Зеҳн

ОФТОБИ РӮЗГОР

ЗЕ
Зеҳн6 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Модар қиматтарин неъмати рӯйи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани нури маърифат, ҳимматбаландтарин фарди башар аст. Меҳри беохир ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохта, дар домони покаш муҳаббати инсониро омӯхта, ба зиндагӣ бо нигоҳи нек назар карданро сабақ медиҳад.

Мо канори модар дар олами рангини кӯдакӣ ба воя расида, дарси одаму одамият муҳаббати ватандориро аз ин фариштаи покниҳод омӯхтаем. Канори модар худ давлати беназир ва биҳишти нозанин аст. Устоди шеъри ноб Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Модар дар ҳама лаҳзаҳои рӯзгор дилаш ба ёди фарзанд метапад. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад.

Бузургии ин фариштаи хушсимо дар адабиёт мақоми хоса дорад, шоирону адибони олам симои воқеии ӯро дар сухан таровиш дода, номашро то ба моҳ шабоҳат доданд.

Зиндагӣ худ шеър аст, ки аз аллаи модар ибтидо мегирад, бузургӣ ва шаҳомати ӯ тимсоли ватан аст. Ҳама бузургону нобиғагони олам парвардаи дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳо бирасад.

Байти зебои Лоиқ Шералӣ чароғи равшани олами гуфтори мост:

Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.

Дар ин мисраъҳо шоир ҳиссиёт ва бузургии модарро ба тамоми нафосати шоирона тасвир кардааст. Меҳри модар хуршедро мемонад, ки оламро нур мепошад. Ишқи ӯ чашмаҳои пурҷушро мемонад, ки дашту биёбон, саҳрою мағзоронро гулистон мекунад. Агар панду дуои модар намебуд, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ раҳгум мезадем. Агар олими заминем, агар қаҳрамонем, агар марди майдону Рустами замонем – ҳама аз баракати дасту дуои модар аст.

Модар фариштатар зи тамоми фариштаҳост,
Номаш нишотбахши каломи фариштаҳост.

Бо нури осмониву бо ҷисми хоксор,
Болотар аз шукӯҳу мақоми фариштаҳост.

Чӣ ҳарфу сухани хуше гуфта, шоири хушбаёни мо Озарахш андар ситоиши Модар. Қаламат сабз бодо шоир, ки ҳарфи дили ҳазорон фарзандро гуфтӣ!

Модар азизтарин инсон барои ҳар якеи мо маҳсуб меёбад. Ӯ аввалин шахсест, ки ҳангоми чашм ба олами ҳастӣ кушоданамон рӯйи чун моҳ зебояшро мебинему ба вай меҳр мебандем. Дар дунё метавон ҷои касеро дигарӣ гирад, вале ҷойи Модарро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, зеро Модар нотакрор аст. Модар арзандатарин ва ноёбтарину қиматарин фарди рӯйи замин аст. Қудрату бузургии Модар дар он ҳувайдост, ки ӯ бо як даст гаҳвораро меҷунбонаду бо дасти дигари хеш дунёро такон медиҳад.

...Модар дасти дуо ба даргоҳи Худованди меҳрубон мебарӣ, ки роҳи фарзандат дар роҳи сафар бехатар бошад. Модар рӯ ба даргоҳи ниёз меорӣ, ки ризқи фарзандат фаровон бошад. Модар подоши ҳама меҳрубониҳоят, бедорхобиву шабзиндадориҳоят хеле дӯстат медорам. Эй фаришти рӯйи замин, арзандаи ҳама васфу ситоишҳоӣ! Рӯ ба даргоҳи ниёз меорем дуо мекунем, ки рӯзгорат фархунда бошад!

А. Аскарзода

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2