ОБ – САРЧАШМАИ ҲАЁТ
Об дар ҳаёти инсон ва дигар мавҷудоти зинда аҳамияти беандоза дорад. Зиёда аз 75 фоизи вазни бадани одамро об ташкил медиҳад. Агар одам 20 фоизи оби баданашро талаф диҳад, ин ба марг оварда мерасонад. Ҳамаи ҷараёнҳое, ки дар бадани одам ба амал меоянд, бо иштироки об мегузаранд. Одам бе об ҳамагӣ якчанд рӯз зиндагӣ карда метавонаду халос.
Аз рӯзи таваллуд то охири умр инсон обро дар ҳаёт ва фаъолияти худ истифода мебарад. Об дар бадани мо вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- барои безарар гардонидани нафаскашӣ ҳаворо намнок мекунад;
- ҳарорати бадани одамро идора мекунад;
- барои ҳазми моддаҳои ғизоӣ ёрӣ мерасонад;
- дар мубодилаи моддаҳои организм иштирок мекунад;
- ҳар гуна моддаҳои нолозим ҳамроҳи об аз бадан хориҷ мешаванд.
Одам обро дар фаъолияти хоҷагидорӣ чӣ гуна истифода мебарад? Дар байни сарватҳои табиие, ки одам ба кор мебарад, об ҷойи аввалро ишғол мекунад. Одамон обро бештар дар корҳои зерин истифода мебаранд:
- Ҳар як одам дар хоҷагии оилавиаш обро барои нӯшидан, тайёр кардани хӯрок, шустушӯй ва тозагӣ истифода мебарад.
- Соҳаи кишоварзӣ бе об вуҷуд дошта наметавонад. Дар ин соҳа обро барои парвариши зироатҳо, боғҳо, чорводорӣ ва моҳипарварӣ ба кор мебаранд. Бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои ташналаб дар баъзе ҷойҳо каналҳо кофта мешаванд.
- Дар корхонаҳои саноатӣ ҳангоми истеҳсоли молҳои гуногун, хунук кардан ва шустани дастгоҳҳо аз об ба таври фаровон истифода мебаранд.
- Обро ҳамчун воситаи роҳи нақлиёт истифода мебаранд. Қисми зиёди борҳо дар дунё тавассути роҳҳои баҳрӣ ва дарё кашонида мешаванд. Бо ин мақсад киштиҳое сохта шудаанд, ки ҳазорҳо тонна борҳои гуногунро кашонида метавонанд.
- Аз об барқ истеҳсол мекунанд. Барои истеҳсоли неруи барқ дар дарёҳо неругоҳи барқи обӣ (НБО) месозанд.
- Об манбаи саломатӣ ва руҳу илҳоми одамон аст. Дар соҳили дарё, кӯл, баҳр ва чашмаҳои шифобахш истироҳатгоҳҳо ва дармонгоҳҳо сохта шудаанд. Ҳар сол одамони зиёд дар ин гуна ҷойҳо дам гирифта, саломатии худро барқарор мекунанд.
Мутаассифона, солҳои охир дар миқёси сайёраи Замин об – сарвати бебаҳои мо ифлос ва ҳаҷми оби нӯшокӣ сол то сол кам шуда истодааст. Ҷиддӣ будани ин мушкилотро дарк намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 16 сол пеш ба оламиён муроҷиат карда буданд. Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои оби нӯшокӣ дар миқёси ҷаҳон якчанд корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Соли 2018 пешниҳоди чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оламиён якдилона қабул карданд. Зимни он дар ҷаҳон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардид.
АҶИБ АСТ!
Айни замон 70 фоизи сатҳи сайёраи Заминро об ишғол кардааст. Аз ин миқдор қариб 2 фоизаш барои нӯшидан кор меояд.
50 соли охир дар дунё барои оби нӯшокӣ 507 муноқиша рўй додааст, ки 21-тои он ба таври мусаллаҳона анҷом ёфтааст.
Ҷанбаи биологӣ (илмӣ)
-
Таркиби бадан: Масалан, бадани инсони калонсол тақрибан 60-70% аз об иборат аст, бадани кӯдак то 75%. Ҳатто устухонҳо 20-25% об доранд.
-
Вазифаҳои об дар организм:
-
Ҳалкунандаи асосии моддаҳои ғизоӣ ва минералҳо.
-
Иштирокчии асосии равандҳои химиявӣ (ферментҳо бе об кор намекунанд).
-
Танзимкунандаи ҳарорати бадан (тавассути арақ).
-
Нақлиётчии оксиген ва моддаҳои ғизоӣ ба ҳуҷайраҳо.
-
-
Давомнокии зиндагӣ бе об: Одам бе об назар ба бе ғизо (<3-4 ҳафта) хеле камтар (<3-4 рӯз) зинда мемонад.
3. Нақши об дар табиат ва хоҷагӣ
-
Барои рустаниҳо: Об тавассути реша ҷаббида мешавад ва фотосинтезро таъмин мекунад. Ҳар як рустанӣ ба миқдори муайяни об (аз кактус то шолӣ) ниёз дорад.
-
Барои кишоварзӣ: Бе оби кофӣ, ҳосили зироат ду маротиба кам мешавад ё сифаташ паст мешавад.
-
Барои ҳайвонот: Ҳайвонот низ ба оби тоза барои нӯшидан ва макони зист (дарёву кӯлҳо) эҳтиёҷ доранд.
4. Бӯҳрони об дар ҷаҳон ва Тоҷикистон
Гарчанде ки Замин 70% об дорад, вале танҳо 2.5% об ширин аст ва аз ин миқдор ҳамагӣ 1% дастраси одамон мебошад (боқӣ дар пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ).
Дар Тоҷикистон, сарфи назар аз доштани пиряхҳои зиёд ва дарёҳои пуроб (сарчашмаи 60% оби Осиёи Марказӣ), масъалаи камобии нӯшокӣ дар баъзе ноҳияҳо (хусусан дар тобистон) ҳисс мешавад. Илова бар ин, ифлосшавии дарёҳо (бо партовҳо ва кимиё) ин сарчашмаи гаронбаҳоро зери хатар мегузорад.
5. Чӣ гуна обро қадр кунем?
Барои он ки об ҳамеша "сарчашмаи ҳаёт" боқӣ монад, ҳар яки мо метавонем:
-
Обро беҳуда сарф накунем (дар ҳангоми шустушӯ ё обдиҳии боғ).
-
Дарёву кӯлҳоро ифлос накунем (партовро ба об напартоем).
-
Системаҳои обёрии сарфаҷӯ (қатрагӣ) истифода барем.
-
Пирахҳоро нигоҳ дорем, зеро онҳо захираи стратегии оби тоза мебошанд.
Хулоса
"Об – сарчашмаи ҳаёт" як ҳақиқати оддӣ, вале муҳим аст. Ҳама чизе, ки дар ин сайёра ҳаракат мекунад, нафас мекашад ва месабзад, ба об вобаста аст. Агар об набошад – ҳаёт нест. Пас, ҳифз ва сарфаи об вазифаи ҳар як инсон аст, зеро об сарчашмаи ягонаест, ки ивазкунанда надорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё