Зеҳн

ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Бемориҳои сироятӣ гурӯҳи махсуси бемориҳое мебошанд, ки аз таъсири барангезандагони муайяни зинда ба вуҷуд омада, аз тани носолим ба тани солим мегузаранд ва агар пеши роҳи онҳоро нагирем, ба паҳншавии оммавӣ қодиранд.

Бемориҳои сироятӣ инҳо мебошанд: ОВРИ (бемориҳои тезсирояткунандаи вирусӣ), зуком (грип), тифи шикампеч, диареяи сахт, тиф ва ғайра. Масалан, бемории сироятии ОВРИ ва зуком (грип) ба роҳҳои нафаскашии инсон (гулу, ҳалқум, нойнафас), бронхиҳо ва шушҳо зарар мерасонад. Ин бемориҳо тавассути ҳаво, қатрагӣ ва либос мегузаранд. Ҳарорати бадан баланд мешавад, атсазанӣ, рехтани оби чашм, оби бинӣ, сулфа пайдо шуда, фурӯ бурдани хӯрок мушкил мешавад.

Роҳҳои пешгирӣ намудани он: ҳангоми робита бо бемор дар даҳон доштани докабанд, бештар дар ҳавои тоза гаштан, зуд-зуд тоза намудани ҳавои хона, рӯбучини намнок, обутоби бадан ва ба варзиш машғул шудан.

Тифи шикампеч низ бемории сироятӣ буда, аз микроби чӯбчашакл пайдо мешавад. Ин беморӣ бештар бо роҳи робитаи маишӣ (муоширати бевосита ва либосҳои ифлос) аз одами бемор ба одами сиҳат мегузарад. Нӯшидани оби ноҷӯшида ва ифлос низ сабаби сироятёбӣ ба ин беморӣ мегардад. Ба ин беморӣ бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ин беморӣ хатарнок буда, агар сари вақт муолиҷа карда нашавад, оқибати марговар дорад.

Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки фақат оби ҷӯшонидаро бояд нӯшид ва дастонро пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат ҳатман бо собун бояд шуст.

Диарея (дарунравӣ) бемории барои кӯдакон вазнин буда, дар як шабонарӯз то 3-4 бор холӣ шудани рӯдаи тунук мебошад ва ин беморӣ то 4 ҳафта давом мекунад. Дар натиҷа ҷисми кӯдак беоб монда, ба ҳалокат расиданаш мумкин аст.

Роҳҳои пешгирии ин беморӣ: маҳсулотро дар яхдон нигоҳ доштан, фақат нӯшидани оби ҷӯшида, дастонро пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъд аз қазои ҳоҷат бо собун шустан ва бо одамони бемор дар робита набудан.

Бемориҳои сироятӣ тавассути қазои ҳоҷат дар ҳавои кушод, пашаҳо, ғизо, оби нопок, чирки дастҳо ва ғайра мегузаранд.

АФСОНАИ БЕМОРӢ

Буд, набуд, дар як замоне писарбачае буд бо номи Шаҳбоз.

Як рӯз ӯ аз деҳа берун баромад ва ба канори теппаи хурде расид. Ӯ худро каме бемор ҳис кард ва барои қазои ҳоҷат дохили буттаҳо шуд.

Пас аз он ки ӯ аз ин чой рафт, саге омад. Номи ин саг Полвон буд. Бӯйи наҷосати одамро дӯст медошт, аз ин рӯ, биниву пойи худро рӯйи он гузошт. Ӯ чанд муддат гирду атрофи теппа гашт, вале ҷамъияти кӯдаконро дар деҳа наёфта баргашт.

Ӯ заминро бӯй кашида сар то сари кӯча гашт. Ӯ наметавонист кӯдаконро пайдо кунад, бинобар ин дар ҷустуҷӯйи онҳо ба макони дигар рафт. Дере нагузашта писараку духтараке барои бозӣ кардан аз хонаҳои худ берун баромаданд.

Онҳо Акрам ва Лола бародару хоҳар буданд. Акрам аз Лола калонтар буд. Акрам ва Лола дар ҳамон ҷое нишастанд, ки Полвон бӯйкашон гаштугузор карда буд. Онҳо то вақти даъват кардан ба бозӣ машғул буданд. Сипас, онҳо барои хӯрдани хӯрок ба хона рафтанд. Онҳо мехостанд зуд хӯрок хӯранд, то ки боз берун баромада бозӣ кунанд. Азбаски саросема буданд, шустани дастони худро фаромӯш карданд. Акрам ва Лола аз тамоми рӯз бозӣ кардани худ хушҳол буданд.

Рӯзи дигар, вақте субҳ аз хоб бедор шуданд, Лола гирифтори бемории исҳол шуда буд. Азбаски ӯ хурдсол буд, аҳволаш хеле бад шуд, баъдтар Шаҳбоз низ бемор шудани худро ҳис кард.

РОҲҲОИ СИРОЯТШАВӢ АЗ КИРМҲО

Одамон бо воситаи алоқа бо хоке, ки дар он кирмҳо тухм мегузоранд ва бо воситаи хӯроки заҳролудшуда (мева, сабзавот ва дигар маҳсулоти хӯрока) сироят меёбанд. Асосан дар ҷисми инсон кирмҳои гиҷҷа, гирд ва тасмашакл афзоиш меёбанд.

Сироят аз фурӯ бурдани тухми кирми гиҷҷа сар мешавад. Ин сироятёбӣ одатан бо воситаи дастони ифлос, баъзе вақт бо воситаи хӯроки сироятшуда ва ё либоси сироятшуда ба ҷисми инсон сурат мегирад. Ин тухмҳо ба рӯдаҳо рафта дар он ҷо меистанд ва афзоиш меёбанд. Кирмҳои афзоишёфта баъди чор ҳафта ба рӯдаҳо мефароянд ва аз мақъад барои тухм мондан мебароянд ва онро сахт ба хориш меоранд. Кӯдакон аз беэҳтиётӣ он ҷоро мехоранд ва ба зери нохунҳои онҳо тухмҳо даромада сабаби аз нав сироятёбӣ ба кирми гиҷҷа мешаванд. Кирми гиҷҷа дар рӯйи кӯрпа ва болин афтода ҳатто то чор ҳафта нобуд намешаванд.

Кирмҳои тасмашакл бошанд, хеле дароз буда, аз 5 то 10-18 метр мешаванд ва дар рӯдаи инсон зиндагӣ мекунанд. Тухми ин гуна кирмҳоро хук, гов, моҳӣ фурӯ мебаранд. Одамон агар гӯшти гов, моҳиро хом ва ё нағз напухта хӯранд, тухми кирмҳои тасмашакл дар даруни одам ба кирмҳои болиғ мубаддал шуда, ба девори рӯда мечаспанд ва ба дарозӣ калон шудан мегиранд.

Тухмҳои кирми гирд ба хок афтида дар шароити гарму нарм ба зинаи сирояткунандагӣ мегузаранд. Агар онҳо дар оби полезӣ бошанд, он меваю сабзавоте, ки бо ин об обёрӣ карда мешаванд, сироят меёбанд. Ба воситаи истеъмол кардани ин меваю сабзавот онҳо ба даруни одам медароянд ва дар рӯда онҳо ба кирмак мубаддал мешаванд, девори рӯдаро сӯрох карда, ба хун ё рагҳои лимфатикӣ мебароянд ва ба шуш мераванд. Дар он ҷо онҳо калон шуда, тавассути гулу ба рӯда мераванд ва ба тухммонӣ сар мекунанд.

Агар хоҳед, ки ба кирмҳои рӯда сироят наёбед, пеш аз хӯрок хӯрдан ҳатман дастонатонро бо собун бишӯед, тамоми меваю сабзавотро пеш аз истеъмол кардан хуб бишӯед.

Сироятёбӣ ба кирмҳо чунин аломатҳо дорад:

аз иштиҳо мондан;

дарди шикам;

хориш дар мақъад;

ғиҷирроси дандонҳо дар хоб;

рафтани оби даҳон дар вақти хоб;

худро бад ҳис кардан.

Ҳама, хусусан бачагон ин қоидаҳоро бояд риоя кунанд:

Барои пешгирӣ намудани сироятёбӣ ба кирмҳои гирд ва тасмашакл ҳамаи мева ва сабзавотро пеш аз хӯрдан бо оби тоза ва безарар бишӯед.

Барои об додан ба сабзавот обро набояд аз обанборҳои ифлос ва сарчашмаҳои сироятшуда истифода баред.

Дар зери буттаҳо, дар назди ҷӯйбору обанборҳо ва дар назди хона ва мактаб қазои ҳоҷат кардан мумкин нест, чунки гуноҳ аст.

Мардуми маҳалла ва мактабҳо бояд ҳоҷатхонаҳои ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ дошта бошанд.

Мардуми шаҳру деҳот бояд бо сарчашмаҳои тозаи оби нӯшокӣ таъмин бошанд.

Бачагони хурдсол ва наврасон баъди рафтан ба ҳоҷатхона, баъди бозӣ кардан бо хок, ҳайвонот, пеш аз хӯрдани хӯрок ҳатман дасташонро бо собун бишӯянд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2