АЗ ДИРАФШИ ПЕШДОДИИ КОВИЁН ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН
Парчам гувоҳи барҷастаи Истиклолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури милли ва ифтихори ватандории мост.
Парчам таърихи 3-3,5 хазорсола дорад. Қабилаҳои гуногун дар қадим ҳангоми ҷанг вобаста ба тасаввури ҳайвоноту набототпарастиашон ба нӯги чӯбҳо тасвири ҳайвон ё рустаниеро, ки ҳомии худ мешумурданд, мебардоштанд ва тавассути он худиҳоро аз бегонагон фарқ мекарданд. Чӯби барҷаставу мунаққаши бар болои сафҳои лашкариён бардошташуда аз бошишгоҳи сипаҳсолор хабар медод. Ин рамзҳо ба ҷанговарон самти пешрафт, ҷойи ҷамъшавӣ, сафороиро нишон медод, ба дилҳои қабилаҳои ҷанговарон бовар ба қувваи худ ва эътимод мебахшид.
Нахустин парчамҳо дар Эрон, Чин ва Мисри Қадим пайдо шудаанд. Дар китоби «Авесто» парчамҳои давлати Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он тасвир шудааст. Парчамдорию парчамбардорӣ ба халқи мо аз ниёгонамон мерос мондааст.
Таърихи тоҷикон парчамдориро аз дирафши пешдодии Ковиён ёд дорад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар достони «Коваи оҳангар» ҳикоят карда мешавад, ки Кова пешдомани чармини сурхи худро дирафш кард ва мардумро зидди ҷабру зулми Заҳҳоки морон ба мубориза даъват намуд. Мардум зери ин парчам ҷамъ омаданд ва ғалаба ба даст оварданд. Сипас шоҳ Фаридун ба тахт нишаста, ин парчамро «Дирафши Ковиёнӣ» ном ниҳоду бо зару зевар ороиш дод ва аз он замон парчам чун рамзи давлату давлатдорӣ, озодӣ аз ҷониби ниёгони мо қабул ва муқаддас дониста шуд.
«Дирафши Ковиён» то ҳуҷуми арабҳо вуҷуд дошт, вале арабҳо онро аз байн бурданд. Ба Аврупо парчамро арабҳои мусулмон бурданд ва парчамдориро ёд доданд. Аввалин парчамҳои ба байрақҳои имрӯза монанд, яъне дар шакли матои дар чӯбдаста басташуда дар Чин пайдо шудааст, ки онҳоро соли 100-уми то милод истифода мекарданд. Аксари парчамҳои гузашта сегӯша буданд ва рангҳои сурх (бештар), сафед, зард, бунафш доштаанд. Баъдтар азбаски парчамҳои чоргӯша барои дар киштӣ овехтан мувофиқ буданд, тадриҷан аввал дар Аврупо ва пас дар ҷаҳон парчамҳои чоргӯша (ғайр
Парчами аморати Бухоро низ чоргӯша буд ва акси моҳу ситора ва панҷаи дастро дошт. Аз асри XVIII сар карда, истифодаи парчам чун рамзи миллатҳо оғоз ёфт. Куҳантарин парчами бетағйирмонда парчами давлати Дания мебошад, ки аз соли 1219 милодӣ вуҷуд дорад.
Рӯзи Парчами давлатиро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Мексика, Канада, ИМА, Шветсария, Лаҳистон (Полша), Ҷопон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ботантана ҷашн мегиранд. Манораҳои бузурги парчам то 162 метр дар Озарбойҷон, 160 метр дар Кореяи Шимолӣ, 133 метр дар Урдун ва126метр дар Уммон мавҷуд аст. Соли 2011 баландтарин манораи Парчам дар Тоҷикистон дар баландии 165 метр барафрохта шуд.
Дар даврони шӯравӣ аз соли 1924 то 1991 парчами давлатӣ чанд бор иваз карда шуд. Аввалин парчами Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон парчами умумии СССР буд. Аз соли 1922 то соли 1953 парчами ҶШС Тоҷикистон якрангаи сурх буда, дар он пай дар пай нишони ҷумҳурӣ, навиштаҷоти «088 Торк181оп», аломатҳои досу болға ва номи ҷумҳурӣ бо забони русӣ тасвир шуда буд. Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон аз 20 марти соли 1953 муқаррар шуд, ки парчами давлатии РСС Тоҷикистон аз матои росткунҷа ва аз чор рахи рангаи бо таври уфуқӣ ҷойгирифта сохта шавад, ки рахи ранги боло сурх (нисфи бари парчам), рахи сафед (1/5 ҳисса), рахи сабз (аз 1/10 ҳисса ) ва рахи поёнии сурх (аз 1/5 ҳисса ) бари парчамро ташкил медод. Дар рахи болои сурх назди дастаи парчам досу болғаи заррин ва болои онҳо ситораи сурхи бо зар ҳошия кашидашуда ҷойгир карда шуда буд.
Дар арафа ва баъди пошхӯрии ИҶШС (СССР) ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) аз 24 августи соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон қабул ва масъалаи таҷдиди «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии РСС Тоҷикистон» ва нишонҳои давлатӣ гузошта шуд. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд ва барои ин комиссияи махсус барои таҳияи намунаҳои нави рамзҳои давлатӣ тасдиқ ва озмун эълон шуд. Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-24 ноябри соли 1992 рамзҳои давлатиро низ тасдиқ намуд ва сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон Парчамро бӯсида, қасами сулҳоварии худро эълон кард. 12 майи соли 2007 баъди баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Эмомалӣ Раҳмон ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт, ки боби 2-юми он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад ва аз 2 модда (1-Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2. Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) иборат аст. Аввалин бор бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил гардид.
Дар забони тоҷикӣ шаш калимаи ҳаммаънои парчам роиҷ аст:
Дирафш - қадимтарин вожаи ориёии ифодакунандаи парчам, ливо, байрақ аз ҳама калимаи серистеъмол дар забони адабиёти классикии форсии дарӣ мебошад. Дирафш ҳамчун рамзи пирӯзию давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маънидод шудааст. Ин аст, ки ибораҳои «дирафши Ковиёнӣ», «дирафши сурх», феълҳои «дирафшидан», ки маънои дурахшидан, алвонҷ хӯрдани матоъ аз бод, барқ заданро дорад.
Алам-калимаи арабӣ буда, маънои байрақ, ливо, парчамро дорад.
Дар забон тақрибан шаш вожаномаи алам дучор меояд, ки инҳояд:
- алам бардошпган-пайдо шудан;
- алам баркашидан - парчам бардоштан;
- алам баровардан - пайдо шудан;
- алам берун задан- пайдо шудан;
- алам гардидан - машҳур шудан;
- алам шудан - машҳур шудан.
Ливо-калимаи арабӣ буда, маънои байрақ, алам, парчамро дорад. Ибораҳои «ливои дӯстӣ», «ливои зафар», «ливои истиқлол» ва монанди инҳо маъмуланд. Масалан, Мирсаид Миршакар бо номи «Ливои зафар» достоне дорад.
Роят-вожаи арабӣ мебошад, ки маънои парчам, ливо, аламро ифода мекунад.
Байрақ лафзи туркист. Матои ранги муайян, ки ба чӯби борики дарозе насб мекунанд ва дар он аксаран сурати нишонаи давлат, ҷамъият, созмон ҳамчун рамзи мавҷудият кашида мешавад ва муродифи парчам, ливо, алам мебошад. Ибораҳои «байрақи давлатӣ», «байрақи сурх», «байрақи ҳарбӣ» ва ғайра маъмуланд. Баъди Инқилоби Октябр калимаи байрақ афзалият пайдо карда буд. Ибораҳои «байрақи Октябр», «байрақи сурхи меҳнат», «байрақи Ленин» ва монанди инҳо машҳур буданд. Ин аст, ки Мирзо Турсунзода маҷмӯаи аввалини ашъорашро «Байроқи зафар» (1932) номид, устод Абулқосим Лоҳутӣ бо номи «Тоҷ ва байрақ» достоне эҷод намуда буд.
Парчам-калимаи тоҷикии китобӣ мебошад. Дар адабиёти классикӣ маънии дирафш, алам, ливоро ифода намекард, вале имрӯз ба маънии байрақ кор фармуда мешавад.
Бигузор Парчами давлатии Тоҷикистон боиси ғурури миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, истикдолият ва ватандории мову шумо бошад. Тавре ки дар Суруди миллии мо зикр шудааст, ба зери парчам саф кашида бошем ва мо, мардуми шарафманди Тоҷикистон, барои ояндаи неку ҷовидонаи Ватани азизамон ҳамеша саъю талош намоем.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё