Зеҳн

МУНОСИБАТ БО ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ

БА
Барномасоз4 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар ҳама давру замон паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ ҳайвонҳои ваҳшиву хонагӣ ҳастанд, ки тавассути пӯсту гӯшту шир ва поруи онҳо ба одамон интиқол меёбанд.

Надонистани қоидаҳои гигиенӣ ва санитарӣ, надоштани маълумоти кофӣ дар бораи бемориҳои тавассути ҳайвоноту парандагон гузаранда сабаби сар задани бемориҳои сироятӣ мегардад.

Масалан, бачагоне ҳастанд, ки ба кафтарбозиву бедонабозӣ ва парвариши сагу гурба шавқ дошта, бо онҳо беэҳтиётона муносибат мекунанд. Агар ҳайвонҳои мазкур аз ташхиси духтур нагузашта бошанд, бемориҳои гуногуни сирояткунандаро паҳн мекунанд.

Бемориҳои вараҷа, нағзак, вабо, омоси майна, салмонеллёз, девонагӣ, шукуфа, сӯхтанӣ, домана, оқсил, зукоми паранда ва хук метавонанд тавассути ҳайвонот ва парандагон ба инсон гузаранд.

Ин бемориҳо бо чунин роҳҳо ба одамон мегузаранд:

- ҳангоми муносибат ва нигоҳубини ҳайвоноту паранда;

- ҳангоми бо порӯи онҳо сару кор доштан;

- ҳангоми тоза кардани мурғхона ва ё оғилхона;

ҳангоми истеъмоли гӯшт ва тухми парандагони дар таркибашон микроорганизмҳои бемориовардошта;

ҳангоми газидани ҳайвони бемор ё ба организми инсон афтидани оби даҳони ҳайвони бемор;

- ҳангоми дасту пойи соҳиби худро навозишкорона лесидани саг;

- аз одами заҳролудшуда ба одами солим;

- аз кайк, кана, гиҷҷаҳо ва ғайра.

Гиҷҷаҳо (ҳелминтҳо) ва ё кирмҳои рӯда асосан аз бадани ҳайвонот дар шакли тухм хориҷ шуда, тавассути ғизоҳои гуногун вориди бадани инсон мешаванд. Ин гуна кирмҳо асосан ба организми ҳама одамон новобаста аз синну солашон метавонанд ворид шуда, ҷисми онҳоро сироят кунанд.

Бемориҳое, ки тавассути ҳайвоноту парандагон мегузаранд, хеле хавфнок буда, ҳаёти инсонро метавонанд ба марг дучор кунанд.

Дар айни замон бемории зукоми паранда ва зукоми хук, ки боиси нигаронии тамоми мардуми кураи замин гардидааст, маҳз аз ҳайвонот ва паранда ба одамон гузашта, хатари маргро эҷод кардааст.

Бинобар ин, ҳангоми нигоҳубини ҳайвонот ва парандагон кӯдаконро зарур аст, ки тамоми қоидаҳои гигиениву санитариро риоя карда, оид ба ҳар як бемории тавассути онҳо паҳншаванда тасаввуроти амиқ дошта бошанд.

Махсусан, ҳангоми нигоҳубини сагу гурба дар хона бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки онҳо ба маҳсулот ва хӯрокворӣ наздик нашаванд, онҳоро налесанд ва бӯй накашанд. Имконияти дар дохили хона гаштугузор кардани онҳо маҳдуд карда шавад, зеро ҳам саг ва ҳам гурба тавассути луоби даҳонашон микробҳои зиёди бемориҳои гуногунро паҳн мекунанд, метавонад боиси бемории аҳли хонавода шавад. Илова бар ин, тибқи анъанаҳои мардуми мусалмон наздик шудани сагу пишак ва дигар ҳайвонот ба дегу табақ ва дигар ашёи рӯзгор мамнуъ аст.

Роҳҳои пешгирии сироятёбӣ аз ҳайвоноту парандагон чунинанд:

- баъди бозӣ бо ҳайвоноту парандагон, нигоҳубин ва тоза кардани ҷойи онҳо дастонро ҳатман бо собун бояд шуст;

- ҳангоми нигоҳубини ҳайвоноту парандагон ва рӯбучини оғилхона ва мурғхона пӯшидани пойафзол ва либоси махсус ҳатмист;

- ҳоҷатхонаҳо бояд ба ҳайвонот ва парандагон дастнорас бошанд;

- аз алоқа бо сагҳо ва гурбаҳои дайду бояд канораҷӯйӣ кард;

- сабзавот ва кабудиро пеш аз истеъмол бодиққат бояд шуст;

- ҳайвонот ва парандагонро аз эмкунии профилактикӣ гузаронидан зарур аст;

- тозагии мавзеи нигоҳдошти ҳайвоноту парандагонро назорат бурда, он ҷойҳоро бояд ба таври доимӣ безарар гардонд;

- хӯрока ва обро ба ҳайвонот дар зарфҳои тоза бояд дод;

- поруи ҳайвонот ва парандагонро бояд ба замин гӯр кард;

- агар ҳайвонот ва парандагон дучори беморӣ шуда бошанд, ҳатман ба духтури ҳайвонот бояд муроҷиат кард;

- ҳангоми газидани ҳайвонот таъҷилан ба духтур бояд муроҷиат кард.

Дар баробари ин бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки ба ҳамаи мавҷудоти зинда мо бояд ғамхорона муносибат кунем ва фаромӯш накунем, ки баъзе аз ҳайвоноти хонагӣ ба монанди асп, хар, гов, гӯсфанд, бузу бузгола, мурғ ва ғайра дар рӯзгори мо аҳамияти калон доранд.

Хулоса, баъди нигоҳубини ҳайвоноту парандагон ҳатман дасту рӯйро бояд бо собун тоза шуст. Ҳамеша бо духтури ҳайвонот бояд дар тамос буда, баробари пайдо шудани бемориҳо дар организми ҳайвонот, ба ӯ хабар бояд дод. Ва аз ҳама асосиаш нисбати ҳайвонҳо новобаста аз хонагиву ваҳшӣ буданашон муомилаи ғайриинсонӣ надошта бошем. Ҳайвонот ҳам муомилаи неки инсонӣ ва рафтори гуманистии моро нисбати худашон хело хуб эҳсос мекунанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2