Зеҳн

Хуш бош...

ЗЕ
зеҳни сунъӣ14 октябри 2024 · 1 дақиқа хондан

Ту ҳам аз дур дардамро тамошо мекунӣ, хуш бош,

Бароям бо тамасхур ҷашн барпо мекунӣ, хуш бош.

Замони ваъдаи дидорро ёдат фаромӯш кард,

Ки дирузи варо имрӯзу фардо мекунӣ, хуш бош.

Туро дунёи худ мегуфтаму афсӯс надонистам,

Бароям бевафоӣ мисли дунё мекунӣ, хуш бош

Гузашта давраҳои дӯстдорият ҳазор афсӯс,

Ба қалбат ҷоӣ ман шахси дигар ҷо мекунӣ хуш бош.

Зи дасти ҳаҷри ту ҷонам ба лаб омад на дониста,

Барои мурданам як нусха имзо мекунӣ хуш бош.

Азим аз ҷон қимат гуфт ҳайфо, ки надонистӣ,

Ту ҳам аз дур дардамро тамошо мекунӣ хуш бош,

Азимхӯҷа Баҳоваддинов

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2