НАҚШИ ҲАВО ДАР ҲАЁТИ ОДАМ
Барои нафаскашии одам, ҳайвонот ва дигар мавҷудоти зинда ҳаво зарур аст. Одам бе ҳаво ҳамагӣ якчанд дақиқа зиндагӣ карда метавонад. Барои он ки организми мо дуруст фаъолият кунад, бояд ҳатман бо гази оксиген таъмин шавад. Гази оксигенро мо аз ҳавои муҳити атроф тавассути узвҳои нафаскашӣ мегирем. Аммо ҳавои тоза дар ҳама ҷо мавҷуд нест. Хусусан, ҳавои шаҳрҳо пур аз ифлосиҳо мебошад. Ҳаворо корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт ва рӯзгори одамон ифлос мекунанд. Дар таркиби ҳавои ифлос ҳар гуна моддаҳои барои саломатии инсон зарарнок вуҷуд доранд. Агар одам муддати дароз аз чунин ҳаво нафас гирад, ба бемориҳои узвҳои нафасгирӣ дучор мешавад. Пас, бояд чӣ кор кард?
ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?
Зиёда аз 20 фоизи гази оксигене, ки организмҳои зинда, аз ҷумла одам нафас мегирад, дар ҷангалҳо истеҳсол мешаванд. Дар истеҳсоли гази оксиген, хусусан саҳми ҷангалҳои Амазония, ки дар қитъаи Амрико ҷойгиранд, ниҳоят арзанда мебошад. Бесабаб нест, ки одамон ҷангалҳоро ба шуши сайёраи Замин ташбеҳ медиҳанд.
Одамон ҳоло барои тоза нигоҳ доштани ҳаво корҳои зиёдеро анҷом дода истодаанд. Масалан, дар заводу фабрикаҳо дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ шинонида, хориҷшавии моддаҳои зарарнокро кам мекунанд. Дар заминҳои бекорхобида ва шаҳру деҳот корҳои кабудизоркуниро ба роҳ мемонанд, зеро рустаниҳои сабз дар тоза нигоҳ доштани ҳаво аҳамияти беандоза доранд. Инчунин, мошинҳое сохта шуда истодаанд, ки аз сӯзишворӣ истифода намебаранд ва ҳаворо ифлос намекунанд.
Одамон аз ҳаво истифода бурданро омӯхтаанд. Дар корхонаҳои кимиёвӣ аз гази нитрогени таркиби ҳаво истифода бурда, нуриҳои маъданӣ (минералӣ) истеҳсол мекунанд. Нурии маъданиро деҳқонон ба заминҳои кишт ҳамроҳ мекунанд, зеро он ҳосилхезии хокро зиёд мегардонад.
Барои истифодаи самараноки қувваи бод (ҳавои ҳаракаткунанда) неругоҳҳои барқи бодӣ месозанд. Дар ин неругоҳҳо аз қувваи бод барқ истеҳсол мекунанд. Неругоҳи барқи бодӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, муҳити зистро ифлос намекунад.
Дар соҳаи нақлиёт барои ба ҳаво пур кардани чархҳои мошин, соҳаи варзиш пур кардани тӯби футбол, волейбол, баскетбол ва ғайра аз ҳаво истифода мебаранд. Дар замонҳои қадим аз киштиҳои бодбондор истифода мебурданд. Чунин киштиҳо дар баҳру уқёнусҳо бо ёрии бод (шамол) ба масофаҳои дур шино мекарданд. Ҳоло киштиҳои бодбондор нестанд, вале қаиқронии бодбонӣ шуғли дӯстдоштаи ин намуди варзишгарон мебошад.
Одамон хосияти аз таъсири гармӣ васеъшавӣ ва ба боло ҳаракат кардани ҳаворо дониста, кураҳои ҳавоӣ месозанд. Онҳо кураҳои ҳавоиро то баландии садҳо метр аз сатҳи Замин боло бардошта, аз он ҷо зебогии табиати сайёраи Замин ва шаҳрҳоро тамошо мекунанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё