Зеҳн

НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМИ НАВРАСОН

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ғамхорӣ оид ба инкишоф ва саломатии наврасон аз тарзи тарбияи ҳаёти солим дар оила оғоз меёбад.Тарзи ҳаёти солим дар оила ин фазои солим, муносибати хайрхоҳонаи аъзои оила ба якдигар ва кӯдакон, ташкили истироҳат ва ғизои хуб мебошад.

Агар кӯдак дар хонадон гӯшаи махсуси дарстайёркунӣ надошта бошад, онро ҳатман барояш бояд ташкил кунанд. Дар ҳамин қатор волидайнро зарур аст, ки паси миз нишаста, бо фарзанд дарс тайёр кунанд. Фарзандонро фаҳмонанд, ки дар курсӣ нишаста дарс тайёр кардан авлотар аст, нисбат ба он ки дароз кашида китоб хонанд. Чунки ҳангоми дар курсӣ нишаста дарс тайёр кардан ҷараёни хун муътадил ҳаракат мекунад, аммо ҳини дароз кашида хондан, фишори хун ба майна зиёд мешавад, капилярҳои (рагҳои мӯякии) чашм аз шиддати фишор пурхун шуда, чашмҳо мисли лола сурх мешаванд, сар ба дард меояд (чизи хондаашро чуқур намефаҳмад) ва чашмҳо осеб мебинанд, ки ин боиси бармаҳал айнакмонии шахс мешавад. Падару модароне, ки аз чунин ҳолатҳо огоҳӣ доранд, ба ин масъалаҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Баъди мактабхон шудани кӯдакон, шароити зиндагии хонавода ва реҷаи онҳо дигар мешавад. Падару модар шароити мактабравии кӯдакро ба инобат гирифта, низоми рӯз тартиб медиҳанд, риояи онро дар оила ва мактаб назорат мекунанд.

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ БЕҲДОШТИ ШАХСӢ

Бехдошт ё гигиена самти асосии соҳаи тиб буда, воситаҳои таъсир расондани табиат, муҳит ва корро ба организми инсон меомӯзад. Қоидаҳои бехдошти шахсӣ вобаста ба синнусол, ҷинс ва ҳолати саломатии шахс муайян карда мешавад.

Қоидаҳои бехдошти шахсӣ шарти муҳимми зиндагӣ ва рушди инсон мебошанд. Хонандагон бо омӯзиши онҳо дар бораи роҳҳои мустаҳкамкунии ҳолати саломатӣ маълумот пайдо карда, тавассути онҳо маҳорату малакаи зарурии зиндагии худро такмил медиҳанд.

Гигиена таъсири муҳиту фаъолиятро ба ҷисму бадани одам, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, нигоҳ доштани саломатӣ ва умри дароз доштанро меомӯзонад.

Бехдошти шахсӣ дар маҷмӯъ қоидаҳои гигиенӣ мебошанд, ки саломатии шахсро мустаҳкам ва нигоҳ медоранд. Риояи гигиенаи шахсӣ барои ҳар як фард хоҳ хурд бошад, хоҳ калон шарт аст. Нигоҳубин ва мустаҳкам намудани саломатӣ бе риояи қоидаҳои гигиенӣ ғайриимкон мебошад. Омӯзонидану иҷрои қоидаҳои бехдошти саломатӣ на танҳо дар мактаб, балки дар хона низ зарур аст, зеро он қобилияти корӣ ва ҳолати рӯҳиро беҳтар мегардонад.

Қоидаҳои бехдошти шахсӣ, аз ҷумла бехдошти дасту пой ва қоидаҳои дастурӯшӯйӣ, бехдошти дандон ва шустушӯйи бадан, машқҳои ҷисмонӣ, бехдошти чашм, гӯшу бинӣ, пӯсти бадан, тоза нигоҳ доштани либосро дар бар мегирад.

БЕҲДОШТИ ДАСТ. ҚОИДАҲОИ ДАСТШУЙИ

Дасти одам нисбати дигар узвҳо бо ашёи гирду атроф зиёдтар сару кор дорад. Аз ин рӯ, дастони инсон бисёртар чирку ифлосиро қабул мекунанд ва хусусан дар зери нохунҳои даст микробҳо пайдо мешаванд. Хонандагон дар давоми рӯз ҳавлию хона мерӯбанд, сабзавот тоза мекунанд, бо тӯб бозӣ мекунанд ва ғайра. Ҳамаи ин фаъолиятҳо бо даст иҷро карда мешавад. Дар ҳамаи ин ашё чангу ғубор, хок мавҷуд аст. ки дастҳо чиркин мешаванд ва мо инро на ҳама вақт мебинем. Агар мо дастҳоямонро пеш аз хӯрок хӯрдан нашуем, эҳтимоли бемор шудан вуҷуд дорад. Инчунин агар бо дастҳои ношуста чашмҳоро тоза кунем, метавонад чашм бемор шавад. Дастҳои чиркин либос, китоб, дафтарро низ ифлос мекунанд.

Аз ин рӯ, ҳамеша ба тозагии дастҳо диққати махсус дода, онҳоро зуд-зуд шустан зарур аст: пагоҳӣ ва бегоҳӣ, баъди бозӣ, ғундоштани хона, бозӣ бо сагу гурба, баъди ҳоҷатхона ва ғайраҳо. Дастҳоро ҳамеша пеш аз хӯрокхӯрӣ бо собун шустан лозим аст. Саволе ба миён меояд—чаро? Зеро дасти ношуста хӯрокро заҳролуд мекунад ва сабаби беморӣ мегардад.

Қоидаҳои дастшӯйӣ:

Остинро ба боло таҳ кунед.

Ҷумаки обро кушоед.

Дастҳоро тар кунед.

Собунро бигиред.

Собун ва дастҳоятонро тар кунед.

Ба дастҳоятон собун бимолед.

Собунро дар ҷояш бимонед.

Бо ангуштон собунро ба банди даст, миёни ангуштон ва кафи дастон бимолед.

Бо об дастонатонро бишӯед.

Ҷумаки обро маҳкам кунед.

Бо сачоқ дастонатонро пок кунед.

Сачоқро дар ҷояш бимонед.

Остинҳоро кушода, тугмаҳояшонро бибандед.

Дастҳоро бояд дар се маврид ҳатман шуст:

  1. Баъди бозӣ, вақти аз кӯча ба хона омадан.
  2. Пеш аз истеъмоли ғизо.
  3. Баъд аз қазои ҳоҷат.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2