Зеҳн

СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги шармандавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.

Лоиқ Шералӣ

Сулҳу оштӣ дар табиату хислат, дар хуну фаросат ва дар имону дину мазҳаби мардуми тоҷик ҳамчун арзиши гаронбаҳо ва муқаддас нуҳуфтааст. Дини мубини ислом пайваста ҷангҳои бемаънӣ ва харобиоварро маҳкум, сулҳу оштиро талқин менамояд. Сулҳ дар дину мазҳаби тоҷикон воситаи муҳимми расидан ба саодату хушбахтӣ аст.

Тоҷик умре домони сулҳу оштиро маҳкам дошта, аз замину ҳунараш зиндагии сарбаландонаи худ ва фарзандонашро таъмин кардааст ва маҳз аз фарҳангу ҳикматаш сарвату дороии маънавиаш боло рафтааст. Вақте ки як халқро замини ҳосилхез, обҳои мусаффои фаровон, сарватҳои моддию маънавии бепоён насиб гардидааст, ба лашкаркашию ғорат намудани кишварҳои дигар ҳоҷат нест.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон умре бо замин, бо боғу роғ, ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу маърифат сарукор доранд. Вай на ба шамшеру тиру туфанги худ, балки адабиёту ҳикматаш дар Шарқу Ғарб ном баровардааст, ки инро оламиён эътироф кардаанд. Баръакс, аҷнабиён мудом ба ин сарзамин чашм ало кардаанд, куштаанду бурдаанд, аз калла манораҳо сохтаанд ва аз хуни ин мардум дашту даманҳо лолагун гаштааст. Дар ин мавридҳо тоҷикон ба дифои хоки муқаддаси худ бархостаанд, вале ҳамеша кӯшиш кардаанд ва тадбир ҷустаанд, ки кор ба ҷанг наанҷомад.

Сулҳхоҳию оштипазирӣ омехта бо шири модару хуни поки миллати тоҷик ҳастии ҳар як фарди моро фаро мегирад ва то охири умр ҳамроҳӣ мекунад. Тоҷик дар ҳассостарин лаҳзаҳои ҳаёт аввалин сухане, ки мегӯяд, сулҳу вахдат аст.

Ҷомеаи Тоҷикистон, ки имрӯз роҳи сулҳро интихоб кардааст ва манфиати миллӣ аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло гирифтааст, боварии комил ҳосил намудан лозим аст, ки ба ҷомеаи фарҳангӣ ва давлати он ба давлати ҳуқуқбунёд табдил меёбад. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалии он давраи нав оғоз ёфт. Тоҷикистони соҳибистикдол чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ҷангҳои маҳаллиро маҳкум намуда, баҳри пойдории сулҳ дар тамоми ҷаҳон баромад намуд ва чун узви Созмони Ҳамкории Шанхай баҳри таъмини сулҳ дар қитъаи Осиё саҳми босазои худро гузошт.

Дар қонунгузории кишварамон, бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 11) омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».

Имрӯз аз рисолати сулҳпарварӣ на танҳо ояндаи кишвари мо, балки такдири ояндаи ҷомеаи башарӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз мо, тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором ва заҳмати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми доимии худ қарор дода, ба сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарзи зиндагии дунявӣ пеш меравем.

Сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ифодагари орзую ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишварамон буда, он чун дастоварди Истиқлолияти давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат ёфтааст.

Дар роҳи амалӣ намудани сулҳу вахдат дар кишварамон саҳми Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Аз рӯзҳои аввали давлатдории худ Эмомалӣ Раҳмон зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа маҳкум намуда, ба хулосае омад, ки ба Вахдати миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ маҳз дар заминаи сулҳу осоиш ва фазои мувофиқи сиёсӣ расидан метавон. Кӯшишҳои пайгиронаи ӯ роҳи дароз, пурмашаққат ва басо мушкили ҳалли ихтилофоти миёни тоҷиконро хотима бахшида, фазои мувофиқро барои бозгардонидани тамоми фирориёни иҷборӣ аз хоки Афғонистон фароҳам овард.

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири ҳаёт эътироф карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар ҷаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор медиҳанд.

Аз касе пӯшида нест, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хатари тақсим шудани сарзамини муқаддас ва марзҳои ягонаи кишвар пеш омада буд. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ, андешаи тақцири ояндаи миллат, нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва боло гирифтани ифтихору нангу номуси миллӣ фарзандони асили халқро ба музокироту гуфтушунид ва ҳалли осоиштаи муноқишаҳо водор сохт. Онҳо барқасди нақшаҳои душманони миллати тоҷик аз мухолифати мусаллаҳона даст кашида, аз тариқи музокироти осоишта ва гуфтушунидҳои сиёсӣ роҳи расидан ба сулҳу осоиш, ризояти тарафайн ва Ваҳдати миллиро пеш гирифтанд.

Сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми мардуми Тоҷикистон, сабру таҳаммули тарафҳои мухолиф ва кумаки давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам омад. Таърих гувоҳ аст, ки дар сиришти мардуми мо хиради азалӣ, сабру таҳаммул, бурдборӣ ва Вахдату ифтихори миллӣ ҳамеша мақоми баланд дорад.

Маҳз дар натиҷаи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал намудани ихтилофот фазои пуршиддати сиёсии Тоҷикистон тадриҷан муътадил гардида, оташи ҷанги бародаркуш хомӯш шуд ва миллати мо аз вартаи ҳалокатбори парокандагӣ раҳо ёфт. Ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ризоят ва Ваҳдати миллӣ расидани халқи мо шаҳодати пирӯзии акди солим буд. Махсусан дар он рӯзҳои вазнин ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, сулҳу оштии деринтизори тоҷикон оқибат 27 июни соли 1997 фаро расид, ки онро мардуми тоҷик ҳар сол чун Рӯзи Вахдати миллӣ ҷашн мегиранд.

Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистикдоли тоҷикон буд. Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатхо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем. Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро саривақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, Ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд. Ба азму иродаи сулҳпарваронаи халқ ва неруҳои солимфикри ҷомеа такя намуда, оқибат ба мақсад расидем.

Сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ барои мо қутбнамое гардид, ки дар заминаи он мо ба марҳалаи нави зиндагӣ - барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азизамон рӯ оварем. Имрӯз тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, тинҷию осудагӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат вазифаи ҷонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад.

Дар таъмини сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин фарзанди фарзонаи миллат созишномаи оштии миллӣ ба имзо расид ва марҳалаи душворе паси сар шуд. Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро ҳамчун ва марҳалаи душворе паси сар шуд. Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро ҳамчун бунёдгузори давлатдории сифатан нав, ки дар пояи сиёсати Ваҳцати миллӣ ва арзишҳои демокративу дунявӣ қарор мегирад, бо сарбаландӣ анҷом дод ва собит намуд, ки қодир аст, дар мураккабтарин ва печидатарин вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳарбӣ аз байни тадбирҳои гуногун маҳз тадбири барои шароити муайян муносибро интихоб намояд ва истифода барад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки:

-миллати тоҷикро сарҷамъ намояд;

-Вахдати миллӣ, сулҳхоҳӣ ва сулҳпазирии тоҷиконро эҳё намояд;

-миллатро як бори дигар ба худи миллат ва оламиён шиносонад;

-ифтихори миллиро дар рӯҳи фарзандони миллат бипарварад;

-моро ба созандагӣ ва офарандагӣ ҳидоят намояд;

-торҳои дӯстию рафоқатро миёни тамоми сокинони Тоҷикистон новобаста аз мансубияти миллию нажодӣ пайваст кунад.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтааст: «Бигузор асри XXI чун замони Сомониёни бузург барои миллати мо асри тиллоӣ гардад!»

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2