Зеҳн

ЗАҲРОЛУДШАВӢ ВА РОҲҲОИ БЕХАТАР ГАРДОНИДАНИ ОН

БА
Барномасоз4 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Ҳангоми сайру саёҳат, истироҳат дар табиат ва лагерҳо (истироҳатгоҳҳо) имконияти хавфи заҳролудшавӣ ба миён меояд. Заҳролудшавӣ тавассути даҳон, пӯст, тавассути газидани ҳашарот, хазандагон ва моддаҳои химиявӣ ба амал меояд. Ворид шудани ҳама гуна заҳр ба ҷисми инсон, ки сабаби вайроншавии фаъолияти ҷисм, беморӣ ва баъзан марг мешавад, заҳр ҳисобида мешавад.

Аломатҳои заҳролудшавӣ инҳоянд:

- дилбеҳузурӣ, қайкунӣ;

- дарунравӣ;

- пайдо шудани дард дар қафаси сина ва ё шикам;

- нафаскашии номураттаб;

- арақкунии бадан:

- рафтани оби даҳон;

- беҳушшавӣ;

- сӯхтани атрофи лабҳо, забон ё пӯст.

Ёрии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ тавассути даҳон:

- дар мавриди зарурӣ ангуштонро ба гулуи ҷабрдида андохта ӯро маҷбурӣ қай кунонед;

- пас аз қайкунӣ ба ҷабрдида ба микдори зиёд об нӯшонед.

Эзоҳ: Агар муайян кунед, ки ҷабрдида кислота ё карасин нӯшидааст, қайкунӣ мумкин нест!

Дар чунин ҳолат бояд:

- ба ҷабрдида шир нӯшонед;

таъҷилан ба шифохона баред.

Ерии аввалин ҳангоми заҳролудшавӣ тавассути пӯст:

- ҷойи зарардидаи пӯстро бо оби тоза шӯед;

- маводди хушки заҳролудро бо истифода аз ягон матоъ аз пӯст хориҷ кунед;

- ҷабрдидаро таъҷилан ба духтур баред.

Ерии аввалин ҳангоми газидани ҳашарот:

- агар неши ҳашарот дар пӯст боқӣ монда бошад, онро бо нохун ё дигар мавод хориҷ кардан лозим аст. Истифодаи пинсет мумкин нест, зеро ҳангоми пахш кардани пӯст микдори изофаи заҳр вориди бадан шуданаш мумкин аст;

- ҷойи заҳролудшудаи пӯстро бо оби тоза шустан зарур аст;

- маводди хушки заҳролудро бо истифода аз ягон матоъ аз пӯст хориҷ кунед;

- ҷабрдидаро таъҷилан ба назди духтур баред.

Ерии аввалин ҳангоми газидани мор:

- ба ҷабрдида кумак расонед, ки дар ҳолати барояш мувофиқ бихобад. Агар мумкин бошад, ба мақсади пасткунии воридшавии заҳр ба бадан, қисми газидашудаи баданро ба сатҳи аз дил поён фуроред.

- ҷойи газидаро бо оби тоза бишӯед;

- ҷабрдидаро ором кунед ва маслиҳат диҳед, ки ҳаракат накунад.

Эзоҳ: Барои бо даҳонатон макида гирифтани заҳр кӯшиш накунед, молидани захм ва гузоштани банд мумкин нест.

Ерии аввалин ҳангоми газидани саг:

- ҷойи саггазидаро бо собун ва оби тоза бишӯед ва барои паст кардани шиддати дард маводди хунук гузоред;

- ба ҷойи саггазида матои тоза гузоред.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2