Зеҳн

БЕҲДОШТИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ГИРДУ АТРОФ

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Ҳанӯз дар замонҳои қадим одамон ба талаботи санитарию гигиенӣ риоя мекарданд. Дар бисёр мамлакатҳо воситаҳои санитарию гигиенӣ, аз ҷумла ҳоҷатхонаҳо, қубурҳои обгузар, ҷойҳои махсус барои партофтани партовҳо бунёд карда, тозаю покизагиро дар ҳаёт таъмин мекарданд. Масалан, дар шаҳри қадимии Моҳенҷо-Даро, ки дар соҳили дарёи Ҳинд воқеъ шуда буд, ҳанӯз 3000 сол пеш то мелод системаи мукаммали обтаъминкунӣ мавҷуд будааст. Дар ин ҷо воситаҳои дур кардани обҳои ифлос, ҷойҳои махсуси ахлотпартоӣ сохта, аз он хуб истифода мебурданд ва бо ҳамин саломатии мардумро ҳифз мекарданд. Ҳавлию хонаҳо, ҳоҷатхонаҳо ва ҳаммом доштанд.

Дар Панҷакенти бостонӣ аҷдодони қадими тоҷикон суғдиён обро муқаддас меҳисобиданд. Ҳаргиз намегузоштанд, ки обро ифлос кунанд. Дар шаҳр қубурҳои обгузар, обпартовҳо, ҳаммомҳо сохта шуда буданд. Сокинони ин шаҳр ба масъалаи ҳифзи саломатӣ, беҳдошти об ва истифодаи он ғамхорона муносибат мекарданд. Дар ҳавлиҳо ҷойҳои махсуси сару бадан шустан, ҳаммом кардан, чорво нигоҳ доштан буд. Дар шаҳр чандин ҳоҷатхонаҳои умумӣ мавҷуд буд, мардум ба тозагии он, тозагии гирду атроф, ҷойи зист ва ҷойи кор эътибори махсус медоданд ва тансиҳатии худро ҳамеша ҳифз мекарданд.

Дар замони муосир низ ба масъалаи бехдошти муҳити зист диққати махсус медиҳанд. Яке аз муҳимтарин ҷузъиёти тозагӣ ва бехдошт ин тозагии ҷамъиятӣ мебошад. Тозагии муҳити мо омили асосии саломатиамон мебошад.

Хонандагон дар бораи мафҳуми “тозагии ҷамъиятӣ” ва аҳамияти он дар ҳифзи саломатӣ бояд маълумот дошта бошанд. Тоза нигоҳ доштани хона, ҳавлӣ, маҳалли зист, кӯча, мактаб, маҳалла, ноҳия ва шаҳр тозагии ҷамъиятиро таъмин месозанд. Агар гирду атрофи мактаб, ҳоҷатхона ва ҷойи дастшӯйии мактаб ифлос бошад, пашаҳо ба он нишаста микробҳоро ба ҳар ҷо паҳн мекунанд. Дар рӯйи хокрӯбаҳое, ки дар кӯча партофта шудааст, магасу нонхӯракҳо ҷамъ омада, бемориҳоро ҳар ҷо мебаранд. Е ин ки хокрӯбае, ки ба ҷӯй ё канал партофта шудааст, қубурҳои ҷамъиятиро ифлос мекунанд. Оби истода ва гандида сабаби афзоиши микробу хомӯшак ва бемории табларза мешавад.

Баъзан инсон бо амалҳои худ муҳити гирду атрофро олуда месозад ва барои дигарон низ хатарнок мегардонад. Микробҳо бо воситаи пашаҳо, нонхӯракҳо, калламушҳо ва мушҳо паҳн мешаванд ва дар пасмондаҳои хӯрок, пору, пӯчоқи меваю сабзавот зиёд ҳастанд. Барои партофтани партовҳо дар ҳар як маҳалла, мактаб ва оила бояд партовҷо бошад.

Барои таъмини тозагии ҷамъиятӣ бояд ҳоҷатхонаҳои бо об шусташаванда, хусусан дар мактабҳо сохта шаванд, хокрӯбаҳоро ҷамъ карда ба ҷойҳои махсус партоянд, қубурҳои об бояд ҳамеша тоза бошанд ва таъмир карда шаванд.

БЕҲДОШТИ ХОНА ВА РУЗГОР

Тоза нигоҳ доштани хона, асбоби рӯзгор ва хӯрок гарави солимии ҷисм аст. Тозаю озода нигоҳ доштани хона, дуруст нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрокворӣ (чой, орд, равған, биринҷ, меваю сабзавот ва ғайра) ва хӯрок пеши роҳи бемориҳои меъдаю рӯда, шикамдард ва исҳолро мегирад. Маҳсулоти хӯроквориро дар зарфҳои пӯшида алоҳида нигоҳ бояд дошт ва рӯйи хӯрокро бо сарпӯш пӯшида дар яхдон бояд нигоҳ дошт, то ки паша, мушу калламуш ва нонхӯракҳо ба он зарар н расонанд.

Микробҳо бо воситаи пашаҳо, нонхӯракҳо, калламушҳо ва мушҳо паҳн мешаванд ва дар пасмондаҳои хӯрок, пору, пӯчоқи меваю сабзавот зиёд ҳастанд. Ин намуди ҳашарот инчунин дар хонаҳои ифлос ва дамгир (бе ҳаво) зиёд мешаванд, барои ҳамин ҳам хонаҳо бояд хуб шамол дода шаванд, то ки ба даруни онҳо ҳавои тоза ва равшании офтоб дарояд.

Ошхона бояд ҳамеша тоза бошад. Агар дар ошхона ифлосӣ, дар рӯйи фарш нонрезаҳо хобида бошад, он вақт дар хонаи шумо метавонанд нонхӯракҳо, ки паҳнкунандаи бемориҳои гуногунанд, пайдо шаванд. Ҳамарӯза ошхонаро бояд рӯбучин кард. Зарфҳои ошхона бояд дар ҷевон нигоҳ дошта шаванд, то ки ба онҳо магасҳо нашинанд. Обро бояд дар сатили сарпӯшдор нигоҳ дошт ва онро бо ёрии дулчаи махсус бояд гирифт. Гӯшти хом ва моҳиро набояд дар паҳлуи маводди нопухтаву ношуста (панир, ҳасиб) ва ғайра нигоҳ дошт. Пеш аз омода кардани хӯрок дастҳоро бояд тоза шуст.

Дар ошхона якчанд тахтаҳои алоҳида бояд бошад: яке барои нон, дигаре барои гӯшт ва сеюмӣ барои сабзавот.

Партовҷойҳоро аз хонаҳо бояд дур нигоҳ дошт, дар маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот барои нест кардани оби истифодашуда дар назди ҳар як ҳавлӣ чуқурии махсус сохтан зарур аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2