Зеҳн

НАҚШИ БОЗИҲОИ МИЛЛӢ ДАР СОЛИМГАРДОНИИ НАВРАСОН

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Дар шароити кунунии пешрафти ҷомеаи мутамаддин, ки олами гуногуни технологияи нав ва бозиҳои компютерӣ арзи вуҷуд намуда/ диққати кӯдакону наврасонро ба худ ҷалб кардааст, бо бозиҳои миллӣ машғул шудани кӯдакону наврасон хеле кам гардида, ҷойи онҳоро бозиҳои компютерӣ, билярду тамошои филмҳои хориҷӣ гирифтаанд.

Бозиҳои миллии тоҷикӣ дар инкишофи ҷисму рӯҳи кӯдакону наврасон нақши муҳим доранд. Бозиҳои миллӣ хеле гуногун буда, кӯдакону наврасони ҳар як маҳаллу макон бозиҳои хоси худро доранд. Масалан, ланкабозиву гӯштин хеле маъмул буда, барои инкишофи дасту по ва ҷисми кӯдакон кумак мерасонад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки агар ин бозиҳо дар доираи вақти муайян сурат гирифта, меъёри онҳо риоя карда шавад, инкишофи солимии кӯдакону наврасон таъмин мегардад. Вале бозиҳои дигаре, чун ракеткабозиву буҷулбозӣ ба ҷойи муфид будан баръакс майлу хоҳиши кӯдакону наврасонро ба амалҳои паст зиёд карда, онҳоро бераҳму қиморбоз месозад.

Яке аз бозиҳои варзишии хеле қадима гӯштини миллӣ буда, ҳанӯз аз давраҳои ориёиҳо хеле машҳур буд ва сифатҳои ин бозӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Бадоеъул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва дигар асарҳоиадибон зикр шудааст. Масалан, дар бораи гӯштингирони охири асри XIX ва аввали асри XX устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» маълумот дода, сифатҳои паҳлавонӣ ва ҳунармандиву ҷавонмардии онҳоро васф кардааст. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин намуди бозии варзишӣ дар миёни халқи тоҷик хеле машҳур буда, дар пешрафти олами варзиши миллати мо нақши муҳим дорад.

Ба хотир меорем, Фирдавсӣ гӯштин гирифтани Рустаму Суҳробро дар «Шоҳнома» чунин тасвир кардааст:

Ба гӯштӣ гирифтан ниҳоданд сар,

Гирифтанд ҳар ду давволи камар.

Сипаҳдор Суҳроб он зӯрдаст,

Ту гуфтӣ, ки чархи баландаш бубаст.

Ғамин гашт Рустам биёзид чанг,

Гирифт он сару ёли чанги паланг...

Шумо, хонандагони азиз аз падару модарон, мураббиён ва роҳбарони синфу омӯзгоронатон ин бозиҳои миллӣ: ба монанди ланкабозӣ, чилакбозӣ, гӯштӣ, сангчабозӣ, лаълакбозӣ, зудгӯяк, ресмонкашӣ, давидан, ҷаҳидан ва ғайраро биомӯзед. Шумо бояд бидонед, ки ин бозиҳо барои инкишофи солимии ҷисматон хеле фоида доранд. Аммо аксари бозиҳои компютерӣ барои ҷисму рӯҳатон манфиате надоранд. Инчунин бозиҳои компютерӣ на танҳо вақти зиёдатонро мегиранд, балки ба инкишофи ҷисму рӯҳатон низ таъсири манфӣ мерасонанд.

Нақши бозиҳои миллӣ дар солимгардонии кӯдакон аҳамияти хос дорад, аммо дар интихоби бозиҳо бояд синну сол ва бехатарӣ ба назар гирифта шавад. Гузашта аз ин, бозиҳои миллӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ, дӯст доштани халқу Ватани худ ва зинда нигоҳ доштани расму анъанаҳои миллӣ нақши босазо доранд.

Бозиҳои миллӣ дар тарбияи бадан ва тоза шудану ором гирифтани асаб кӯмак мерасонад, аммо дар вақти фориғ шудан аз ин бозиҳо баданро аз сармохӯрӣ ва гармозанӣ эҳтиёт намуда ва аз дигар офатҳое, ки ҳангоми беэҳтиётӣ метавонанд ба наврасон таъсири манфӣ расонанд, дар канор будан муҳим аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2