Зеҳн

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

БА
Барномасоз2 сентябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнҳои миллӣ хеле хотирмон ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса мегузаранд. Махсусан, ҷашнҳои рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр), 21-22-уми март - иди байнал- милалии Наврӯз, 27 июн - Рӯзи Вахдати миллӣ, 5 октябр- Рӯзи қабули Қонун дар бораи забони давлатӣ хеле бо шавқу завқи бепоён таҷлил мегарданд.

Дар байни ин идҳои миллӣ ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 9 сентябр қайд карда мешавад, мавқеи махсус дорад, зеро истиқлолият ва озодӣ орзуву омоли чандҳазорсолаи мардуми тоҷик буд. Тоҷикистон баъди даҳ асри бедавлатӣ 14 октябри соли 1924 ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис ёфт. Маҳз орзуи истиқлолият ва ҷонфидоию муборизаи фарзандони фарзонаи миллат буд, ки Тоҷикистон 16 октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт.

Бо пош хӯрдани давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати махсус пайдо кард, ки барои тоҷикон ин воқеаи фараҳбахш ва бузург буд.

Бо фарорасии фазои мустақили сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои мо, ватандорон, афзун гардид. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демократию дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе вахдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих гузарад. Ташаккули замони ҳозира ба кашфи техникаи нав, ихтироот, заҳмату талош, робита бо давлатҳои пешрафтаи дунё ва ғайра ниёз дорад.

Ҳоло ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо, шаҳрвандони он, бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорем ва бо исми миллат ифтихор кунем.

Мову шумо метавонем танҳо бо таҳсили хубу аъло, бо неруи акдонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии Ватан бошем.

Чист Истиқлолият?

Сарбаландиву сарафрозӣ ба ҷон,
Қадри худ бишнохтан то ҷовидон.
Қасри бунёди саодатмандӣ аст,
Нахли ширинмеваи пайвандӣ аст.

Чист Истикдолият?

Дар Бадахшони сухан лаъли Яман,
Зар шумурдан зарраи хоки Ватан,
Ишқро омехтан бо ҷону тан,
Аз қафас парвоз бар сӯйи чаман.

Чист Истиқлолият?

Дар сари минбар сари нанг асту ном,
Гул шамидан аз гулистони мақом.
Бошад аз ачдоди Сосонӣ паём,
То ҳамин донед умри бардавом.

Чист Истикдолият?

Қуллаи умедҳоро сохтан,

Парчами фахру фараҳ афрохтан,
Най ба тамъи найшакар бинвохтан,
Деви навмедӣ ба чоҳ андохтан.

Чист Истиқлолият?

Пайки бахту муждаи озодӣ аст,
Дар Вадан сарманшаи ободӣ аст,

Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,
Ишқи Ширину дили Фарҳодӣ аст.

Чист Истиқлолият?

Дидаву дилро зиё бахшидан аст,
Бар ятиме муттако бахшидан аст,
Бенавоеро наво бахшидан аст.
Интиҳоро ибтидо бахшидан аст.

Чист Истиқлолият?

Роҳ кушодан дар дили кӯҳи Ватан,
Роҳ паймудан ба сӯйи анҷуман,
Боғи умедест дар дашту даман,
Тоби хуршедест андар ҷони ман.

Чист Истикдолият?

Бар ватангумкардагон огоҳӣ аст,
Шаҳсутуни бахту тахти шоҳӣ аст,
Ибрате аз меҳру обу моҳӣ аст,
Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ асг.

Чист Истиқлолият?

Мояи эҳсосу дарки ифтихор,
Дар дили фасли хазон пайки баҳор,
Иттиҳодеро намудан устувор,
Бошад ин армони қавми тоҷдор.

Чист Истиқлолият?

Муҳри маҳтоб аст аз сандуқи шаб,

Номаи меҳрест аз асли насаб,
Ояти шукрона пиндораш ба лаб,
Вахдати моро ҳамин бошад сабаб.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2