Зеҳн

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БАКТЕРИЯ ВА ВИРУСҲО

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Бактерияҳо микроорганизми якҳуҷайра (бемағз) буда, дар ҳама ҷо, дар ҳаво ва ҳатто дар узвҳои ҳозимаи мо, ба истиснои хун ва ҳароммағз дучор мешаванд. Андозаи онҳо ниҳоят хурд аст.

Бактерияҳои бемориовар одамонро дучори бемориҳои сирояткунанда, масалан, дарди гулу, бронхит, дифтерия, илтиҳоби шуш (пневмония), варами шуш, тифи шикам, вабо, исҳоли хунин (дизентерия), тифи шикампеч ва ғайра мегардонанд. Дар ҷисми инсон бактерияҳои бемориовар ғизо мегиранд, зиёд мешаванд ва моддаҳои заҳрдорро аз худ ҷудо мекунанд, ки ҳуҷайраҳоро ба харобшавӣ оварда мерасонанд. Яъне токсин-моддаи заҳрдор, ки аз микроорганизмҳо, инчунин аз ҳайвонот ва рустаниҳо пайдо мешавад, боиси бемориҳои гуногун мешаванд.

Вирусҳо—шакли ғайриҳуҷайравии зиндагӣ буда, танҳо баъди робита бо ҳуҷайраи зинда фаъол мешаванд. Вирусҳо аз рӯйи андоза аз бактерияҳо хурд мебошанд. Вирусҳо берун аз организми инсон қобилияти зинда монданро надоранд. Онҳо танҳо дар ҳолати ба ҳуҷайраи зинда ворид шудан ва дар дохили он зиёд шудан инсонро дучори бемориҳо мегардонанд. Вирусҳо бемориҳои нағзак, дарди ханозир, гепатити вирусӣ, сурхакон, обакон ва ғайраро ба миён меоранд.

Вирусҳо ва бактерияҳо дар организми инсон ҳамеша буданд, ҳастанд ва боқӣ мемонанд. Инсон онҳоро тавассути риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ назорат мекунад. Инчунин бо ёрии эмкунӣ, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои номбаршуда худро ҳимоя кардан мумкин аст.

Ҳангоми маълумот додан дар бораи вирусҳо ва бактерияҳо дар хонандагон бояд тарсу ҳарос пайдо нашавад. Инчунин дар бораи таъсири мусбати онҳо нақл кардан зарур аст. Масалан, бештари вирусҳо ва бактерияҳо безарар буда, ҳатто баъзеашон фоидаовар низ мебошанд.

Хусусиятҳои фоидаовари бактерияҳо: ҳангоми истеҳсоли доруҳо (антибиотикҳо, моддаҳое, ки аз ҳуҷайраи ҳайвонот тайёр карда мешаванд—ферментҳо, витаминҳо) аз онҳо истифода мебаранд. Дар истеҳсоли йогурт ва панир низ онҳоро истифода мебаранд. Дар узви ҳозимаи инсон набототи рӯда ғизоро пора мекунад. Бактерияҳо ҳангоми омода кардани хӯроки чорво (силос) ба сифати иловаҳо кор фармуда мешаванд.

Вирусҳо низ фоида доранд. Онҳоро дар истеҳсоли ваксина (барангезандаҳои кушанда ё сусткунандаи бемориҳои гузаранда) истифода бурда, барои муҳофизат аз беморӣ ва муолиҷа ба организми инсон гузаронида мешавад. Дар мубориза бо ҳашароти зараррасон истифода бурда мешавад. Тадқиқотҳои охирини онкологӣ нишон додаанд, ки дар организми 80% аҳолии кураи замин вируси ААУ-2 мавҷуд аст, ки ҳуҷайраҳои саратонро вайрон месозад.

Барои муҳофизат намудани худ аз вирус ва бактерияҳои зараровар бояд чӣ кор кард?

Баъди ҳоҷатхона, баъди тоза кардани наҷосати кӯдак, пеш аз истеъмоли хӯрок, пеш аз тайёр кардани хӯрок, ороиши дастархон, ҳангоми бо кӯдакон хӯрок додан, баъди бозиҳо ва сайру гашт дастонро ҳатман бо собун шустан зарур аст.

Зуд—зуд бо оби ширгарм, собун ва ё гел баданро шустушӯй кардан лозим аст.

Ҳамарӯза иваз кардани ҷуробҳо.

Пахш накардан ва даст нарасондан ба гармича (рихинак)-ҳои дар рӯй баромада.

Пӯшидани либос мувофиқи обу ҳаво ва фасли сол.

Ҳамарӯза ду маротиба (саҳарӣ ва пеш аз хоб) тоза кардани дандонҳо.

Истифода аз ашёи ҷудогонаи шахсӣ: рӯймолчаи бинипоккунӣ, шона, сачоқ, чӯткаи дандошӯйӣ ва дигар ашёи гигиенӣ .

Бо одамони заҳролудшуда робита накардан ва ғайра.

БЕҲДОШТИ ОБ.
ҲИФЗИ ОБИ НӮШОКӢ АЗ МИКРОБ

Ба андешаи олимон об дар як вақт ҳам бисёр асту ҳам кам. Барои он бисёр аст, ки дар рӯйи замин уқёнусҳо, пиряхҳо, баҳрҳо ва дарёҳо зиёданд. Барои он кам аст, ки барои нӯшидан танҳо оби тоза истифода бурда мешавад. Муносибати эҳтиёткорона ба сарчашмаҳои оби нӯшокӣ проблемаи тамоми инсонияти рӯйи ҷаҳон аст.

Нависандаи машҳури фаронсавӣ Антуан ба об баҳои баланд дода гуфтааст, ки об на танҳо барои зиндагӣ зарур аст, балки худи об зиндагӣ аст. Аз ҳама боигарии беҳамто дар олам об аст. 60%-и ҷисми инсонро об ташкил мекунад, ҷисми кӯдак аз 70% то 80% об дорад. Талаботи шабонарӯзии инсон ба об 2-2,5 литрро ташкил медиҳад.

Дар аксарияти деҳоти Тоҷикистон чашма ва ё манбаи об нест. Мардум обро барои нӯшидан ва пухтани хӯрок аз ҷӯйбор ва каналҳо мегиранд. Илова бар ин тадқиқотҳо нишон додаанд, ки бисёрии хонандагон ба мактаб оби ҷӯшонидашуда ва чой намеоранд. Онҳо ташна монда маҷбур мешаванд, ки аз оби канал ва ё ҷӯйбор нӯшанд ва дар натиҷа ба бемориҳои гуногун дучор мешаванд.

Ҳикоя: Фарзона ва аҳли оилаи онҳо ба деҳаи дигар кӯчиданд. Шароити зисти онҳо бад буд ва сатилҳои об бесарпӯш дар замини ошхона нигоҳ дошта мешуданд. Бародари хурдии Фарзона ташна монда буду аз ҳама илтимос мекард, ки ба ӯ об диҳанд, вале ҳеҷ кас ба вай аҳамият намедод. Вай худаш ба ошхона даромада бо пиёла об гирифта нӯшид. Шабона вай аз дарди шикам ва ҳарорати баланд бедор шуд. Ӯ ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда буд. Фарзона ба модари ҳайронаш фаҳмонд, ки додараш обро аз сатили ошхона гирифта нӯшидааст. Модар ба ошхона рафта дид, ки ба сатили об якчанд ҳашарот афтида буд. Беморро ба беморхона бурданд.

Нӯшидани об аз манбаъҳои кушода: каналҳо, ҷӯйборҳо хавфнок аст, чунки оби ин ҷойҳо ифлос аст. Кӯдакон бояд донанд, ки дар об пешоб накунанд ва дар қарибии он қазои ҳоҷат набароранд. Онҳоеро, ки дар пояшон ҳар гуна захм мавҷуд аст, огоҳ бояд кард, ки ба об надароянд. Хокрӯба ва дигар ифлосиҳоро ғун карда, ба ҷӯйи об напартоянд. Ҳайвонот аз об дур нигоҳ дошта шаванд. Дар оби ифлос микробҳое ҳастанд, ки одамонро ба бемориҳои дарунравӣ, домана ва ғайра гирифтор мекунанд. Илова бар ин, оби ифлос метавонад сабабгори як қатор бемориҳои пӯст ва чашм шавад. Онҳое ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя накардаанд, яъне дар вақташ шустушӯй намекунанд, сарашонро сари вақт намешӯянд, либосашонро иваз намекунанд, обро наҷӯшонида менӯшанд. Бемориҳое, ки ба воситаи оби ифлос паҳн мешаванд: зардпарвин, дарунравӣ, фалаҷ, домана, вабо, кирми меъда ва ғайра мебошанд.

Тарзҳои гуногуни тозакунӣ ва безараргардонии об мавҷуд аст: таҳшинкунӣ;

филтркунӣ;

ҷӯшондан;

безараргардонии об бо воситаи нури офтоб;

рехтани хлор ба об;

оби нӯшокиро дар зарфи тоза нигоҳ доштан;

оби нӯшокиро дар зарфи даҳонаш пӯшида нигоҳ доштан;

обро аз зарф бо дӯлча гирифтан;

обро дар ҷойи баланд гузоштан.

Оби истифодашударо бояд ба ҷойҳои махсус: чоҳҳо, заҳбурҳо ва ҷӯйҳо рехт, зеро агар он дар як ҷо ҷамъ шуда кӯлмак шавад, сабаби сар задани бемориҳо мегардад. Дар оби истифодашуда чирк бисёр аст, дар он микробҳо афзоиш меёбанд, хусусан, хомӯшакҳо афзоиш ёфта, бемории табларзаро паҳн мекунанд.

Шеъри зеринро аз ёд кунед:

ОБ БОЯД ТОЗА БОШАД!

Оби олуда ба хок,

Баҳри одам хатарнок.

Боиси гирифторӣ,

Ба ҳар гуна беморӣ.

Аз оби чирку ифлос,

Гурехта шавӣ халос.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2