Зеҳн

БЕҲДОШГИ ҲОҶАТХОНАҲО ВА РОҲҲОИ НЕСТ КАРДАНИ ПАРТОВҲО

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ҳоҷатхона аз ошхона, хона ва манбаи об бояд дур ҷойгир бошад. Сӯрохии ҳоҷатхонаҳои деҳот бояд сарпӯш ва бинои он дар дошта бошад. Агар сӯрохии ҳоҷатхона сарпӯш надошта бошад, метавонед барои дур кардани пашаҳо аз қум, хок ё хлор истифода баред. Ҳар як оила барои шустани даст баъди қазои ҳоҷат бояд дастшӯй, об, собун ва дастпоккун дошта бошад.

Тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо яке аз роҳҳои паст кардани сатҳи бемориҳои сироятӣ мебошад. Барои тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо бояд ҳар як шахс масъулият ҳис кунад.

Бояд донист, ки бисёр бемориҳои сироятӣ аз истифодаи оби ифлос ва риоя накардани тозагии ҳоҷатхонаҳо пайдо мешавад. Онҳоро микробҳои бемориовар (бактерияҳо, вирусҳо, гелмантинҳо), ки дар организми инсон бештар дар рӯдаҳо ҳаёт ба сар мебаранд, ба вуҷуд меоранд. Онҳо аз организми инсон берун омада, ҳангоми ҳолатҳои санитариро риоя накардан одамонро сироят мекунанд. Бояд қайд кард, ки бемориҳои сироятӣ бештар бо воситаи ҳашарот мегузаранд, бинобар ин барои нест кардани онҳо низ бояд тадбирҳо андешида шавад. Роҳҳои асосии сирояти бемориҳо инҳоянд:

  1. Панҷаҳои даст, нохунҳо, ки дар зери онҳо микроб ҷамъ мешавад.
  2. Магасу нонхӯракҳо, ки ба ҳоҷатхона олуда мешаванд.
  3. Замине, ки дар он партови ҳоҷатхонаҳоро истифода мебаранд ва сабзавоти онро ношуста истеъмол мекунанд.
  4. Оби ҷӯйборҳое, ки ба он партови ҳоҷатхона меафтад.

Дар деҳот сохтани ҳочатхонаҳои гигиенӣ, ки онро бо об шустан мумкин аст, барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда ва рӯда мусоидат мекунад.

Масъалаи муносибати безарар ва оқилона бо ҳайвонот ва ахлоти он ва партовҳо низ хеле муҳим аст. Омӯзиши риояи қоидаҳои тозагӣ ҷиҳати аз байн бурдани ин ифлосиҳо, ки дар нигохдории саломатии инсон муҳим мебошад, аҳамияти калон дорад. Ахлоти ҳайвонот низ метавонад сабаби пайдоиши бемориҳо бишавад, аз ин рӯ, онҳоро дар чоҳ ё дар замини ҳавлӣ гӯр кардан лозим аст. Баъди муомила бо ҳайвонот ва поруи он дастро бо собун якчанд бор шустан лозим аст.

Агар шумо бихоҳед, ки ҳайвонҳои хонагиро нигоҳ доред, ҳатман дар ҳавлӣ оғил созед. Онро начандон дур аз хона месозанд. Ба ҳайвонот нигоҳубин кардан ва онҳоро тоза нигоҳ доштан низ аҳамияти калон дорад. Оғил бояд маҳкам бошад ва ҳамарӯза онро тоза карда ҳаво додан зарур аст. Наҷосати ҳайвонро ҳатман тоза карда, дар чуқурии махсус гӯр кардан зарур аст, вагарна аз он бӯйи бад ҷудо шуда, магасҳо, кӯрпашаҳо ва ҷонварҳои хоянда зиёд мешаванд.

Партовҳоро низ ба қуттии махсус партофтан зарур аст. Онро ба рӯйи ҳавлӣ ва ҷӯйборҳо партофтан мумкин нест. Дар ҷойи аҳолинишин партовҳоро сӯзондан мумкин нест, чунки коғаз ва боқимондаҳои пластикӣ моддаҳои ба организм ниҳоят хавфнок—диоксин ҷудо мекунанд ва ҳаворо ифлос ва заҳролуд мегардонанд.

Хулоса, мактабҳои чиркин, ахлоту хоктӯдаҳои зиёд дар саҳни мактаб ба саломатии хонандагон хатар дорад. Ҳамчунин партовҳо бӯйи бад дошта, табъро хира месозад. Аз ин рӯ, мактаб бояд макони тозаву озода ва оростаю дилнишин бошад. Дар ҳар як синф бояд қуттӣ барои партов гузошта шавад, дар саҳни мактаб барои партофтани хокрӯба бояд чоҳ бошад ва баъди пур шудан онро бояд гӯр кард. Дар назди хокрӯба ва партовҳо бозӣ кардан дуруст нест. Таълим ва тарбияи беҳдошт барои ноил шудан ба робитаи мутақобилаи саломатӣ ва тозагӣ бояд аз вазифаҳои асосии мактабу омӯзгор бошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2