ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАИ ОФТОБӢ

Чӣ тавре ки мо медонем, Замин низ яке аз сайёраҳои Системаи офтобӣ мебошад. Ҳаҷми Замин ниҳоят калон буда, қутри он ба 12 ҳазору 750 километр мерасад. Радиуси Замин бошад, ба ҳисоби миёна 6 ҳазору 375 километрро ташкил медиҳад.
Масоҳати сатҳи Замин ба 510 миллион километри квадратӣ (км2) баробар аст. Замин ба мисли миёнбанд хатти хаёлие дорад, ки онро экватор меноманд. Дарозии хати экватори Замин зиёда аз 40 000 километр мебошад. Агар одами варзишгар хоҳад, ки ин масофаро давида тай намояд, ба ӯ тахминан 55 60 сол лозим мешавад. Хатти экватор (истиво) кураи Заминро ба ду нимкура: Нимкураи шимолӣ ва Нимкураи ҷанубӣ ҷудо мекунад.
Замин сеюмин сайёраи Системаи офтобӣ буда, аз Офтоб дар масофаи 150 миллион километр дур ҷойгир шудааст. Сайёраи Замин як ҳамсафари табиӣ дорад, ки он Моҳтоб аст. Масофаи байни Замину Моҳтоб ба 384 000 километр баробар мебошад.
Агар ба сохти дохилии Замин назар кунем, вай аз се қабати асосӣ: қишри Замин, мантия ва ядро иборат аст. Қишри Заминро қабати аз ҳама болои он ташкил медиҳад, ки мо дар рӯйи он зиндагӣ мекунем. Ғафсии ин қабат ба ҳисоби миёна 30-35 километр аст. Ин қабат аз ҷинсҳои сахт иборат аст. Аз сабаби тунук буданаш онро пӯсти Замин ҳам меноманд. Мантия қабати дуюми дохили Заминро ба вуҷуд овардааст. Ядро дар қисми марказии дохили Замин ҷой гирифтааст. Мантия ва ядрои Замин хеле ғафс буда, аз моддаҳои тафсони хамирмонанд иборатанд. Ҳарорати онҳо ба якчанд ҳазор дараҷа гармӣ мерасад.
Сайёраи Замин қувваи ҷозиба (кашиш) дорад. Замин бо қувваи ҷозибааш ҳамаи ҷисмҳо ва ашёро дар худ нигоҳ медорад. Барои ҳамин оби баҳру уқёнусҳо аз рӯйи Замин намерезанд, биноҳо ва одамон намеафтанд. Аз баландӣ ба поён ҷорӣ шудани об, ғелидани санг, ба замин афтидани донаҳои жола – ҳамаи ин ҳодисаҳо тавассути қувваи кашиши Замин ба амал меоянд. Маркази қувваи кашиши Замин дар ядрои он ҷойгир аст.
Атмосфера барои табиати Замин аҳамияти беандоза дорад. Он Заминро аз сангҳои осмонӣ ва хунукиҳои кайҳонӣ муҳофизат намуда, инчунин барои мавҷудоти зинда манбаи нафаскашӣ мебошад.
Агар аз кайҳон ба сайёраи Замин нигоҳ кунем, ранги он кабуд менамояд. Сабаб дар он аст, ки қисми зиёди сатҳи Заминро об ишғол кардааст. Қабати об ғафс шавад, рангаш ба чашм кабуд менамояд. Дар баҳру уқёнусҳои рӯйи Замин қабати об ғафс буда, чуқурии он ба ҳазорҳо метр баробар аст.
Хосияти дигари фарқкунандаи Замин аз дигар сайёраҳо ин аст, ки дар он фаслҳои сол иваз мешаванд ва ҳаёт вуҷуд дорад. Ҳаёт дар Замин ба таври гуногун паҳн шудааст. Мавҷудоти зиндаро дар ҳама ҷойи рӯйи Замин қабати хок, об ва ҳаво дучор омадан мумкин аст. Мо низ ба қатори мавҷудоти зинда дохил мешавем.
АҶИБ АСТ!
Олимон тахмин мекунанд, ки дар олам ғайр аз сайёраҳои Системаи офтобӣ боз сайёраҳои бисёре мавҷуданд, ки баъзе аз онҳо ба Замини мо хеле монанданд. Далелҳое ба даст омадаанд, ки сайёраҳои ба Замин монанд дар атрофи ситораҳои дур ҳаракат мекунанд. Масалан, сайёрае бо номи Кеплер дар атрофи ситора дар ҳамон масофае давр мезанад, ки Замин нисбат ба Офтоб дар чунин масофа ҷойгир шудааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд дар сайёраи мазкур барои ҳаёт шароити мусоид муҳайё бошад.
Албатта, мавҷудияти ҳаёт дар ин сайёраҳо то ҳол аниқ нашудааст ва байни олимони дунё атрофи ин масъала баҳсу мунозираҳо идома дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё