ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОБИ ЗАБОНИ МОДАРӢ
- Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст.
- Забони тоҷикӣ ҳоло бояд ҷавобгӯйи ниёзҳои замон бошад ва тамоми таҳаввулоти сиёсию иқтисодӣ ва нҷгимоию фарҳангии ҷомеаро дар худ инъикос намояд.
- Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ҳама ҳолат миллаги зоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон забони модариро аз даст надодааст.
- Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост.
- Дар асри бисту як-дар замони ҷаҳонишавии босуръати мушкилоти башарӣ низ, ки аз рӯйи пешгӯйиҳои олимон эҳтимоли маҳвшавии тақрибии дусад забони хурди олам вуҷуд дорад, забони тоҷикӣ бояд пойдевори таърихии худро ҳифз карда тавонад.
- Дар замони шӯравӣ низ забони тоҷикӣ бо кӯшиши шахсиятҳои фидокори илмию адабӣ бузургию асолати худро нигоҳ дошт ва ба миллат хизмат кард.
- Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур кард, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд.
- Забони классикии форсии дарӣ, яъне тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои авестоӣ ва паҳлавӣ ба вуҷуд омадааст, минбаъд бояд яке аз забонҳои тамаддуни ҷаҳонӣ гардад.
- Забони тоҷикӣ бо фасоҳату балоғаташ асрҳо боз оламиёнро дар ҳайрат гузоштааст.
- Мо агар қадру манзалати Ватан, миллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насозем, зарурати густариши худшиносию худогоҳӣ, таҳкими Вахдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти Тоҷикистонро пайваста таъкид накунем, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодию фарҳангиро таъмин карда наметавонем.
- Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳанги бегонаро мепазирад.
- Забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст.
- Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.
- Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад.
- Ҳамчунин номи тоҷик ҳам таърихи ғанию рангин дорад ва дар набардҳо баҳри ҳифзи ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша пирӯз мондааст.
- Забони тоҷикӣ на фақат гавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи фарҳанги қадимӣ ва камолоти он аст.
- Забони тоҷикӣ омили муҳимми якдигарфаҳмии одамон ва пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳост.
- Лафзи модарӣ муқаддас аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт.
- Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистикдол аст.
- Мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем.
- Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист.
- Мо, пеш аз ҳама, барои рушди забони давлатӣ тадбирҳои лозимӣ андешида, танҳо дар ҳамин замина омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисиро вусъат медиҳем.
ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ МО
Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,
Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.
Ҷавшанаш буд ин забону меҳанаш буд ин забон,
Ин забонро чун тавоне дар равонаш зинда дошт.
Ин забон, ки чу шири модар покиза аст,
Порӯю покҷисму покҷонаш зинда дошт.
То забони мардуми аҳли биҳишташ хондаанд,
Халқ онро чун каломи Ҳақ ба ҷонаш зинда дошт.
Ҳарчи ӯ аз даст доду ҳарчи бирбурданд аз ӯ,
Дар забонаш, дар забонаш, дар забонаш зинда дошт.
Рӯдак бар ӯ шукӯҳи безаволӣ додааст,
Бӯалӣ чун офтоби осмонаш зинда дошт.
Хоҷа Ҳофиз ин забонро худ забони ишқ кард,
Ин забонро гармии ишқи ниҳонаш зинда дошт.
Ӯ раҳи иқболи моро дар шаби таърихи тор
Бо дурахши озарахши вожагонаш зинда дошт.
Кохи шаъну эътибори миллати фархундаро
Устувони ин забон чун устухонаш зинда дошт.
Ҳуҷҷати пирӯзии мо, ҳуҷҷати бунёди мост,
Ин забоне, ки ҷаҳонро дар ҷаҳонаш зинда дошт.
Камол Насрулло
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё