Чӣ ғам дорам...
Зи шарми рӯйи Ҳақ рангинқабо дорам, чӣ ғам дорам,
Ба рӯҳи хеш аз ёдаш ғизо дорам, чӣ ғам дорам.
Зи ҳилму аз ҳаёву тоату бедорхобиҳо
Сипарҳое алорағми бало дорам, чӣ ғам дорам.
Тамоми дарди олам бар вуҷудам ҳамлавар гардад,
Ба ҳар дардам зи лутфи Ҳақ даво дорам, чӣ ғам дорам.
Дилам чун бишканад, ғам нест, меҳраш мекунад дармон,
Зи меҳраш бар дили худ мӯмиё дорам, чӣ ғам дорам.
Ба хоби хеш бинам кардаву нокардаҳоямро,
Чунин оинаи гетинамо дорам, чӣ ғам дорам.
Наметарсам, ки нур аз чашми ман ногаҳ шавад маъдум,
Зи хоки кӯйи Ӯ бар дидаи худ тӯтиё дорам, чӣ ғам дорам.
Қиёмат мешавад наздику аммо хотирам ҷамъ аст,
Шафеъи рӯзи маҳшар- Мустафо дорам, чӣ ғам дорам.
Маро дастур Қуръону ҳадису панди пирон аст,
Сабақҳо аз азизу авлиё дорам, чӣ ғам дорам.
На касро мекунам ёду на кас ҳам мекунад ёдам,
Ба ҷои қаср кунҷи инзиво дорам, чӣ ғам дорам.
Наменолад кунун аз бекасиҳо Равшани Ҳамроҳ,
Дар ин дунёву он дунё Худо дорам, чӣ ғам дорам.
Равшани_Ҳамроҳ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё