ТАСВИРИ ЗАМИН. НАҚША, ХАРИТА, ГЛОБУС
Сайёраи Замин ниҳоят калон буда, андозаи онро тасаввур кардан душвор аст. Агар шахс хоҳад, ки ашё, ҳодиса ва воқеаҳои кураи Заминро бо чашми худ бинад, ба ӯ якчанд даҳсолаҳо вақт лозим мешавад. Аз ин рӯ, одамон роҳи осони омӯзиши Заминро ихтироъ кардаанд. Онҳо Заминро ҳаҷман хурд карда, онро дар рӯйи коғаз тасвир карданро омӯхтанд. Нақша, харита ва глобус шаклҳои гуногуни тасвири кураи Замин дар рӯйи коғаз мебошанд.
Нақша. Нақша тасвири воқеии ашёест, ки гӯё мо онро аз боло мебинем. Агар мо хоҳем, ки нақшаи мизро тасвир намоем, барои ин дарозию бари онро чен кардан зарур аст. Масалан, дарозии миз 100 сантиметр (см) ва бараш 60 сантиметрро ташкил диҳад. Чунин андозаи калонро мо дар варақи дафтар ҷой дода наметавонем. Бинобар ин андозаи мизро 10 баробар хурд кардан лозим меояд. Он гоҳ дарозии миз 10 сантиметр ва бараш 6 сантиметр мешавад. Чунин андозаро акнун дар варақи дафтар тасвир кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат мо миқёсро истифода бурдем. Онро ин тавр навиштан мумкин аст: 1 см 10 см. Ин чунин маъно дорад, ки 1 сантиметри рӯйи коғаз ба 10 сантиметри аслӣ (маҳал) баробар аст.
Андозаеро, ки чанд маротиба хурд шудани масофаи аслиро дар нақша ифода мекунад, миқёс меноманд. Миқёсро ҳангоми тартиб додани нақша, харита ва глобус истифода мебаранд. Аз миқёс истифода бурда, масофаи аслии байни ашёи маҳалро дар нақша, харита ва глобус муайян мекунанд.
Дар нақша синф, мактаб, деҳа ва маҳалро тасвир кардан мумкин аст. Ҳангоми тартиб додани нақшаҳо ашёро бо аломатҳои шартӣ ифода мекунанд. Самтҳои уфуқ (Шимол ва Ҷануб)-ро дар нақша бо тирча нишон медиҳанд.
Нақшаи маҳал барои бинокорон, кормандони хоҷагии қишлоқ, роҳсозон, ҳарбиён, конканҳо, сайёҳон ва мактаббачагон лозим аст.
Харита. Харита ҳам нақшаи маҳал аст. Фақат дар харита масоҳатҳои хеле калон тасвир меёбанд, ба монанди харитаи ноҳия, вилоят, давлат ва ҳатто кураи Замин. Бинобар ин миқёси харитаро ҳазорҳо маротиба хурд мекунанд. Харита ихтирои бузурги инсоният мебошад, ки дар он сатҳи курамонанди Заминро дар ҳамворӣ нишон медиҳанд. Бартарии харита аз нақша ва глобус дар он аст, ки мо бо як нигоҳ кардан тамоми сатҳи кураи Заминро мебинем. Харита ҳам ба мисли нақша барои кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ зарур мебошад.
Глобус. Глобус шакли аслии хурдкардашудаи кураи Замин аст. Глобус курашаклии сайёраамонро ба мо нишон медиҳад. Дар глобус ҳамаи унсурҳои тасвиршаванда (давлатҳо, материкҳо, уқёнусҳо ва ғайра) бехато тасвир меёбанд. Бартарии глобус аз харита ҳам дар ҳамин аст. Глобусро бештар дар муассисаҳои таълимӣ (донишгоҳҳо, донишкадаҳо, коллеҷҳо ва мактабҳо) истифода мебаранд.
АҶИБ АСТ!
Сохтани харита кори душвор ва тӯлонӣ буд. Ҳар як нуқта ва хат дар харита натиҷаи меҳнати пурмашаққати сайёҳон ва таҳқиқотчиён аст. Барои сохтани харита баҳрнавардон низ саҳми калон гузоштаанд. Онҳо аввалин маротиба соҳилҳои хушкиро муайян карда, дар харита тасвир намудаанд. Вақте ки қутбнамо ихтироъ шуд, баҳрнавардон тавонистанд аз манзили худ дур рафта, заминҳои навро кашф кунанд ва ба харита дохил намоянд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё