Зеҳн

РЕҶАИ РӮЗ

БА
Барномасоз3 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Реҷа чист? Реҷа тақсимоти дурусти вақт аст. Реҷаи рӯз маънои ба кор, истирохат, хӯрокхӯрӣ ва хоб оқилона тақсим кардани вақтро дорад. Дуруст ташкил кардани реҷаи рӯзи хонанда ҷудо кардани вақт ба варзиши пагоҳирӯзӣ, иштирок дар дарсҳо, ёрӣ дар хона, дамгирӣ, хӯрокхӯрӣ, дарстайёркунӣ, худхидматрасонӣ ва ғайра мебошад. Реҷаи мактаббача мувофиқи синну сол, ҳолати саломатӣ ва дарсҳо дар мактаб тартиб дода мешавад.

Хонанда дар риояи реҷа ҳатман бодиққат бошад, сари вақт хӯрок хӯрад ва тибқи талаботи асосии гигиена (беҳдошт) фаъолияташро бо истироҳат (хоб) мувофиқ намояд. Солимии мактабхон бо давомнокии хоб муайян карда мешавад, ки он ба синну сол ва инкишофи ҷисмонии наврасон вобаста аст. Бачагон бояд дар як вақти муайян хоб кунанд ва аз хоб хезанд. Ба тозагии ҳавои хонае, ки бача хоб меравад, бояд диққати махсус дода шавад. Онҳо бояд ҳатман ҷойхоби алоҳидаю рахти хоби тоза дошта бошанд.

Агар дар баробари наврасон ҳамаи аъзои оила реҷаи муқарраршударо риоя кунанд, ҳолати хуби саломатиро таъмин карда метавонанд.

ОБУТОБДИҲИИ БАДАН

Таълим дар мактаб ба хонанда на танҳо дониш медиҳад, балки қобилияти ҷисмонӣ ва фикрии ӯро ба низом медарорад ва барои рушди хотира, тафаккур, ирода ва эҳсосот замина фароҳам меорад.

Барои бардаму солим будан ҳар як одам бояд баданашро обутоб диҳад. Бадане, ки обутоб ёфтааст, ба тағйироти гирду атроф, масалан, пасту баланд шудани ҳарорати обу ҳаво зуд мутобиқ мешавад. Чунин одамон кам бемор мешаванд.

Баъди иҷрои корҳои ҷисмонӣ ва зеҳнӣ одам бояд ҳатман 5-10 дақиқа танаффус кунад. Барои муътадил фаъолият намудан зарурати обутобдиҳии бадан ба миён меояд. Баъди иҷрои машқҳои пагоҳирӯзӣ оббозӣ кардан, дар ҳавои тоза гаштан, дар фасли тобистон қабули нурҳои офтоб, ки барои пӯсти инсон фоидабахш аст ва аз бемориҳои шамолхӯрӣ эмин нигоҳ медорад, воситаҳои муҳимми обутоби бадан буда, қобилияти кории инсонро ташаккул медиҳад.

Офтоб ва об омилҳои муҳимми обутоби бадананд. Организм ба таъсири нури офтоб ва об бояд оҳиста-оҳиста одат намояд. Нурҳои офтобро баъди 1,5-2 соати хӯрокхӯрӣ қабул мекунанд ва он бори аввал аз 5 дақиқа зиёд нашавад. Минбаъд давомнокии онро 1-2 дақиқа зиёд карда, ба 45 дақиқа мерасонанд. Агар меъёр риоя нагардад, метавонад ба организм зарар бирасонад (пӯстро месӯзонад).

Бо об пухта кардани бадан низ қоидаҳои худро дорад. Дар рӯзҳои аввал пас аз машқҳои пагоҳирӯзӣ сачоқро ба оби ҳарораташ муътадил тар намуда, тамоми баданро пок мекунанд. Баъдтар барои ин кор оби ҳарорати пасттарро истифода мебаранд. Ҳарорати об дар ибтидо бояд ширгарм ва баъдтар тадриҷан хунук карда шавад.

Агар одам хасташавиро ҳис кунад, метавонад рӯяшро бо оби хунук шӯяд ва дам гирад. Самти корашро иваз намояд, дар ҳавои тоза сайругашт ва ё бозӣ кунад, китоби шавқовар хонад ва ғайра.Табибон тавсия медиҳанд, ки мактаббачагон рӯзе камаш 3-4 соат дар ҳавои кушод бошанд. Азбаски дар охири ҳар як чоряки соли хониш қобилияти кории хонандагон паст мегардад, реҷа ва обутобдиҳии бадан нақши калон мебозанд.

Агар наврасон камҳаракат бошанд ва ба обутобдиҳии бадан аҳамият надиҳанд, инкишофи ҷисмонии онҳо суст мешавад ва мушакҳои бадан ва системаи асаб низ заиф мегардад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2