Зеҳн

РУСТАНИПАРВАРӢ

БА
Барномасоз8 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Рустанипарварӣ яке аз соҳаи асосии кишоварзӣ мебошад. Одамон рустаниҳоро асосан, бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти хӯрокворӣ, нах ва хӯроки чорво парвариш мекунанд.

Нони дастархони мо аз гандум ҳосил мешавад. Гандум зироати асосии ғал ладона ба ҳисоб меравад. Аз гандум на фақат нон, балки маҳсулоти гуногуни ордӣ, аз қабили макарон, намудҳои гуногуни кулчақанд ва чандин маҳсулоти ди гарро истеҳсол мекунанд. Вобаста ба шароити иқлим дар минтақаҳои гуногуни кураи Замин гандуми ба ҳо рӣ ва тирамоҳӣ кишт мекунанд. Агар обу ҳаво ва иқлим хунук бошад, гандуми баҳорӣ мекоранд. Чунки дар фасли зимистон онро хунук мезанад. Дар минтақаҳое, ки иқлимаш муътадил аст, гандуми тирамоҳӣ кишт карда мешавад. Майсаҳои гандуми тирамоҳ киштшуда дар зери барф зимистонро гузаронида, баҳор нашвуна мои худро давом медиҳанд ва зуд пухта мера санд. Ба зироатҳои ғалла дона, инчунин шолӣ, ҷуворимакка, ҷав, нахӯд ва ғайра дохил мешаванд.

Картошка сабзавотест, ки аз ҷиҳати аҳамиятнокӣ баъд аз зироати ғалладона дуюмин зироати рустанипарварӣ ба ҳисоб меравад. Картошкаро, асосан, дар ҷойҳои салқин мекоранд. Аз картошка оҳар ва ҳар гуна маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол мекунанд.

Рустанипарварон, инчунин намудҳои гуногуни меваю сабзавотро мерӯёнанд, ки барои одамон манбаи ғизо ва витаминҳо мебошанд. Дар минтақаҳои хунук парвариши сабзавотро дар гармхонаҳои махсус ба роҳ мемонанд.

Баъзе намуди рустаниҳоро одамон барои хӯроки чорво парвариш мекунанд. Ба ин гуна рустаниҳо беда (юнучқа) ва лаблабуи хӯроки чорво дохил мешаванд. Одамон онҳоро дар ҷойҳои махсус захира намуда, фасли зимистон ба чорвои хонагӣ медиҳанд.

Пахта ва зағир зироатҳои маъмултарини нахдиҳанда мебошанд. Аз ин рустаниҳо нахи табиӣ ба даст меоранд. Нахи ин рустаниҳоро барои дӯхтани либос ва дигар корҳои техникӣ истифода мебаранд. Аз нахи зағирканаб итеҳсол мекунанд, ки ниҳоят пурқувват аст. Пахта ва зағир зироати равғандиҳанда низ мебошанд.

Дар соҳаи рустанипарварӣ мутахассисони гуногун кор мекунанд. Онҳо касби худро хуб медонанд. Мутахассисон давраҳои кишт, нигоҳубин ва ҷамъоварии рустаниҳои гуногунро таҷриба кардаанд. Онҳо аз рӯйи намуди зоҳирӣ рустании солимро аз касал фарқ карда метавонанд ва роҳҳои табобати онро медонанд. Рустанипарварон бо техникаи ҳозиразамон шиносанд ва бисёр корҳои деҳқониро бо истифодаи техника иҷро мекунанд. Касби деҳқонӣ ниҳоят пурмашаққат аст ва танҳо касе деҳқони асил шуда метавонад, ки рустаниҳоро дӯст дорад.

АҶИБ АСТ!

Дар соҳаи рустанипарварӣ олимон низ корҳои зиёдро ба анҷом мерасонанд. Онҳо рустаниҳои хусусияти гуногундоштаро бо ҳам ҷуфт (дурага) карда, навъҳои нави рустаниро мерӯёнанд, ки аз ягон ҷиҳат барои одам фоидаовар аст. Масалан, навъҳои себ, ангур, гелос, нок ва дигар меваҳои болаззат маҳсули меҳнати олимони соҳаи рустанипарварӣ мебошанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2