Зеҳн

БЕМОРИИ РОҲҲОИ НАФАСКАШӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Агар шумо бемории зуком, дарди гулу, дарди гӯш, сулфа ва таби баланд дошта бошед, сарчашмаи он шамолхӯрӣ мебошад. Аломатҳои ин беморӣ: нафаскашӣ аз бинӣ душвор мешавад, гӯш зардоб мегирад, гулу дард мекунад, сулфа пайдо мешавад, ҳарорати бадан баланд мешавад, беиштиҳоӣ, сустии ҷисм, қафаси сина кашиш хӯрда, нафаскашӣ вазнин мешавад ва ғайра.

Дар ин ҳолат бояд чӣ кор кард?

- ба бемор бештар хӯроки серғизо додан зарур аст;

- бештар нӯшокӣ: чой, оби ҷӯшида, шарбати мева додан лозим аст;

- беморро дар хонаи гарму тоза ва барҳаво нигоҳ бояд дошт;

- беморро либоси гарм ва мувофиқ бояд пӯшонд;

- барои паст шудани таб бадани беморро бо оби ширгарм

1 -2 дақиқа молидан лозим аст;

- бо тавсияи духтур доруи парасетамол додан лозим аст;

- бо пилта, ки аз матои мулоим тайёр карда шудааст, биниро тоза кардан ё намакоб чаконидан лозим аст;

- бо пилтаи хушк зардоби гӯшро тоза бояд кард;

- шири гарм нӯшонидан лозим аст;

- сари вақт ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.

Бемории шамолхӯриро пешгирӣ кардан мумкин аст. Кӯдак бояд сари вақт эм карда шавад ва падару модар ба ин бояд ҳатман диққат диҳанд.

Мувофиқи мавсими сол либос пӯшидан ва баданро бо варзиш, молиш, ҳавохӯрӣ обутоб додан лозим аст. Хонаро доимо бо латтаи нам тоза карда, аз чангу ғубор ва дуд нигоҳ доштан-усули хуби пешгирӣ аз ин беморӣ аст. Даҳону биниро бо рӯймоли докагӣ бастан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми атса ва сулфа даҳону биниро бо рӯймолча пӯшонидан аҳамияти калон дорад.

БЕМОРИИ СИЛ ВА ПЕШГИРИИ ОН

Сил бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микробактерияи сил мебошад, ки онро чӯбчамикроби КОХ (бо номи олиме, ки онро 24.03.1882 кашф кардааст) гузоштаанд.

Манбаи асосии сироят шахси бемории сили шуш мебошад, ки ӯ ҳангоми сулфа, атса ва ё туф кардани балғам ва ҳатто ҳангоми гап задан чӯбчамикробро ба муҳити атроф хориҷ мекунад ва шахси солим аз ин ҳаво нафас кашида сироят меёбад. Хдтто баъди хушк шудани балғам қатраҳои он ба чангу ғубор табдил ёфта, ба фарши хона ё ба рӯйи ашёи гуногуни дар ҳуҷра мавҷудбуда ҷойгир мешаванд ва то 1 сол ҳаёт ба сар мебаранд. Микроби бемории сил на танҳо бо воситаи чангу губор, балки ба воситаи зарф, сарулибос, сачоқ ва дигар ашё, ки аз он шахси бемор истифода бурдааст, ба организми инсон ворид мешавад. Яъне роҳи асосии сироят ин роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ мебошад.

Аз ҳама бештар ба бемории сил шуш гирифтор мешавад, вале намудҳои сили ғайришушӣ низ мавҷуданд: сили гурда, сутунмуҳра, устухон ва ғайра. Як бемори сили шуши микробхориҷкунанда дар як сол метавонад, 10-15 нафарро сироят кунад.

Нишонаҳои бемории сил инҳоянд:

- сулфаи давомноки зиёда аз 2 ҳафта;

- камшавии вазн;

- заифии бадан (бемадорӣ);

- таби на он қадар баланд (то 37, 9° С);

- арақкунии шабона;

- камшавии иштиҳо;

- дарди қафаси сина;

- хун туфкунӣ.

Ҳангоми пайдо шудани чунин аломатҳои беморӣ ҳатман бояд ба муассисаи тиббии ҷойи зист муроҷиат кард.

Пешгирии бемории сил. Пешгирӣ маҷмӯи чорабиниҳост, ки риоя кардани онҳо ба паст шудани хавфи сироят ба бемории сил мусоидат мекунад. Чунин пешгириҳо тавсия дода мешавад:

  1. Сари вақт муроҷиат кардан ба духтур: Ташхиси саривақтии беморӣ ва таъмини пурраи муҳлати табобат хавфи сироятёбии атрофиёнро кам мегардонад.
  2. Риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ: Хонаро зуд-зуд ба воситаи кушодани дару тиреза шамол дода, ҳавояшро тоза кардан зарур аст, фарш ва тоқчаҳоро бо латтаи тар пок карда, зарфҳои алоҳида ва ҷойхоби алоҳидаро истифода бурдан ва ғайраҳо. Дар дастакҳои дар, панҷараи зинаҳо, дар дастқаппакҳои воситаҳои нақлиёт, дар коғазҳои пулӣ миллионҳо бактерияҳо, аз ҷумла микробҳои бемории сил мавҷуд аст, ки аз онҳо эҳтиёт бояд шуд.
  3. Пурқувват кардани қувваи худмуҳофизатии бадан: Истифодаи хӯроки дуруст (хӯроки серғизо, аз витаминҳо, сафедаҳо ва моддаҳои минералӣ бой). Шир ва гӯшти хомро истеъмол накардан, чунки тавассути онҳо аз ҳайвони бемор ба организми инсон микробҳои бемориовар ворид мешавад. Обу тоб додани бадани кӯдакон дар синни хурдсолӣ имкон медиҳад, ки қувваи қобили муҳофизати организми онҳо мустаҳкам шавад ва муқобилати он ба бемории сил фаъол бошад.
  4. Пешгирии махсус (ваксинатсия): ба кӯдакони навзод гузаронидани ваксинаи БСЖ дар таваллудхона, БСЖ дар 7-солагӣ, озмоиши микробӣ бо номи «Манту». Гузаронидани ин ваксинаҳо кӯдаконро аз гирифторшавии намудҳои вазнин ва хатарноки бемории сил эмин медорад. Хдмасола одамон бояд аз муоинаи тиббии флюорографӣ гузаранд.
  5. Аз агрофиён ҷудо нигоҳ дошгани бемори микробхориҷкунанда ва риоя кардани қоидаҳои муайян.
  6. Муоинаи саривақтии атрофиёни бемор: Аъзои оилаи шахси бемор бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Хулоса, ба беморони сил ва умуман ба ҳама тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сулфа кардан ва ё атса задан рӯйи худро ба як тараф гардонида, даҳонро бо дасти чап пӯшонед.

Ба одамони ба ин беморӣ гирифторшуда тавсия дода мешавад, ки балғамро ба ҳар куҷо туф накарда, балки онро дар зарфи махсус (зарфи сарпӯшаш зич маҳкамшаванда) ҷамъ кунанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2