РАМЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои махмалини хоси росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқии ҳамранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Паҳнии рахҳои сурху сабзи болою поён ба ҳам баробар буда, паҳнии рахи сафед якуним баробари яке аз рахҳои рангаро ташкил медиҳад. Даври Ливо бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ ва бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст. Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.
Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.
Қисми чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишвару халқҳо аст.
Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва унсурҳои коинот дар атрофи Офтоб инъикос ёфта, баёнгари бахт, вахдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.
Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар замину осмон тасвир ёфтааст.
Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
«Дирафши Ковиён» бо ресмонҳои ранги зарҳалӣ дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.
Дар қисми болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл шудааст, ки дар он номи хонаводагӣ, номи падар ва номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии вай ҳаккокӣ мегардад. Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.
Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шакли хос ва такмилии ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи як» ва шаддаи хоси овеза таҳия гардидааст.
Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ-ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи як», Шери болдор ва шаддаи заррин иборат мебошад.
Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх ҷойгир аст, ки аз ёқути сурх сохта шуда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт аст.
Бояд гуфт, ки ёқути сурх аз ҷумлаи сангҳои гаронбаҳо буда, беҳтарин намунаҳои он дар Тоҷикистон мавҷуданд. Умуман, ёқут, зумуррад, лаъл, тилло ва ҳама сангу филизи қиматбаҳои дар нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашуда маҳсули табиати биҳиштосои Т оҷикистонанд.
Дар ҳалқаи давродаври заррини нишон ибораи «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.
Дар дохили доираи ситораи ҳафтгӯша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тилло тасвир ёфтааст.
Ситораи ҳафтгӯша бо нурҳои хос аз тиллои сафед оро ёфтааст, ки онро шукӯҳу зинат бахшида, рамзи покию озодагии рӯҳ ва сират мебошад.
Ҳар хатти тӯлонии нур (маҷмӯан: 7 хат) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмӯан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмӯан: 14 хат) бо лаъл оро ёфтаанд.
Ба ҳар гӯшаи Ситора лавҳаи мураббаи заррин (дар маҷмӯъ: 7-то) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он санги зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.
Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимибуда васл гаштааст. Шери болдор аз даврони қадим рамзи қудрат, шукӯх ва азамати давлат шинохтаю эътироф шудааст. Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хоси заррин ва шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи лавҳаи суннатии қудрат мебошанд.
Шаддаи заррин 13 ҳалқаи зарринро дар таносуби муайян ва пайиҳам пайванд намудааст. Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррини дигар дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст.
Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як Президент ба Президенти дигар расман супурда шуда ва ба таври хосса нигоҳдорӣ мешаванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё