БЕҲДОШТИ ГӮШУ БИНӢ
Гӯш узви шунавоӣ мебошад. Маҳз бо гӯшҳо овозҳои гуногун: садои об, овози боду борон, суҳбати одамонро мешунавем ва онҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунем. Гӯшҳо воситаи асосии инкишофи нутқ мебошанд. Аз ин рӯ, гӯшҳоро эҳтиёт кардан ва тоза нигоҳ доштан зарур аст.
Гӯшро бо гӯгирдчӯб, сӯзанак ва дигар чизҳои нӯгтез кофтан ё тоза кардан мумкин нест, барои он ки эҳтимоли ба пардаи тунуки гӯш осеб расидан мавҷуд аст. Садоҳои гулдурросӣ, гӯшхарош, овозҳои баланди мусиқӣ ва ғалоғулаи беҳуда қувваи узви шунавоиро суст мегардонанд, зеро мавҷи пуриқтидори садо метавонад, ҳатто пардаи гӯшро дарронад. Онҳо на танҳо ба суст шудани қобилияти шунавоӣ ё пурра гум шудани он оварда мерасонанд, балки қобилияти кории инсонро костаю хастагиро афзун мегардонанд.
Баъди шустани сару тан ҳатман гӯшҳоро бо сачоқи тоза, сачоқи коғазӣ боэҳтиёт пок кардан лозим аст. Ҳамеша дар ёд дошта бошед: гӯшҳо бо пахта ё дока тоза карда мешаванд!
Бинӣ узви бӯйфаҳмист. Бӯйфаҳмӣ—қобилияти ҳискунии бӯйҳои гуногун мебошад, ки мо ба воситаи он бӯйҳои хуш ва бадро фарқ карда метавонем. Бӯйҳое ҳастанд, ки одамро аз хатар эмин медоранд: мисли бӯйи хӯроки ғализ, бӯйи газ ва ғайра. Аммо бӯйи хуши ғизо иштиҳоро мекушояд.
Хонанда бояд аз хурдсолӣ ^маҳорати истифодаи рӯймолчаро барои поккунии бинӣ дошта бошад. Ӯ бояд ҳангоми атса задан даҳонашро бо рӯймолча пӯшонад. Агар рӯймолча надошта бошад, дар он сурат оби ҷудошудаи биниро фурӯ мебарад, ки он зарар дорад. Рӯймолчаҳо бояд ҳамеша тоза бошанд ва ҳар рӯз онҳоро бояд иваз кард, зеро даҳону биииро танҳо бо рӯймолчаи тоза (хусусан ҳангоми бемории зу!ком) пок кардан шарт аст. Агар 'рӯймолчаҳо ношуста бошанд, эҳтимоли гузаштани микробҳо ба узвҳои биноӣ, пӯст, даҳон вуҷуд дорад.
Наврасон набояд бо даст биниро пок кунанд, даруни биниро бо ангушт кобанд. Онҳо бояд донанд, ки дар кӯча, ҷойҳои ҷамъиятӣ биниро афшондан ва дасти ифлосро бо либос тоза кардан қатъиян нодуруст аст.
Обутобдиҳии бадан ва аз шамолхӯрӣ худро эҳтиёт кардан—омилҳои асосии нигоҳ доштани қобилияти бӯйфаҳмист.
БЕҲДОШТИ ЧАШМ
Чашм узви биноӣ мебошад. Бо чашм муҳити атрофро мебинанд, ашёи гирду атрофро аз ҳам фарқ мекунанд. Дидани ҳама ашё, муҳити атроф, хондани китоб, кашидани расм, навиштан—ҳама ба биниши чашм вобаста аст. Чашм хусусияти муҳофизатӣ дорад. Пилки чашм, ки мижгон дорад, чашмро аз чангу ғубор ва равшании баланд муҳофизат мекунад. Абру қатраҳои арақи пешониро ба чашм рехтан намемонад.
Ҳангоми хондан ё навиштан масофаи байни чашм ва китоб ё дафтар бояд 30-35 см бошад. Баъди 20-30 дақиқаи кор ба чашм 3-5 дақиқа истироҳат додан зарур аст. Ҳангоми навиштан рӯшноӣ бояд аз тарафи чап бошад, дар акси ҳол сояи дасти рост ба рӯйи дафтар меафтад ва торик мешавад.
Дар ҳолати хоб рафтан ва дар нақлиёт будан хондан зарар дорад. Тамошои телевизор ё кору бозӣ дар компютер набояд бештар аз 1,5-2 соат дар як рӯз бошад.
БЕҲДОШТИ НОХУНҲОИ ДАСТУ ПОЙ
Нохунҳои дасту пой ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Дар давоми ду ҳафта як маротиба нохунҳои дасту пойро хеле эҳтиёткорона гирифтан лозим аст, чунки дар зери онҳо ифлосӣ ҷамъ мешавад ва тоза кардани он душвор аст. Агар нохунҳои даст дароз бошанд, одам метавонад тасодуфан рӯйи худ ва дигаронро бихарошад. Нохунҳои ифлос нишонаи он аст, ки соҳиби онҳо қоидаҳои бехдошти шахсиро риоя намекунад. Баъзе кӯдакон нохунҳоро мехоянд, ки ин рафтори нодуруст аст!
Микробҳои зиёде, ки сабабгори бемориҳои сироятӣ мебошанд, асосан дар зери нохунҳои даст ҷамъ мешаванд. Зери нохунҳои даст метавонад ҷойи ғуншавии тухмҳои гелминтҳо (кирми меъда) шавад. Аз ин рӯ, нохунҳоро мунтазам тозанигоҳ доштан зарур аст. Беҳтар аст дастҳо бо оби равон шуста шаванд. Гирифтан ва пок нигоҳ доштани нохунҳои пой низ лозим аст. Ба даҳон гирифтани ангушти даст мумкин нест!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё