ЧАРОҒИ ЗИНДАГИ
Тобистон. Ҳаво тафсидааст. Паранда дар осмон параш, чаранда дар замин пояш месузад. Кудакон ҷуй, дарё ва фаввораҳоро иҷора гирифтаанд.
Чор тан аз чор сӯйи Душанбешаҳр дар сояи зарбеди лаби ҷӯй нишастаанд. Яке аз самти шарқӣ, дигаре аз самти ғарбӣ, сеюмӣ аз самти ҷанубӣ ва чорумӣ аз самти шимолии шаҳр. Аввалӣ мегӯяд: “Душанбе ҳам дил асту ҳам дида. Вай нигин аст дар водии Ҳисори Шодмон. Махсусан самти шарқии он дилрабост. Бозори Шоҳмансур дар ҳамин самт воқеъ гардидааст. Аз ин самт шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Хоруғ, Душанбе- Рашт ибтидо мегирад. Офтоб ҳам аз ҳамин самт тулӯъ мекунад”.
Дувумӣ мегӯяд: «Маъқул, вале самти ғарбии шаҳри азизамон боз ҳам зеботар аст. Маҳаллаи ободу зебои 82, хиёбони Исмоили Сомонӣ, қасру биноҳои маҳаллаи Испечак қомат афрохтаанд. Офтоб паси ҳамин самт ғуруб мекунад”.
Сеюмӣ мегӯяд: «Шоҳроҳи Душанбе-водии Вахш аз самти ҷануби шаҳрамон оғоз меёбад. Бозорҳои Султони Кабир, Ганҷина ва Корвон ба одамон ризқу рӯзӣ мебахшанд. Хиёбони Неъмат Қарабоев ҳамто надорад».
Чорумӣ, ки то ин вақт хомӯш нишаста буд, сар боло мекунад ва мегӯяд: «Офарин ба шумо. Дар ҳақиқат ҳам самтҳои шарқу ғарб ва ҷануби Душанбешаҳрамон ҳар рӯз рангу бӯйи тоза мегиранд. Аммо, ҷанобон, бигӯед, ки ҳамин ҳоло мо дар кадом самт нишастаем, аз гармии офтоби сӯзону ҳавои тафсон дар куҷо панаҳ бурдаем?»
-Чӣ хел дар куҷо? -Якбора мепурсанд он се тан ва худ ҷавоб медиҳанд: -Дар самти шимоли шаҳрамон. Ин ҷӯй аз ҳамин самт ҷорист.
-Офарин, дӯстон. Ин аст самти шимоли шаҳрамон. Ман аз донишгоҳу хиёбонҳои он, боғу гулгаштҳои он, одамони наҷибу некхоҳи он ҳарф намезанам. Танҳо ҳаминро мегӯям, самти шимоли Душанбешаҳри дилорои мо аз дараи арӯсон-Варзоб оғоз меёбад ва дар ин самт даҳҳо хиёбону кӯчаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо воқеъ гардидаанд, ки ҳазорон ҳазор одамон машғули кор ва дилбастагие ба зиндагӣ доранд.
Намедонам, ҳукми тақдир буд ё зулми замона, ки 3000 сол пеш чор тан аз чор сӯйи Ватани паҳновари аҷдодиямон дар як гӯшаи мулке ба ҳам вохӯрданд. Чун онҳо моҳҳо ва рӯзҳо сафар мекарданд, аз ҳад зиёд хаста ва шалпар шуда буданд, тани афсурдаи худро зери дарахти азими чормағзе гирифтанд, ба ғанаб рафтанд. Насими фораме, ки аз Варзобдара мевазид, ба тани хастагон рӯҳи тоза мебахшид. Рӯди Варзоб алла мегуфт.
Субҳи барвақт чашми рӯз накафида, бедор шуданд ва аз ҳолу аҳвол ва касбу шуғли ҳамдигар воқиф гардиданд: чармгар, заргар, барзгар ва оҳангар. Мавзеъ маъқул шуд. Паҳлуи ҳамдигар кулбаҳо сохтанд, чароғи зиндагӣ фурӯзон карданд.
Ва инак, 3000 сол аст, ки ин чароғ фурӯзон аст ва аз насл ба насл мегузарад, фурӯзонтар мегардад. Вобаста ба вазъи сиёсию иқтисодӣ замоне паст ва замоне ҳам баланд мешавад чароғ.
Оҳангар оҳангарӣ мекард, афзору олоти рӯзгор месохт: бел, каланд, дост, корд, теша, табар, кафгир, пойи аспонро наъл мезад. Заргар афзорҳои зебу зинат месохт: гӯшвор, ҳалқа, муҳра, ангуштарӣ, даспонаву бозубанд.
Чармгар ба чарм машғул буд: зин, тасма, ғилоф, нӯхта месохт. Барзгар деҳқонӣ мекард. Ҷуфти гов дошт. Ҷав, гандум, арзан, зағир мекошт. Болои маҳалла заминҳое буданд васеъ, ҳамвор, ҳосилхез. Деҳқонию барзгарӣ кори умум ва ҳама буд: заргару оҳангару чармгар деҳқонӣ ҳам мекарданд.
Он замонҳо Душанбе шаҳр набуд, аммо серодам буд. Намедонам аз, чӣ бошад, ки ҳар ҳафта рӯзи душанбе одамони гирду атроф аз Ҳисори Шодмону Кофарниҳон, Файзободу Андигону Варзоб, Нораку Данғара пиёдаю аспакию харакӣ ба Душанбе меомаданд. Бозор меоростанд. Шояд аз ин сабаб буд, ки дар гузашта рӯзи душанбе байни ҳафта қарор дошт. Се рӯзи аввал: ҷумъа, шанбе, якшанбе, се рӯзи дуюм: сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва дар байн душанбе. Се рӯз кор мекарданд, як рӯз истироҳат ва боз се рӯз кор.
Заргар дар санъату ҳунари худ ҳамто надошт. Ҳалқаю гӯшвораҳояш дар ҷаҳон машҳур шуда буданд. Одамон аз дуру наздик хонаи заргарро суроғ мекарданд. Мардон барои бонувон, ҷавонон барои арӯсони ояндаашон ҷавоҳирот мехариданд. Солҳо гузаштанд. Ибораи “хонаи заргар” “маҳаллаи Заргар” пайдо шуд. (М.Лутфуллоев)
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё