Зеҳн

САНОАТ

БА
Барномасоз8 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Саноат як соҳаи иқтисодиёт аст, ки молу маҳсулот истеҳсол мекунад. Молҳои саноатӣ хеле зиёд ва гуногунанд. Қалам, дафтар, либос, хӯрокворӣ, мошин, телефон, қатора, ҳавопаймо ҳама молҳои саноатианд. Маълум аст, ки ин қадар молҳои гуногунро танҳо як корхона ё як соҳа истеҳсол карда наметавонад. Барои ҳамин саноат дар навбати худ боз аз соҳаҳои гуногун иборат аст: энергетика, филизгудозӣ, мошинсозӣ, ресандагӣ, бофан дагӣ, чарму пойафзол, хӯрокворӣ ва ғайраҳо.

Мо дар хона аз неруи барқ ба таври васеъ истифода мебарем. Хонаҳоямонро равшан мекунем, аз телевизор, радио, дарзмол, яхдон, мошинаҳои либосшӯйӣ ва ғайра истифода мебарем. Ҳамаи ин бо қувваи барқ кор мекунад. Қувваи барқ дар неругоҳҳои барқӣ истеҳсол меша вад. Неругоҳҳои барқӣ ба як соҳаи саноат, ки энергетика ном дорад, дохил мешаванд. Ба соҳаи энергетика истихроҷи ангиштсанг, нафт ва газ низ мансуб аст. Соҳаи дигари саноат фили згудозӣ (металлгудозӣ) мебошад. Филизгудозӣ гуфта, дар ҳарорати ниҳоят баланд гудохтан (об кардан)-и оҳан, алюминий ва дигар филизҳоро дар назар доранд. Пас аз гудохтан филизро дар қолаби муайян мерезанд ва хунук мекунанд. Арматура, ноқилҳои барқӣ, асбобу зарфҳои алюминӣ дар соҳаи саноати филизгудозӣ истеҳсол карда мешаванд. филиз: ҷисми маъданӣ.

Соҳаи саноати мошинсозӣ барои корхонаҳои гуногун даст гоҳҳо истеҳсол мекунад. Ин дастгоҳҳо барои равғанбарорӣ, риштабофӣ, қолинбофӣ, истеҳ соли матоъ ба кор бурда меша ванд. Инчунин ин соҳаи саноат мошинҳои сабукрав, боркаш, автобус, чархбол ва ҳавопаймо истеҳсол мекунад.

Мо дар оилаи худ ҳар рӯз аз собун, хокаҳои либосшӯйӣ, дору, ашёи резинӣ ва пластикӣ истифода мекунем.

Сохтмончиён барои рангубор кардани биноҳо рангҳои гуногунро ба кор мебаранд. Ҳамаи онҳо дар корхонаҳои саноати химия ба вуҷуд меоянд.

Шумо субҳи барвақт либосҳоятонро пӯшида, сӯйи мактаб равон мешавед. Оё боре фикр кардаед, ки ин либосҳоро дар куҷо истеҳсол мекунанд? Либосу пойафзоли шуморо дар корхонаҳои саноати сабук истеҳсол мекунанд.

Мо ҳар рӯз ғизоҳои гуногун, аз қабили нон, равған, панир, шакар, гӯшт, шоколад ва ғайраро истеъмол мекунем. Ҳамаи ин дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсол мешаванд.

Хулоса, саноат дар иқтисодиёт ва ҳаёти одамон нақши муҳим бозида, аксари молу маҳсулоти ниёзи мардум дар саноат истеҳсол карда мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2