саодат»
МЕБОЯД ДИД:
Агар саодати ду ҷаҳон хоҳӣ, ин сиву як хислатро хў кунӣ:
Аввал: яқинии тавҳид ва шаҳодат бар Ў.
Дувум: таъмили ҳукми Худову Расул, Қуръону Ҳадисро пешвои худ созӣ.
Севум: пайрави асҳоби кибору аиммаи атҳор.
Чаҳорум: итоати модару падар алҳақ, хушнудии модару падар дар дунё мўҷиби давлат ва ҳам дар охират сабаби наҷоту саодат.
Панҷум: ҳурмату иззати бузургон ва шафқату раҳмат бар хурдон бояд кард.
Шашум: тарки такаббуру ғурур, чи кибр одамиро хору бемиқдор созад.
То тавонӣ, ба гирди кибр магард, Мутакаббир баре зи кибр нах (в) ард.
Хў – одат.
Яқини тавҳид – ростӣ ба Худои ягона.
Таъмил – амал.
Асҳоби кибору аиммаи атҳор – ҳамсуҳбатони бузургу пешвоёни пок, имомон.
Бемиқдор – беқадр, беэътибор.
Гар ту бекибру бериё бошӣ, Хоси даргоҳи Кибриё бошӣ.
Ҳафтум: дар вақти накбату мусибат қаноат ва сабрро ихтиёр кун ва ба вақти нузул (костагӣ)-и раҳмату неъмат шокир бош, ки сабр сифате бағоят мақбул аст... ва шукргузорӣ сабаби зиёдатии неъмат аст...
Ҳаштум: аз хешу ақориби хеш дурӣ ва қатъи раҳм накунӣ, бал ба ҳасби иститоати худ сулук ва эҳсон намоӣ, силаи раҳм умрро бияфзояду рўзиро фарох гардонад. Дар аҳодиси қудусия ҳаст, ки Ман Раҳмонам ва иштиқоқи раҳм аз исми Ман аст, ҳар ки онро пайванд кунад, ман ўро ба раҳмати Худ восил гардонам, ҳар ки онро бибурад, аз раҳмати худаш мунқатъ созам.
Нуҳум: кадоме аз инсонро чи зинда, чи мурда, ҳақир набояд пиндошт.
Бар хеш кушода кун раҳи васлати хеш, То аз ҳама беш бошиву аз ҳама пеш.
Даҳум: дунёро бар дин муқаддам накунӣ, ки ин шеваи аҳли нифоқ11 ва пешаи табаҳрўзгорон аст.
Ёздаҳум: сухани наммом ва ғаммоз бар ҳақи кадоме мусулмонон бовар накунӣ, балки соъӣ ва наммомро дар маҷлиси худ роҳ надиҳӣ.
Мутакаббир – такаббур.
Баре – бор, ҳосил.
Риё – мунофиқӣ, дурўягӣ.
Ҳасб – ҳолу аҳвол, андозаю миқдор. 5 Иститоат – тавон, имкон.
Сулук – одат.
Иштиқоқ – ҳосилшавӣ.
Восил – маҳбуб.
Мунқатъ – қатъ.
Васлат – васл, висол; пайвастан.
Нифоқ – дурўягӣ, макр.
Мадеҳ роҳ аҳли ғараз пеши хеш, Кӣ омехт бо якдигар шаҳду неш?! Ба сурат диҳад нўшу ёрӣ кунад, Ба маънӣ занад нешу хорӣ кунад.
Дувоздаҳум: худро аз мавоқеи туҳмату буҳтон паҳлу тиҳӣ гардон ва аз бадгумонии ғайр маҳфуз дор.
Сенздаҳум: буҳтон бар касе набандӣ ва зоид аз се рўз кинаи мусулмонон бар дили худ наниҳӣ, ки ҳеҷ ранҷе аз ҳасад ва кина азимтар нест, чи марди ҳасуд пайваста аз шодии мардум ғамнок бошад ва аз роҳати дигарон дар ранҷ.
Рубоӣ:
Он дард, ки дармон напазирад, ҳасад аст,
Оини ҳасад қоидаи деву дад аст.
Гўянд, ҳасад хасмба мардум бошад,
Гар з-он, ки неку дарнигарӣ, хасми х(в)ад аст.
Чаҳордаҳум: айбпўширо шеваи худ соз, ки ин хислати баргузидагон аст ва сатторӣ яке аз сифатҳои Ў Таоло, агар дар дунё айби касе бипўшӣ, ба рўзи қиёмат Худованди таоло айбҳои туро бипўшад.
Понздаҳум: аз касе хилофи ваъдагӣ накунӣ, ки ҳусни аҳд аз хисоли бузургони сутудаҳол аст ва вафо кори ҷавонмардони аҳли камол...
Наммом – суханчин, хабаркаш.
Ғаммоз – суханчин, хабаркаш.
Соӣ – бадгў.
Ғараз – бадқасд, бадният, худбин.
Паҳлу тиҳӣ гардондан – канораву дурӣ ҷустан.
Маҳфуз – нигоҳ.
Дад – ҳайвони дарранда.
Сатторӣ – айбпўшӣ.
Сутуда – писандида.
Нест баҳри мардуми соҳибназар Хидмате аз аҳд писандидатар.
