Зеҳн

ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ ВАТАНИ МО

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ буда, маркази илму фарҳанги тоҷикон ва пойтахти давлати Тоҷикистон аст. Ин шаҳри зебову дилоро соли 1924 баъди тақсимоти миллии марзӣ ба вуҷуд омад. Халқҳои Осиёи Миёна ба давлатҳои хурд тақсим гаштанд ва пойтахти тоҷиконро аз

Бухоро ба деҳаи хурди кӯҳистон-Душанбе кӯчониданд. Онро пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.

Халқи тоҷик ҳама чун як ҷону тан барои ободии Душанбеи.. азизаш камар баст ,Дар як муддати кӯтоҳ Душанбе ба як шаҳри бузурги замонавӣ табдил ёфт. Соли 1929 баъди ҳафтумин ҷумҳурии иттифоқӣ номида шудани Тоҷикистон Душанбе номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 боз номи аввалааш барқарор шуд.

Душанбе дар давоми мавҷудияти худ хеле тез тараққӣ карда, пеш рафт. Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои боҳашамат, театрҳо, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳусни шаҳрро як бар сад афзун намуданд.

Дар оғӯши ин шаҳри зебо намояндагони миллатҳои гуногун дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд ва якҷоя барои ободии диёр саҳм мегузоранд. Маҳз бо заҳмату талошҳои ин мардони меҳнат Душанберо ҷаҳониён чун шаҳри дилоро эътироф кардаанд:

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.

Боқӣ Раҳимзода

Имрӯз масъулияти сокинони шаҳри Душанбе чун дили Ватани мо беш аз пеш афзудааст. Хдмаи мову шуморо зарур аст, ки ба қадри сарватҳои фарҳангию маънавии пойтахт ва моликияти давлатӣ: об, фазо, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманзор, роҳ, накдиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ ва зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри биҳиштосо чароғи меҳру вафо ва сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.

Душанбе хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё, макони бахту иқбол, хазинаи илму дониш ва сарфарозиҳои мост:

Шаҳри паймони ман, Душанбе,
Фахри даврони ман, Душанбе.
Пояи Вахдати тоҷикон,
Дар дилу ҷони ман, Душанбе.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2