Зеҳн

ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ТАБИӢ

БА
Барномасоз7 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Инсоният ашёи табииро дар давраҳои таърихӣ ба таври гуногун истифода мебурд. Одамони ибтидоӣ ҳамагӣ ду-се намуди рустанӣ ва якчанд намуди ҳайвонҳоро истеъмол мекарданд. Баъдан онҳо истифодаи хокро ёд гирифта, ба кишту кори зироатҳо шурӯъ намуданд. Ҳайвонҳои ваҳширо хонагӣ карданд, истеҳсоли нуқра ва оҳанро омӯхтанд.

Дар замони имрӯза одам аз об, ҳаво, хок, канданиҳои фоиданок, наботот ва ҳайвонот ба таври васеъ истифода мебарад. Ӯ аз ашёи табиат хона месозад, маводи хӯрокӣ ва пӯшокӣ тайёр мекунад. Ҳатто об ва ҳаворо маҷбур мекунад, ки барои ӯ хизмат кунанд. Аз қувваи об, бод (шамол), нурҳои Офтоб ва қувваи дохилии Замин неругоҳҳои барқӣ сохта, қувваи барқ истеҳсол мекунанд.

Ҳама чизе, ки одамон ҳамчун манбаи ашёи хом ва энергия истифода мебаранд, сарватҳои табиӣ мебошанд. Олимон сарватҳои табииро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд:

1) Сарватҳои тамомнашаванда.

2) Сарватҳои тамомшаванда.

Ба сарватҳои тамомнашаванда баъзе намуди манбаъҳои қувва (энергия), ба мисли: қувваи Офтоб, бод, энергияи дохилии Замин, оби дарё ва баҳру уқёнусҳо дохил мешаванд. Сарватҳои табиии тамомшаванда канданиҳои фоиданок (нафт, газ, ангишт, оҳан, тилло, нуқра ва ғайра), наботот, ҳайвонот ва хок мебошанд. Дар нақшаи зер инро хубтар дидан мумкин аст.

Баъзе сарватҳои табиии тамомшавандаро аз нав барқарор кардан мумкин аст. Масалан, намудҳои ҳайвонот ё набототи камшудаистодаро бо роҳи муҳофизаткунӣ (дар мамнуъгоҳҳо) зиёд кардан мумкин аст. Мисоли дигар, агар замин (хок)-и ҳосилаш камшударо ба муддати якчанд сол дам диҳем (чизе накорем) ва коркарди заминро дуруст ба роҳ монем, он аз нав ҳосилхез мешавад.

Ҳар як шахс бояд ҳамеша дар фикри сарфакорона истифода бурдан ва муҳофизати сарватҳои табиӣ бошад. Дар сурати бепарвоёна истифода бурдани сарватҳои табиӣ наслҳои оянда мумкин аст аз онҳо бенасиб бимонанд.

АҶИБ АСТ!

Тилло филизи камёфт ва сарвати қиматбаҳо мебошад. Дар тамоми муддате, ки инсон тиллоро истифода бурдааст, аз зери замин зиёда аз 140 ҳазор тонна тилло ба даст оварда шудааст. Агар ҳамаи тиллои истеҳсолшударо ба аҳолии кураи Замин тақсим кунем, ба ҳар як одам 20 грамм тилло мерасад.

Аҷиб он аст, ки ҳамагӣ 10 фоизи тиллои истеҳсолшударо дар саноат истифода мебаранд, боқимонда дар дасти одамон мебошад.

Истифодаи сарватҳои табиӣ — ин раванди истихроҷ, коркард ва баҳрабардорӣ аз захираҳои табиӣ (об, замин, канданиҳои фоиданок, ҷангал ва энергия) барои таъмини талаботи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Сарватҳои табиӣ ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд:

  • Барқароршаванда: энергияи офтоб ва шамол, об, захираҳои биологии ҷангал ва ҳайвонот (бо шарти истифодаи оқилона).

  • Барқарорнашаванда: нафт, газ, ангишт, металлҳо ва дигар канданиҳои фоиданок, ки ҳаҷми маҳдуд доранд.

Истифодаи оқилона ва устувор

Истифодаи муосири захираҳо мувозинати байни рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зистро талаб мекунад:

  • Гузариш ба энергияи сабз: Истифодаи бештари манбаъҳои таҷдидпазир (энергияи офтобӣ ва гидроэнергетика) барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ.

  • Идоракунии муассири об: Татбиқи технологияҳои каммасраф (ба монанди обёрии қатрагӣ) дар кишоварзӣ ва саноат.

  • Иқтисоди даврӣ (Circular Economy): Коркарди дубораи ашёи хом (ресайклинг) ва кам кардани партовҳои саноатӣ.

  • Ҳифзи гуногунии биологӣ: Пешгирии буридани беназорати ҷангалҳо ва барқарорсозии заминҳои эрозияшуда (рекультивация).

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2