Шонздаҳум: аз ҳар кадом бо кушодапешонӣ ва шукуфтарўӣ пеш оиву бо хандарўӣ калом кунӣ.
Ҳафтдаҳум: ба қадри рутбаву манзалати ҳар кас иззат карда бошӣ.
Ҳаждаҳум: агар дар миёни ду тан хусумате пайдо шавад, бояд ки сулҳ карда диҳӣ ва дар ин боб саъйи балеғ намоӣ.
Нуздаҳум: агар шуморо назди ҳокими вақт қадр ва манзалате ҳосил шавад, бояд ки саъй ва супориши мазлумон бикунед ва доди эшон бидиҳонед.
Бистум: бар ҳама кас эҳсон бояд намуд, чи нек ва чи бад, ба қавли Шайх Саъдӣ алайҳираҳма:
Баду некро базл кун симу зар,
Ки ин касби хайр асту он дафъи шар.
Эҳсон сабаби некномӣ ва карам муҷиби ҳуҷаста-фарҷомӣ аст, ҳеҷ одамиёнро беҳ аз ҷуду саховат нест:
Ба халқ эҳсон намудан муҷиби охир накў бошад, Ҳино аз дастгирди мардум охир сурхрў бошад.
Бисту якум: афв ва шафқатро шева кунӣ, ки ин хислат дар фазилат бар ҷумлаи хисол фоиқ аст. Ҳақ ва Субҳона Таъоло Пайғамбари худро салаллоҳу алайҳӣ ва олиҳӣ васаллам бад-ин сифат амр кард, ки сифати афвро одат кун, дар афв лаззате ҳаст, ки дар интиқом нест.
Балеғ – пурра, комил.
Базл – бахшиш, ато.
Ҳуҷастафарҷомӣ – хушбахтӣ.
Фоиқ – беҳтар.
Чу қудрат дод Эзид бар гунаҳкор,
Ба авфаш банд кун, то банда гардад,
Ки муҷрим куштаи афъоли хеш аст,
Чу бўйи афв ёбад, зинда гардад.
Бисту дувум: худро аз суҳбати бад нигаҳ дор, ки суҳбати бад аз ҷаҳаннам бадтар аст. Суҳбат ба ҳасби хосият муассир аст, чунончи, ҳамнишини некон сабаби мазиди давлат аст ва муҳолатати бадон муҷиби малол ва надомат.
Рафиқи нек бояд кард ҳосил,
Ки суҳбатро нашояд ҳар сияҳдил.
Бисту савум: суҳбати дарвешону некон ва муҳтоҷонро ор надонӣ ва нанг накунӣ, ки мусоҳабати некон ва маҷоласати дарвешон кимиёи саодати абадӣ аст ва раҳнамои давлати сармадӣ.
Бисту чаҳорум: бар одамиён ба саломун алайк сабқат кунӣ, ки ин сифати кофаи аҳли ислом аст ва яке аз нишонаҳои тавозуъ.
Бисту панҷум: аёдати бемор бояд кард, агарчи хонаи мариз дур бошад, ё қариб.
Ҳасб – андоза.
Муассир – таъсиркунанда.
Мазид – афзоиш, зиёдшавӣ.
Муҳолатат – ҳамдамӣ, ҳамсуҳбатӣ.
Мусоҳибат – ҳамсуҳбатӣ.
Маҷоласат – ҳамнишинӣ, ҳамсуҳбатӣ.
Сармадӣ – абадӣ, ҷовид.
Сабқат – пештар.
Кофа – ҳама, ҳамагӣ.
Тавозуъ – хоксорӣ.
Бисту шашум: маъияти майит то қабргоҳ бояд ва зиёрати мазорот низ.
Бисту ҳафтум: дар миёни қавми худ чунон ба нармӣ пеш ой, ки ҳар касе дилбастаи ту бошад.
Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст, Аз ҳазорон Каъба як дил хуштар аст.
Бисту ҳаштум: бе таҷриба бар касе эътимод надорӣ, то дину диёнат ва муруввату аҳлияти касеро борҳо наозмоӣ, ўро соҳибвуқуфи сирри худ нагардонӣ.
Роз макшой ба хар кас, ки дар ин маркази хок Сайр кардем басе, марҳами асрор набуд.
Бисту нуҳум: чизе ки бар худ написандӣ, бар дигаре маписанд.
Сиюм: аз ҳазлу масхарагӣ ва фаҳшу зиёдагўйӣ эҳтироз кунӣ, ки дар ин гуноҳи азим аст ва афъоли накуҳида...
Сию якум: аз ғайбату ғаммозӣ ва ҳирсу ҳасад ва буғзу нифоқ, уҷбу такаббур ва риёву бухл парҳез кунӣ.
Хоҳӣ, ки шавад дили ту чун оина, Даҳ чиз бурун кун аз даруни сина: Ҳирсу ҳасаду бухлу дурўғу ғайбат, Кибру ғазабу уҷбу риёву кина.
Маъият – ёрӣ додан.
Майит – мурда, фавтида.
Накуҳида – сарзанишу таъна.
Ғасб – чизи зўран гирифта, зўран гирифтан.
Хоҳӣ, ки шавӣ ба манзили қурб муқим,
Нуҳ чиз ба нафси хеш фармо таълим:
Сабру шукру қаноату илму яқин,
Тафвизу таваккалу ризову таслим.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё