ҲАМСАФАРҲОИ СУНЪИИ ЗАМИН. ФАТҲИ КАЙҲОН
Таърихи азхудкунии кайҳон. Ҳанӯз 100 сол пеш одамон дар бораи парвоз ба кайҳон ва омӯхтани он танҳо орзу мекарданд. Дар натиҷаи пешравии илму техника ва пайдо шудани мушакҳои пуриқтидор ба одамон муяссар гардид, ки ин орзуи деринаи худро амалӣ намоянд. Санаи 4-уми октябри соли 1957 дар таърихи омӯзиши кайҳон саҳифаи нав кушод. Дар ин рӯз олимони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷаҳон нахустин шуда, дастгоҳеро бо номи «Спутник – 1» ба кайҳон сар доданд. Қутри он аз ним метр зиёдтар ва вазнаш 83 килограммро ташкил медод. Ин дастгоҳ атрофи Заминро дар муддати 96 дақиқа (зиёдтар аз якуним соат) як маротиба давр зад. Минбаъд дастгоҳҳои дигар ба кайҳон сар дода шуданд, ки барои одамон хизмат мекунанд. Дастгоҳҳое, ки ба кайҳон фиристода мешаванд, онҳоро ҳамсафарҳои сунъии Замин меноманд.
Ҳамсафарҳои сунъӣ барои одамон аҳамияти зиёд доранд:
– онҳо маълумоте мефиристанд, ки барои пешгӯйӣ кардани обу ҳавои Замин заруранд;
– бо ёрии ҳамсафарҳои сунъӣ харитаҳои аниқи географиро тартиб медиҳанд;
– тағйирёбии қабати барфии Замин ва ҳаракати яхҳоро дар уқёнус муайян мекунанд;
– ба воситаи ҳамсафарҳои сунъӣ барномаҳои телевизиониро ба масофаҳои хеле дур интиқол медиҳанд;
– алоқаи сифатноки мобилӣ, асосан, тавассути ҳамсафарҳои сунъӣ ба амал меояд;
– ҳамсафарҳои сунъӣ дар бисёр таҳқиқотҳои илмӣ истифода мешаванд;
– дар соҳаи ҳарбӣ аз ҳамсафарҳои сунъӣ васеъ истифода мебаранд.
Фатҳи кайҳон аз тарафи инсон. Парвози аввалини инсон ба кайҳон аз тарафи кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин анҷом дода шуд. Гагарин бори аввал дар таърихи инсоният 12-уми апрели соли 1961 бо киштии кайҳонии «Восток» ба кайҳон парвоз кард. То имрӯз санаи 12-уми апрелро ҳар сол ҳамчун «Рӯзи кайҳоннавардон» ҷашн мегиранд.
Баъд аз парвози Гагарин солҳои 60-уми асри гузашта дар соҳаи кайҳоннавардӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аввалин шуда кайҳоннавардони рус парвози гурӯҳиро анҷом доданд. Соли 1963 аввалин зани рус Валентина Терешкова ба кайҳон парвоз кард. Кайҳоннаварди рус Сергей Леонов соли 1965 аввалин маротиба дар фазо аз дохили киштии кайҳонӣ ба берун, ба фазои кайҳон баромад. Соли 1969 кайҳоннавардони амрикоӣ аввалин маротиба ба сатҳи Моҳ фуромаданд. Дар замони имрӯза соҳаи кайҳоншиносӣ хеле тараққӣ кардааст. Ҳоло олимони кишварҳои гуногун дар амалӣ намудани барномаҳои кайҳонӣ якҷоя фаъолият мекунанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё