Зеҳн

СӮХТАНИ БАДАН

БА
Барномасоз4 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Сӯхтани бадан ин зарарёбии бофтаҳои маҳини бадан буда, одатан дар натиҷаи таъсири ҳарорати баланд (сӯхтани ҳароратӣ), моддаҳои кимиёвӣ, туршиҳо, ишқорҳо (сӯхтани кимиёвӣ) мебошад.

Аломатҳои сӯхтани дараҷаи 1: пӯст сурхранг ва хушк мешавад, дардманд ва варам мекунад.

Аломатҳои сӯхтани дараҷаи 2: пӯст сурхрангу обиладор мешавад, обилаҳо метавонанд кафанд.

Аломатҳои сӯхтани дараҷаи 3: ҷойи сӯхтаи пӯст дурушт ва сиёҳранг мешавад ва ё баръакс ҳамчун шамъ сафед мешавад.

Ёрии аввалин ҳангоми сӯхтани дараҷаи якум ва дуюми пӯсти бадан:

- зуд ҷойи сӯхтаи баданро бо оби сард шуста хунук кунед. Истифодаи ях манъ аст;

- ҷойи сӯхтаи баданро на кам аз 10 дақиқа, то нестшавии дард зери оби сард нигоҳ доред;

- агар об дастрас набошад, ҳама гуна моеи сард (шир, нӯшокӣ)-ро истифода баред.

- то пайдо шудани обила ё варам, аз бадани ҷабрдида либоси таг, ангуштарин ва соаташро берун кунед;

- агар обилаҳо кафида бошанд, ҷойи зарардидаи пӯстро бо обу собун бишӯед ва бо захмбанди тамиз бандед.

Ёрии аввалин ҳангоми сӯхтани дараҷаи сеюм:

- ҳарчи зудтар ёрии таъҷилиро даъват кунед;

- ба ҷойи сӯхтаи пӯст сачоқ ё матои тар гузоред. Эътибор бидиҳед, ки сачоқ ё матоъ доим хунук бошад;

- ҳарорати бадани ҷабрдидаро доимо дар як сатҳ нигоҳ доред;

- ҳангоми сӯхтани пӯст аз моддаҳои кимиёвӣ қисми либосро, ки бо моеи ҷӯшон ё моддаҳои кимиёвӣ олуда шудааст, бурида партоед. Аз эҳтимоли ҷароҳат гирифтани бадани худ эҳтиёт шавед;

- моддаҳои кимиёвии хушкшударо аз пӯст бо дасти ҳифзкардашуда (бо дастпӯшак, сачоқ) афшонда дур кунед;

- ҷойи сӯхтаи пӯстро бо об шуста тоза кунед;

- либосеро, ки бо моддаи кимиёвӣ олуда шудааст, аз бадани ҷабрдида кашида дур кунед;

- ҳангоми бо моддаҳои кимиёвӣ олудашавии чашмҳо онҳоро бо оби тоза бишӯед.

Ҳангоми расонидани ёрии аввал ба ҷабрдидагони сӯхтаи бадан кадом амалҳо манъ карда шудааст:

Либоси ба ҷароҳат часпидаро аз бадани ҷабрдида наканед.

Равған, спирт ё дигар маводди молиданиро истифода набаред.

Ба ҷойи сӯхта пахта нагузоред.

Лейкопластирро истифода набаред.

Обилаҳоро накафонед, чунки яклухтии пӯст баданро аз воридшавии инфексия муҳофизат мекунад.

Ҳангоми сӯхтани дараҷаи сеюм ба ҷароҳати бадан даст нарасонед.

ОФТОБЗАНИ ВА ҒАРҚШАВИ

Дар фасли тобистон ҳангоми истироҳат дар лагер, майдончаҳои солимгардонӣ бачагон оббозӣ карданро дӯст медоранд ва илова бар ин барои обутоби бадан дар офтоб хоб мераванд. Оббозӣ кардан ва дар офтоб хоб рафтан қоида дорад. Агар ин қоидаҳо риоя карда нашавад, одамро офтоб мезанад ё ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданаш мумкин аст.

Аломатҳои офтобзанӣ инҳоянд:

баландшавии ҳарорати бадан; сурхшавӣ ва хушкшавии пӯст;

тундмиҷозӣ;

беҳушии сатҳаш афзоишёбанда;

зуд-зуд задани набз;

камқувватӣ;

нафаскашии зуд-зуди рӯякӣ.

Расонидани ёрии аввалин ҳангоми офтобзанӣ:

ҷабрдидаро ба ҷойи салқин хобонед;

ба ӯ оби сард нӯшонед;

либоси тангашро ба либоси васеъ иваз кунед;

либоси бо арақи бадан таршударо аз ҷисмаш бикашед;

пахта ё матои бо оби сард таркардашударо ба қадкашак, таги каш ва гардани ҷабрдида гузоред;

бадани ҷабрдидаро бо истифода аз маводди дастрас (сачоқи тар, бистарпӯши тар) хунук кунед.

АЛОМАТҲОИ ҒАРҚШАВИ ВА РАСОНИДАНИ ЁРИИ
АВВАЛИН БА ШАХСИ ҒАРҚШУДАИСТОДА

Хатари ғарқшавӣ ҳангоми ба роҳҳои нафаскашӣ ворид шудани об пайдо мешавад. Агар ҷабрдида зери об бошад, аввал нафаскашиаш қатъ мегардаду баъд боз пайдо мешавад. Доду фарёди имдодталабонаи ғарқшаванда тӯдаи одамонро ба соҳил меорад. Шахси ғарқшудаистода дастонашро ба боло бардошта ёрӣ металабад. Ба сабаби шино карда натавонистан ӯро маъюсӣ ва ноумедӣ фаро мегирад.

Бинобар ин, ҳамаи одамон бояд шино карда тавонанд. Агар шино карда натавонанд, ба об даромадани онҳо манъ аст. Кӯдакони хурдсол ҳатто дар чуқурии 10 см метавонанд ғарқ шаванд. Ҳеҷ гоҳ иҷозат надиҳед, ки кӯдакон ва бачагони хурдсол бе назорати калонсолон оббозӣ кунанд. Кӯшиш кунед, ки танҳо оббозӣ накунед. Дар танҳоӣ зарф, либос ва дигар чизҳоро дар соҳили дарё шустан мумкин нест.

Ба шахси ғарқшудаистода чунин ёрии аввалин расонидан мумкин аст:

сари ҷабрдидаро ба як паҳлу гардонида даҳону бинии ӯро аз қум ё дигар мавод тоза кардан лозим аст;

аз шуши ҷабрдида обро бояд хориҷ кард. Барои ин амалро иҷро кардан ба як зону нишаста, ба рӯйи зонуи дигар ҷабрдидаро ба шикам чунон хобонидан даркор аст, ки сараш ба замин хам бошад, китф ва байни шонаҳояшро то тамом шудани оби кафколуд аз даҳонаш пахш кардан зарур аст;

агар ҷабрдида нафас накашад, дилаш кор накунад, нафаси сунъӣ диҳед ва дилашро ғайримустақим маҳс кунед;

баъди ба ҳуш омадани ҷабрдида баданашро гарм карда, дасту пояшро ба ҷониби дилаш ҳаракат диҳед.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2