СИРОЯТЁБӢ БА БЕМОРИИ ИСҲОЛ (ДАРУНРАВӢ) ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Ин мавзӯъро шумо тавассути диаграммаи F-1 хеле осон фаҳмида метавонед ва он бароятон хеле хотирмон хоҳад буд. Дар диаграммаи F-1 чӣ тавр ин беморӣ аз як шахс ба шахси дигар мегузарад, нишон дода шудааст:
Сироятёбӣ ба ин беморӣ ба тарзҳои зерин рух медиҳад:
- Ба воситаи ангуштон (наҷосат ва ифлосиҳо ба дастҳо, ангуштон ва зери нохунҳо мечаспад);
- Ба воситаи ҳашарот (магасҳо, нонхӯракҳо ба наҷосат ва ифлосӣ олуда шуда, баъд хӯроквориро олуда месозанд).
- Дар саҳро (наҷосатро чун пору истифода мебаранд ва баъд сабзавоти хом, ношуста ва ё нимпухтаро истеъмол мекунанд).
- Намӣ ва об (наҷосат бо оби нӯшокӣ омехта мешавад).
Чунин ақидае паҳн шудааст, ки гӯё наҷосати кӯдак безарар аст. Дар асл наҷосати кӯдак баробари шахси ба балоғатрасида зарарнок аст. Он метавонад бемориҳои зиёди кӯдаконаро паҳн кунад. Барои пешгирӣ кардани беморӣ зарур аст, ки қоидаҳои гигиенӣ аз худ карда шаванд, танҳо дар ҳамон вақт аз сироятёбии микроорганизмҳои аз наҷосат пайдошаванда раҳоӣ ёфтан мумкин аст.
Азбаски наҷосати инсон аз ҳама манбаи васеи паҳншавии
бемориҳост, зарур аст, ки наҷосат безарар карда шуда, болояш пӯшонида шавад. Ҳоҷатхонаҳои аз ҷиҳати гигиенӣ мувофиқ (ду чохдор ва бо об шусташаванда) аз ҳама роҳи беҳтарин ва безараркунии наҷосат мебошад.
Пайдоиши бемориҳоро бо сохтани ҳоҷатхонаҳо кам кардан мумкин бошад ҳам, шустани дастон низ хеле муҳим аст. Ду шакли монеа мавҷуд аст: Якумдараҷа ва дуюмдараҷа.
Монеаҳои якум дараҷа инҳоянд:
Сохтани ҳоҷатхонаи чоҳдори муқаррарӣ.
Ҳоҷатхонаи бо об шусташаванда.
Муҳофизати манбаи об.
Монеаҳои дуюмдараҷа инҳоянд:
Шустани дастҳо бо собун пас аз қазои ҳоҷат, пеш аз хӯрокхӯрӣ, пеш аз хӯрок додан ба кӯдак.
Рӯйи хӯрокро пӯшонидан ва тоза нигоҳ доштан.
Хӯрокро дуруст пухтан.
Нигохдории об ҳангоми аз ҷое ба ҷое бурдан ва дар хона.
Тоза шустани мева ва сабзавот пеш аз истеъмол.
ТАРЗИ ТАЙЁР КАРДАНИ РЕГИДРОН
Исҳоли шадид метавонад хушкидани баданро ба вуҷуд орад, ки барои кӯдакон ва ҳатто калонсолон хатарнок аст. Кӯдаки гирифтори исҳоли обакӣ таҳти хатари бе об мондани ҷисм (дегидратсия) қарор дорад. Нишонаҳои бе об мондани ҷисм инҳоянд:
зуд-зуд ташна мондан;
кам пешоб кардан ё умуман пешоб накардан;
ранги пешоб зарди тира;
талафи тасодуфии вазн:
хушк шудани даҳон;
чашмони фурӯрафтаи беашк;
фурӯ рафтани «қисми нарм»-и сари кӯдак;
таранг шудан ё ёзандагии пӯст ва ғайра.
Одамони калонсол дар як рӯз бояд 3 литр ё бештар аз ин об бинӯшанд. Бачагон дар як рӯз ҳадди ақал бояд 1 литр об бинӯшанд.
Барои пешгирӣ ё табобати исҳол нӯшидани оби бисёр ва пайваста ғизо хӯрдан зарур аст. Барои ҷисми беобмондаи бемор регидрон додан аҳамияти калон дорад, чунки таркиби регидрон аз намакҳои гуногун иборат буда, обро дар бадан нигоҳ медорад. Ҳангоми бемории исҳол оби бадан хориҷ мешавад ва ҷисм бе об мемонад.
Регидронро дар шароити хона тайёр кардан мумкин аст:
халтачаи хокаи регидронро аз дорухона харидорӣ карда, даҳонашро мекушоем ва оби гарми ҷӯшидаро то ними бонкаи 1-литра мерезем;
то пурра ҳал шудани хокаи регидрон онро бо қошуқ омезиш медиҳем;
оби гарми ҷӯшидаро то пур шудани бонка мерезем:
як бори дигар маҳлули нӯшокиро омехта карда, рӯйи зарфро бо сарпӯши пластикӣ мепӯшонем.
Пас аз тайёр шудани маҳлули регидрон ба кӯдаки бемор дар муддати ҳар 3-5 дақиқа аз як то ду пиёла (50-100 мл) баъди ҳар дарунравӣ то барқарор шудани оби баданаш нӯшонидан зарур аст, ҳатто баъд аз нӯшидани регидрон қай кунад ҳам онро додан тавсия карда мешавад.
Ҳангоми омода кардани маҳлули регидрони хонагӣ хеле муҳим аст, ки шумо микдори тавсияшудаи намакро зиёд накунед, чунки ин метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Барои бемор ҳар рӯз маҳлули нави регидрон тайёр кардан лозим аст. Баъди ҳар як дарунравй бештар моеъ ва хуроки обдор додан тавсия мешавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё