Зеҳн

ТОЗАГӢ - ОИНАИ ҲАЁТ

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Тозагӣ чист? Тозагӣ ё ин ки санитария ҳамаи он чизҳоест, ки саломатии мову шуморо муҳофизат мекунад. Тозагӣ, яъне санитария аз калимаи лотинии “Бапйаз” гирифта шуда, саломатиро мефаҳмонад. Чаро тозагӣ хеле муҳим аст? Оби ифлоси ошомиданӣ, сатҳи пасти тозагӣ ва набудани одатҳои бехдошт сабаби пайдоиши қариб 80% бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои домана, вабо, шикамдард ва ғайра буда метавонад.

Истифодаи оби безараргардонидашуда ва тозагӣ бо ҳам робитаи мустаҳкам доранд. Мисолҳо шаҳодат медиҳанд, ки истеъмоли оби безарари нӯшиданӣ ва риояи тозагӣ фавти кӯдаконро то 50% кам мекунад.

Вазифаи асосии беҳдошт аз он иборат аст, ки саломатии инсонро муҳофизат кунад. Мафҳуми беҳдошт маънои васеъ дорад.

Тозагӣ як ҷузъи тарбия аст ва маданияту маданиятнокӣ маҳз аз тозагӣ сар мешавад. Хонандае, ки аз хурдсолӣ ба тозагӣ одат кардааст, пас аз ба воя расидан, ҳеҷ гоҳ худро чиркину ифлос нигоҳ намедорад. Ин гуна бачаҳо пайваста баҳри тозаю озода нигоҳ доштани сару тан, пойафзол, асбобҳои хониш, хонаву ҳавлӣ, мактабу варзишгоҳ қувва ба харҷ медиҳанд, чунки онҳоро аз хурдсолиашон волидон, мураббиён, омӯзгорон ва дӯстону наздиконашон ба ин чиз одат кунонидаанд.

Омӯхтани талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар хурдсолӣ ба кас имконият медиҳад, ки дар ҳаёт ҳамеша тозаю озода бошад. Шахсе, ки мехоҳад доимо тозаю озода ва зебо бошад, ҳамарӯза ба тозагии либос, сару рӯй, ҷойи хоб, хонаю ҳавлӣ, косаву табақ, чойнику пиёлаи худ аҳамият медиҳад.

Риояи талабот ба тозагӣ корест мушкил, вале он иҷрошаванда аст. Нигоҳ доштани тозагӣ аз кас вақт ва корро талаб мекунад. Тозагӣ боз як хислати хуб дорад; шахсе, ки ба тозагӣ аҳамият медиҳад, ҳама кас ва ҳама ҷоро тозаву озода дидан мехоҳад.

Бо дастони ношуста хӯрок хӯрдан, меваю сабзавотро ношуста истеъмол кардан, оби нӯшокиро ноҷӯшонида нӯшидан зарар дорад. Барои он ки бемориҳои сирояткунанда паҳн нашаванд, мо хурду калон бояд парҳезкор бошем, ба гигиенаи шахсӣ эътибори ҷиддӣ бидиҳем ва гуфтаҳои табибонро аз таҳти дил иҷро кунем. Риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ аввалан, барои сиҳату саломат ҳаёт ба сар бурдан, дуюм барои зебою фараҳбахш гузаштани зиндагони зарур аст.

ДУ МАГАС

Ду магас бо ҳам вохӯрданд. Яке хурсанд буду дигаре ғамгин.

- Ту аз чӣ ғамгинӣ?—пурсид магаси хурсанд аз магаси ғамгин.

Ман гуруснаам,—ғингос зада гуфт магаси ғамгин ва пурсид:

- Ту аз чӣ хурсандӣ?

Ман дар хона писаракеро дидам, ки мураббо мехӯрд, гуфт магаси хурсанд. Ба назарам писараки нағз намуд. Калонсолон барин бахил не. Мурабборо бе мо, худаш танҳо намехӯрад, моро киш намегӯяд, вай албатта мерезонад, мечаконад, ба сару рӯяш мемолад ё баъди хӯрдан пиёларо намешӯяд. Мехоҳам, ки воқеаро ба ҳамаи магасҳо бирасонаму онҳо ба он хона рафта мураббо бихӯранд. Ту ҳам зуд парида рав.

Магаси ғамгин ҳам хурсанд шуд...

Беҳуда хурсандӣ мекунанд магасҳо! Зафарҷон хурдакак бошад ҳам, беақл нест. Вай мурабборо намерезонад, намечаконад, ба сару рӯяш намемолад! Пиёларо тоза мешӯяду ба тоқча мемонад ва ба офтобрӯ баромада бозӣ мекунад.

МАВЗУИ ГИГИЕНА ДАР ЭҶОДИЁТИ КЛАССИКОН ВА АДИБОНИ МУОСИРИ ТОҶИК

Тарбия чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан.

Бедил

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ, соҳибистиқлол анъана ва арзишҳои маънавиро пос медорад. Асосгузори сулҳу вахдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ба тарбияи миллӣ, аз ҷумла тарбияи тарзи ҳаёти солим диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳадафи асосии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тарбияи шахси солим, фаъол ва созанда аст. Саломатии овони кӯдакӣ заминаи асосиест барои ҳаёти минбаъдаи инсон, зеро маҳз дар ин давра ҳаёти минбаъдаи мо тарҳрезӣ мешавад.

Бисёре аз ҳадисҳои Пайғамбар (с) ба масъалаи риоя намудани қоидаву талаботи санитарию гигиенӣ бахшида шудааст. Ҳамаи мусалмонон, тавре дар Қуръони маҷид навишта шудааст, тозаю покиза нигоҳ доштани сарулибос, тану бадан, маҳалли истиқоматӣ, хулоса, риоя намудани талаботи санитарию гигиениро яке аз рукнҳои динӣ мешуморанд.

Аксарияти шоиру нависандагони муосири тоҷик низ ба масъалаи гигиена—беҳдошти саломатии одамон диққату эътибор дода, оид ба ҳифзи тандурустии мардум шеъру суруд, достон, очерку лавҳа, ҳикояву афсона, чистону латифаҳо эҷод кардаанд. Дар навиштаҳои адибон масъалаҳои риояи гигиенаи иҷтимоӣ, коммуналӣ, корӣ, хӯрокхӯрӣ, мактабӣ, ки ҳар яки мо ҳар рӯз ба он сару кор дорем, оварда шудааст ва таъкид гардидааст, ки бояд ин қоидаҳо аз тарафи хурду калон риоя карда шавад. Саломатӣ ин хушбахтии ҳар як инсон аст.

АГАР ХОҲЕД
СОЛИМ БОШЕД

Тани бедард агар хоҳед бар худ,
Барои солимӣ ҳар дам бикӯшед.

Нанӯшед оби ноҷӯиюнда ҳаргиз,
Биҷӯшонеду пас онро бинӯшед.

Бихоҳӣ эмин аз микроб бошӣ,
Тани солим, баобутоб бошӣ.

Бикун пас тозагӣ бар хеш пеша,

Ба собун шӯй дасту рӯ ҳамеша.

Саидалӣ Маъмур

НАСИҲАТ

Модар аз пеши дарвозахона садо кард:

-Шербой! Шербой! Зуд биё. Бибиат омадааст, самбӯсаи алафӣ овардааст.

-Бибиҷонам! Барои ман фақат самбӯсаи алафӣ меоранд. Медонанд, ки ман онро дӯст медорам.

Аз дар даромадаму бӯйи иштиҳоовари самбӯса ба димоғам зад.

- Самбӯса куҷост?

- Дастатро бишӯй,гуфт бибиам аз пешониам бӯсида.

Баъд ҳамроҳ самбӯса мехӯрем.

Саросема худро ба тарафи дастшӯ кашидам. Дастамро тар кардаму баргаштам. Бибиам гуфтанд:

- Бибиат садқа, дастро се бор шустан лозим!

Боз ба тарафи дастшӯ давидам, дастамро се бор об гардондам, афшонда-афшонда омадам ва хостам нишинам. Боз бибиам гуфтанд:

-Ҷони бибӣ, дасти тарро афшондан мумкин нест!

Ноилоҷ ақиб рафтаму ба дастам собун задам, се маротибаи дигар шустам, бо сачоқ пок кардам, баъд ба сари дастархон нишастам.

-Офарин, бачаякам,—гуфт бибиам,—ин насиҳати маро ҳаргиз фаромӯш макун.

Гулназар Келдӣ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2