Зеҳн

ВАҲДАТ - ГАРАВИ ХУШБАХТӢ ВА РУШДИ МИЛЛАТ

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Парокандагии миллӣ, ҷудоӣ ба маҳалу гурӯҳҳои байни тоҷикон, ки акнун истиқлолу озодӣ насибашон гаштааст, воқеан, даҳшат ва хатари азиме буд. Такдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун “ашки сари мижгон” дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда, ба ҳар хонадоне осори ғаму андуҳ ниҳода буд, дар шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин разми беназмро кас надид, Ва тасвири онро набояд кашид. Зи тифлони гаҳвора то пири кор, Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.

Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта, берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба ухдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш “Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам” буд. Дар ҳақиқат, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзую омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба вахдату сарҷамъӣ даъват карда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд.

Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ яке аз аввалинҳо шуда, ин санаи муборакро барои ҳаммиллатон муборакбод гуфт:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик.
Кунун оғози сулҳ асту рифоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Шоира Гулрухсор аз тулӯи ҳаёти нави мардуми кишвар ва эҳёи зиндагии пурбаҳои миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада мегӯяд:

Боз тоҷик,

Миллати мурғи самандар,
Аз шуои оташи худсӯзии худ,
Марзи имонро биафрӯзад.

Тоҷикистон сӯхт, гар аз ҷаҳли тоҷик,
Фазли тоҷик

Тоҷикистонро биафрӯзад.

Дар ҳақиқат, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг - идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд, сазовори ситоиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳанд кард.

УМЕДИ ЭХЁ

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.

Сад ҳазорон ман ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон мо шудем.

Ҳосили ҳамдасту ҳампойӣ бубин,
Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем,

Меҳри ҳам варзида қад афрохтем,
Қадри ҳам дониста сарболо шудем,

Дасти ҳам бигрифта ҳамчун ҳарфҳо,
Рӯйи авроки Ватан маъно шудем.

Рафт овои дили мо сӯйи ҳам.

Ҳамсадо гаштем, ҳамово шудем.

Милро аз чашми миллат карда дур,
Ҳамчу шеъри Рӯдакӣ бино шудем.

Доруи дарди ҷудоӣ ёфтем,
Вориси шоистаи Сино шудем.

Рӯ барои Ҳақ ниҳодем аз дигар,
Рострав чун сатри Мавлоно шудем.

Бин ба мо ҳар субҳ чун бар Офтоб,
Гум нагашта, аз дигар пайдо шудем.

Мо на хокистар, шудем оташ зи нав,
Чун самандар мо зи худ эҳё шудем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2