БЕҲДОШТИ РАХТИ ХОБ
Ҳар як кӯдак бояд ҷойи хоб, кӯрпаю болишти алоҳида, либоси шабпӯшӣ дошта бошад. Тоза нигоҳ доштани бадан ва бехдошти рахти хоб аҳамияти калон дорад, зеро онҳо 1садди роҳи паҳн шудани микробҳо мешаванд.
Ҷойи хоб бояд барои хоб мувофиқ ва хеле мулоим набошад. Ҷилди болишту рахти хоб бояд пахтагӣ бошад, чунки он ҳаворо аз худ бе монеа мегузаронад ва барои буғшавии арақи пӯсти бадан кумак мерасонад.
Аз ин рӯ, ҷилди болишту рахт ва ҷойи хобро бояд тоза нигоҳ дошт. Дар хотир бояд дошт, ки ҷилди хобро доимо шустан даркор ва онро ҳатман дар як ҳафта як маротиба иваз кардан зарур аст. Дар рӯзҳои офтобӣ болишту кӯрпа ва рахти хобро зуд-зуд зери офтоб нигоҳ доштан аҳамияти калон дорад. Бо либоси рӯ ба рахти хоб даромадан мумкин нест.
Барои бароҳат хоб рафтан ва солим будан ҳавои хонаи хобро тоза нигоҳ доштан мувофиқи матлаб аст.
БЕҲДОШТИ ЛИБОСИ ТАГ ВА РӮ. БЕҲДОШТИ ПОЙАФЗОЛ
Либос чӣ фоида дорад? Либос одамро гарм ва аз таъсири муҳити атроф муҳофизат мекунад. Либос барои инсон бояд муносиб ва шинам бошад. Он бояд тоза ва зебо бошад.
Бехдошти либоси таг ва рӯ ба тарзи нигоҳубини пӯст алоқаманд аст. Либос 80%-и пӯстро мепӯшонад. Аз ин ҷост, ки либос барои муътадил амал кардани он аҳамияти калон дорад. Либоси рӯ пӯстро аз чанг муҳофизат ва эмин нигоҳ медорад. Либоси таг ва рӯ набояд ба роҳгардӣ халал расонад, яъне ба қаду басти соҳибаш бояд мувофиқ бошад.
Барои либоси таг матои чит (пахтагӣ) хеле муносиб аст. Ин намуди матоъ, инчунин барои болишту ҷойпӯш тавсия дода мешавад. Либоси рӯ барои кӯдакону наврасон бояд гарм, кушод ва сабук бошад. Ин гуна либосро аз матоъҳои аслӣ ва сунъӣ ё пашмӣ тайёр мекунанд.
Барои мактаббачагон либоси мактабиро аз матое, ки то 10-25% нахи сунъӣ дорад, омода мекунанд, зеро чунин либос гармии муътадилро таъмин менамояд.
Хонанда бояд баъди аз мактаб баргаштан либоси мактабиро кашида, дар ҷойи пешбинишуда нигоҳ дорад. У вазифадор аст, ки дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ бо либоси варзишӣ иштирок кунад. Ҳангоми худхидматрасонӣ дар хона ё мактаб пешдоманро истифода бурдан лозим аст.
Дар фасли зимистон либоси хонандагон дар синфхона бояд аз ду қабат (куртаю костюм) ва дар берун аз се қабат (курта, костюм, палто) иборат бошад. Дар хотир бояд дошт, ки пӯшидани либоси гарм имконияти хубест барои пешгирӣ намудани ҷисми инсон аз шамолхӯрӣ.
Вақти хӯрдани хӯрок дастро бо либос тоза кардан хуб нест, барои ин сачоқчаҳои махсусро истифода мебаранд. Либоси рӯйро доимӣ аз чанг тоза кардану афшондан шарт аст.
Тоза нигоҳ доштани пойафзол.
Пойафзолро ҳатман бо назардошти андозаи пой интихоб бояд кард. Пойафзоли танг ё васеъ ба сабзиши пойҳо ва ба дуруст ҳаракат кардани одам халал мерасонад. Пойафзоли танг роҳгардиро душвор карда, пойро ба дард меорад ва пойҳо арақ мекунанд.
Пойафзоли кӯдакона агар аз чарми тоза тайёр шуда бошад, беҳтар аст, зеро ин мавод аз худ ҳаво мегузаронад. Аз пойафзоли варзишӣ камтар истифода кардан лозим аст.
Дар хона либоси хонагӣ ва пойафзоли хонагӣ доштан ва пӯшидани он муҳим аст.
Бо мақсади пешгирии бемории ҳамвории кафи пой пойафзоли баландии пошнааш на кам аз 1,5-2 см баланд тавсия дода мешавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё