ТАМОКУКАШӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶИСМИ ИНСОН
Дуди тамоку (сигор) аз микдори зиёди моддаҳои кимиёвӣ иборат мебошад. Дар он наздикии 4000 моддаҳои кимиёвӣ мавҷуд аст, ки дар байни онҳо никотин, моддаҳои бавуҷудоварандаи бемории саратон, қатрон хеле зиёд аст.
Дуди тамоку (сигор), ғайр аз никотин боз қариб 200 модда, аз ҷумла гази ғубори ангишт, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарнок аст.
Ҳангоми тамокукашӣ моддаҳои зараровар ба воситаи ковокии даҳон ва роҳи нафас боло баромада, ба пардаҳои луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.
Никотин натанҳо барои тамокукашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ҳамчун дуд ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди тамоку пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро озурда месозад. Қариб ҳамаи тамокукашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст. Тамокукашӣ ба дастгоҳи овоз низ таъсири манфӣ мерасонад. Беҳуда нест, ки одамони тамокукашро аз овози пасти хирриашон шинохтан мумкин аст.
Вақте ки дуд ба лабҳо мерасад, моддаҳои зараровари дар дохили тамоку мавҷудбуда ба ковокии даҳон, забон, ҳалқум, нойнафас, найчаҳои шуш, сурхрӯда, меъда, пешобдон, ғадуди зери меъда ва гурдаҳо таъсир мерасонад ва ин таъсир ба бемориҳои дилу раг, саратон, шуш ва дигар узвҳо оварда мерасонад.
Сигор душмани ашаддии инсони солим аст. Олимон ҳисоб кардаанд, ки соле даҳҳо ҳазор нафар аз кашидани сигор вафот мекунанд. Баъзе одамони сигоркаш дар хона дар ҳузури фарзандонашон низ сигор мекашанд. Дуди заҳрдори онро сокинони дигари хона фурӯ мебаранд ва олимон таҳқиқ кардаанд, ки аз сигоркаш дида, атрофиёни ӯ бештар зарари сигорро дар ҷисмашон ҳис мекунанд. Яъне, як сигоркаш ба кашидани сигор дар ҳалқаи фарзандонаш ҳамаи бемориҳои дар боло номбар кардаамонро ба онҳо низ мерасонад.
Яъне, сигор на танҳо боиси аз байн рафтани саломатии сигоркаш, балки аз байн рафтани саломатии атрофиён, сабаби сар задани сӯхтор ва марги даҳҳо нафари дигаре, ки онро намекашанд, мешавад.
Тамокукашӣ на танҳо ба ҷисми инсон таъсири бад мерасонад, балки ба одамон зарари иқтисодӣ низ меоварад.
НОС ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶИСМИ ИНСОН
Носро аз тамоку тайёр мекунанд. Қисми таркибии асосии нос тамоку ё тутун (махорка) мебошад. Барои омода кардани нос ба тамоку хокистари зағир ё дигар рустаниҳо, оҳаки шукуфта, равғани рустанӣ ва ғайра ҳамроҳ мекунанд. Оҳак ва хокистар туршии носро таъмин месозад. Ранги нос ифлоси сабз буда, бӯйи тез ва бад дорад.
Носкашӣ ба дилбеҳузурӣ, дарди сар, дарунравӣ ва пайдоиши обилаҳо дар лабҳо оварда мерасонад, дандонҳо зард шуда бӯйи бад мекунанд ва ба беморӣ дучор мешаванд.
Мувофиқи маълумоти мутахассисон 80% ҳодисаҳои дучоршавӣ ба бемории саратони забон, лабҳо ва дигар узвҳои ковокии даҳон ва ҳалқум ба носкашӣ вобаста аст.
Аз сабаби дар таркиби нос будани моддаҳои туршӣ одами носкаш ба бемориҳои сироятии рӯда ва меъда дучор шуда, дар меъдааш кирмҳои паразитӣ пайдо мешавад. Нос ба хотира низ таъсири бад мерасонад. Кӯчаҳо ва хонаҳоро ифлос мекунад.
Истеъмоли нос дар миёни наврасон ба зудӣ ба ҳукми одат даромада, ба меъёр мубаддал мешавад. Дере нагузашта дар наврас хоҳиши доштани ҳиссиёти “кайфият”-и бештар пайдо мешавад ва ин гуна хонанда метавонад ба одатҳои бадтар майл пайдо кунад.
Баъзеҳо носро аз алафҳои заҳрдори мадҳушкунанда ва оҳак омода карда, ҳатто дар таркибаш доруҳои хобовари зараррасон меандозанд. Чӣ тавре ки медонем, истеъмоли алафҳои заҳрдор, аз ҷумла, тамоку барои инсон манъ аст, зеро тамокуро ҳатто ҳайвон намехӯрад.
Носро аз маводди зикргардида, ки барои инсон хеле зараровар аст, омода мекунанд, ки оқибатҳои нохуш дорад:
- Нос гадудҳоеро, ки дар зери забон ҷойгиранду барои осон фурӯ бурдани хӯрок луоб ҳосил мекунанд, бемор карда, хосияти луобҷудокунии онҳоро аз байн мебарад.
- Боқимондаҳои зарраҳои нос ҳамроҳи оби талхи он ба меъда расида, онро захмдор месозад.
- Захми меъда тадриҷан васеъ шуда, ба саратон (рак), ки бемории табобатнашаванда аст, оварда мерасонад.
- Нос тозагии хунро олуда карда бемориҳои шушу ҷигарро ба вуҷуд меорад.
- Оҳаку доруи хобовари «димедрол», ки дар таркиби он аст, нойчаҳои шушро гирифтори беморӣ мекунад ва носкашҳо ба душворӣ нафас мекашанд. Онҳо ба ошёнаҳои баланд ё кӯҳҳо ба осонӣ баромада наметавонанд.
- Нос дандонҳои инсонро аз дохил сиёҳ карда, ба беморӣ мерасонад ва дар ниҳоят онҳо мерезанд.
- Аз одамони носкаш занҳо худро дур нигоҳ медоранд, зеро даҳони носкаш ҳамеша бӯй мекунад.
Оё меарзад, ки бо кашидани нос саломатии худро ба хатар гузорем? Пас ҳеҷ гоҳ ин заҳрро ба даҳон набояд гирифт ва ҳамеша ба он бо чашми нафрат бояд нигарист.
Бузургон гуфтаанд: Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас додаанд, зимоми зиндагонии хуш дар дасти ӯ ниҳодаанд: аввал—сиҳатии бадан; дуюм—эминӣ; сеюм вусъати ризқ; чаҳорум—рафиқи шафиқ; панҷум—фароғат. Албатта, зимоми зиндагии ҳар кас дар дасти худи ӯст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё