Зеҳн

ЗЕҲНИ СУНЪӢ АҲАММИЯТ ВА РУШДИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

БА
Барномасоз4 сентябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Зеҳни сунъӣ бо рушди мошинсозӣ ва технологияҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ марбут мебошад, ки онҳо аз ҷониби одамон сохта ва идора карда мешаванд. Зеҳни сунъиро ҳамчун як шакли мошин ва ё компютер дар шароити замони муосир метавон муайян кард, ки фаъолияти он тақлидан ба функсияҳои маърифатии инсон, ба тафаккури он сурат мегирад.

Тадқиқоте, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ гузаронида шудаанд, собит намуданд, ки дар бисёр самтҳои фаъолияти маънавию ҷисмонӣ, аз қабили ҳалли масълаҳои тафаккур, истифодаи дониш, банақшагирӣ, омӯзиш, муошират, идрок, ҳаракату, ҷунбиш, истифодаи асбобҳо ва идоракунии мошинҳо зеҳни сунъӣ корҳои ба амали одамон монанд ва ҳатто сифатан беҳтарро иҷро мекунад.

Калимаи интеллект (intelligence) аз калимаи лотинӣ пайдо шуда, маънои “зеҳн, ақл, хирад, шуур, фаҳмидан ё дарк кардани малакаҳои фикрон”-ро мефаҳмонад. Зеҳн ё худ интеллект яке аз мураккабтарин мафҳумҳои психология аст. Ҳарчанд равоншиносон дар маҷмуъ муътақиданд, ки зеҳн на ашё ва ё чизи мушаххас, балки натиҷаи фаъолияти маънавии инсон аст, ки маҳсули он мафҳум ё худ ба вуҷуд овардани тасаввурот дар бораи чизе ва ҳодисаву падидае мебошад, вале бояд иқрор шуд, ки доир ба ин мавзуъ ҳанӯз саволҳои беҷавобу баҳсбаргезанда бисёр аст. Зеҳни сунъӣ чиро ифода мекунад? Оё он дорои қобилияти фикрронӣ аст? Оё он усулҳои гуногуни азхудкунӣ ва истифодабарии дониш мебошад? Оё он дорои усули истифодабарӣ ва ивазкунии ақидаҳо аст? Бешубҳа, ҳамаи ин қобилиятҳо дар худ як қисми корҳоеро, ки интеллект иҷро мекунад, таҷассум менамояд. Дар ҳақиқат, ин истилоҳро бо як мафҳум ва ё усули тафсир шарҳ додану маънидод кардан ғайриимкон аст, зеро интеллект дар замони ҳозира ба як ҷузъи ҷудонопазири илмҳои гуногун табдил ёфтааст, ки ҳадафи асосии он дарку коркарди иттилоот ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳо тавассути воситаҳои технологии информатсионӣ мебошад.

Ақидаи офариниши одами сунъии ба инсон шабоҳатдошта, истифодаи он барои ҳалли вазифаҳои мураккаб ва моделсозии ақли инсон ҳанӯз аз давраҳои қадим пайдо шуда, роҳандозии чунин афкору омол қарнҳои зиёд дар ҳаво муаллақ монда буд. Чунончи, дар Мисри Қадим ҳайкали механикии «Худои зиндашаванда» - Омун сохта шуда буд. Дар ривоятҳои Юнони бостон, аз нақли Гомер, Худо Гефест - махлуқоти ба инсон монандро месохт. Зеҳни сунъӣ боз, аз рӯйи баъзе мулоҳизаҳо, илми оянда ба шумор меравад, ки дар он тақсимоти сирф ба соҳаҳо вуҷуд надорад ва алоқа дар байни фанҳои алоҳида равшан мушоҳида карда мешавад, ки дар онҳо тафовути муайян танҳо дар шакли баён ва ифодаи афкор ба назар мерасад.

Файласуфи асримиёнагӣ, риёзидон ва шоир Раймонд Лулий дар асри XIII сайъ кард, то ки мошини механикиеро барои ҳалли вазифаҳои гуногун созад ва бо ин амали худ барои пайдоиш ва тараққиёти интеллекти сунъӣ замина гузошт. Ин ақидаро минбаъд Лейбнитс ва Декарт дар таҳқиқоташон бехабар аз кори якдигар вусъат дода пешниҳод намуданд, ки чунин корҳоро ба сифати мулоҳизаҳои нахустини назариявӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ҳисоб кардан мумкин аст. Аммо тавлиди ниҳоии зеҳни сунъӣ баъди сохтани мошини электронии ҳисоббарор дар солҳои 40-уми асри ХХ аз ҷониби Норберт Винер ва пайдоиши илми наве бо унвони кибернетика имконпазир гардид.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи нави илм ба ду самт тақсим шуд: нейрокибернетика ва кибернетика “қуттии сиёҳ”. Нейрокибернетика аз сохтани таҷҳизоти “зеҳнӣ” иборат аст, ки вай бояд бо ягон тарзе сохтори муайяни (мағзи сари) инсонро аз нав ба вуҷуд оварад. Кибернетика “қуттии сиёҳ”-ро пиринсипе ташкил медиҳад, ки мувофиқи он сохтори таҷҳизоти “зеҳнӣ” ягон аҳмияте надошта, он бояд ба ҳаргуна таъсиррасониҳои беруна ба майнаи сари инсон мутаассир гардад. Кибернетика – илм дар бораи хосиятҳои умуми равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад.

Олими шинохтаи англис Алан Норинг соли 1950 мақолаеро бо унвони «Оё машина фикр карда метавонад»-ро интишор намуд, ки ҳоло бо «тести Тюринг», ки имкони баҳо додани «Зеҳниятнокӣ»-и компютерро доир ба муоширати мулоҳизакорона ба инсон имконпазир гаштааст, маъмул мебошад.

Нахустин шабакаҳои нейронӣ дар охири солҳои 50-уми садаи ХХ пайдо шуданд. Дар соли 1957 аз тарафи Ф. Розенблатт кӯшиши сохтани системае ба харҷ дода шуда буд, ки тартиби моделсозии ҷашми инсонро эҷод намояд ва ҳамкории онро бо майнаи cap - персептрон ба роҳ монад.

Тадқиқоти навбатиро дар соҳаи зеҳни сунъӣ Нюэлл, Саймон ва Шоу барои ҳалли масъалаҳои «назарияҳои мантиқӣ», ки барои исботи теорема ва «ҳалкунандаи масъалаҳои умумӣ» идома доданд, ки ин аввалини тадқиқоти нисбатан намоён дар соҳаи зеҳни сунъӣ буда, бо мақсади коркарди барномаҳо ва ҳалли масъалаҳои гуногун пешбинӣ шуда буд.

Яке аз тадқиқотчии намоёни зеҳни сунъӣ Р. Бенерҷи соли 1969, навишта буд: доираи тадқиқоте, ки зеҳни сунъӣ номида мешуд, ба монанди маҷмуи методҳо ва воситаи таҳдил, инчунин сохтани мошинҳое мебошад, ки онҳо иқтидори ҳалли масъалаҳои то ҳол фақат одам иҷро карда метавонистаро доранду халос. Ҳамин тариқ, суръат ва самараи мошинҳо бояд ба одам баробар бошад.

Ба омӯзиши сохтор ва фаъолияти майнаи сари инсон илмҳои зиёде, аз қабили психология, нейрофизиология, нейробиология, ки савияи баланди донишро талаб мекунанд, меомӯзанд. Ғояи асосии нейрокибернетика ин «дар оҳан» азнавсозии ҳуҷайраҳои мағзи cap - нейронҳо ба ҳисоб меравад. Нейронҳо ҳуҷайраҳои махсусгардонидашуда, ки имконияти кабул кардан, кор карда баромадан, рамзигардонӣ, ирсолнамоӣ ва захиракунии информатсия, ташкили реаксияи барангезандагӣ, ба роҳ мондани алоқа бо нейронҳо ва ҳуҷайраҳои узвҳои дигарро доро мебошанд. Хусусияти беҳамтои нейрон ин доштани имконияти ҳосил намудани разрядҳои электронӣ ва ирсол намудани информатсия тавассути синапсҳо - воситаи махсусгардонидашудаи хотимавӣ мебошад.

Миқдори нейронҳои майнаи сари инсон кариб ба10п баробар аст. Дар ҳар як нейрон тақрибан 10 000 синапс мавҷуд аст. Агар фақат ҳамин элементҳоро ячейкаҳои захиравии информатсия шуморем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки системаи асаб 1019 воҳид информатсиониро, яъне ҳамаи донишҳое, ки инсоният чамъоварӣ намудааст, нигоҳ дошта метавонад.

Шабакаҳои нейронӣ метавонанд ҳам тариқи барномавӣ ва ҳам бо тарзи дастгохӣ амалӣ кунонида шаванд. Самти нейрокибернетика батадриҷ ба нейрокомпютинг, насли ояндаи компютерҳо равона мегардад, ки онҳо бо шабакаҳои нейронӣ асос ёфта, афзалиятҳо ва камбудиҳои худро доранд. Таҳлили мукоисавии Фон Нейманн, ки ғояҳояш дар чор насли интеллекти сунъии нахустин татбиқ гардида буданд, аз системаҳои биологии нейронӣ, ки тимсоли нейрокомпютер ба шумор мераванд, иборат буданд.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун як самти илмӣ ба омӯзиши рафтори боақлони инсон, ҳайвон ва мошинҳо машғул аст, ки барои ёфтани роҳҳои моделонии чунин рафторҳо дар намудҳои гуногуни сохтани механизми сунъӣ равона гардидаанд. Ба пайдоиши зеҳни сунъӣ, ки қариб як аср шудааст ва ба ин нигоҳ накарда, олимону мутахассисон корҳои тадқиқотҳои гуногуни илмиро бо роҳу тарзҳои гуногун аз нигоҳи худ барои сохтани чунин системаҳо анҷом дода истоадаанд. Вазифаи олитарини интеллекти сунъӣ сохтани системаи зеҳнии компютерӣ, ки дорои дараҷаи ҳалли босамари вазифаҳои ғайриформалии баробар ба сохтори интеллектуалии одам ё аз он боло маҳсуб меёбад.

Робитаҳои зеҳнӣ таҷҳизотӣ электромеханикӣ буда, барои автоматикунонии заҳмати инсон пешбинӣ шудааст. Ғояҳои сохтори роботҳо хеле қадиманд. Аз пайдоиши роботи аввалин то имрӯз якчанд насли онҳо иваз шудаанд. Амалан идоракунии тамоми роботҳои таалуқдошта аз рӯи схемаҳои “устувор” ба роҳ монда шудааст. Дар асл ин навъи роботҳо манипуляторҳои барномарезишуда мебошанд. Навъи дигари роботҳо ин роботҳои адаптивӣ бо сохти сенсорӣ мебошанд. Гарчанде ҳоло намудҳои чунин роботҳо пайдо шуда бошанд ҳам, вале онҳо мавриди истифодаи васеъ қарор нагирифтаанд. Мақсади ниҳоии рушди робототехника - эҷоди роботҳои худташаккул ё зеҳнӣ мебошад. Масъалаи ҷиддие, ки дар мукаммалгардонии ин навъи роботҳо садди роҳ гаштааст, ин мушкилоти босираи (биниш) мошинӣ мебошад.

Аз рӯи тадқиқотҳои илмии муҳаққиқони соҳаи зеҳни сунъӣ ва ё мутахассисоне, ки зеҳни сунъиро тавассути сохтани барномаҳои компютерӣ роҳандозӣ кардаанд, дар меҳвари он мавҷуд будани андешаву мулоҳизаронӣ қарор дошта, онро ба ҷузъи зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Системаи коршиносӣ – як шохаи муҳими зеҳни сунъӣ мебошад, ки онро метавон ҳамчун як намуди системаи интеллектуалии компютерӣ бо дониш ва таҷрибаи махсус ҳисоб кард, он одатан технологияи муаррифии донишро дар зеҳни сунъӣ барои тақлид кардани мушкилоте, ки одатан тавассути домен ҳал мекунанд, истифода мебарад.

  2. Эвристика – арзёбии доираи хурди қарорҳоро дар бар гирифта, метавонад барои ёфтани роҳи ҳалли ба оптималӣ наздиктар ва баъзе тахминҳоро дар бар гирад.

  3. Забони табиӣ – як бахши соҳаи зеҳни сунъӣ ва забоншиносӣ мебошад. Ин соҳа чӣ гуна коркард ва истифодаи забони табииро меомӯзад, коркарди забони табиӣ ҷанбаҳо ва қадамҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки он асосан шинохт, фаҳмиш, насл ва дигар қисмҳоро дар бар мегирад.

  4. Биниш – чун чашми инсон, тавассути истифодаи камераҳо ва компютерҳо бо мақсади шинохти ҳадаф, пайгирию андозагирӣ ва коркарди минбаъдаи тасвирҳоро дар назар дорад, ки зимнан барои барои мушоҳидаи чашми инсон мувофиқтар шудани тасвирҳо мусоидат намуда, бо истифода аз асбобҳои махсус ҷиҳати муайянкунӣ ба кор меравад.

Зеҳн дар ҳайвонот ҳамчун маҷмуи вазифаҳои равонӣ фаҳмида мешавад, ки он тафаккур, омӯзиш ва муоширатро дар бар гирифта, ба воситаи инстинктҳо ё рефлексҳои шартӣ шарҳ доданашон мумкин нест. Қобилияти тафаккури ҳайвонот аз замонҳои қадим мавзуи баҳси олимон буд. Аристотел дар асри IV пеш аз милод қобилияти омӯхтанро дар ҳайвонот кашф карда, ҳатто тахмин мекард, ки ҳайвонҳо ақл доранд.

Ба ҳамин тариқ, айни замон зеҳни сунъӣ дар дар соҳаҳои мухталифи илму маориф, техникаю технология, тиб, нақлиёт, дастгоҳсозӣ, низомӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ бар он ақидаанд, ки тарақиёти зеҳни сунъӣ дар оянда хатари аз байн бурдани инсонро дорад, шояд ин ба назар афсона намояд. Аммо имрӯзҳо мо мебинем, ки ба истиснои майнаи сари инсон дигар увзҳоро иваз намуда истодаанд. Эҳтимол дар оянда наслҳои замони нав техникаю воситаҳои электрониеро ихтироъ намоянд, ки майнаи сари инсонро аз косахонаи сар гирифта, нусхаи сунъии онро омода намуда, ба воситаҳои технологӣ насб намоянд. Дар чунин ҳолатҳо воситаҳои технологиии фикркунанда ҷойи инсонро гирифта, онро баҳузур иваз карда метавонанд. Аммо, инсон фарогири баъзе қобилиятҳои равонӣ, шуур, тафаккур, дарк, эҳсос, кайфият, ангеза, рафтор, хотира ва омӯзишӣ мебошад, ки онҳоро зеҳни сунъӣ ба ин қарибиҳо пурра иваз карда наметавонад.

Шарипов Қ. Б. – сармутахассиси раёсати таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2