Зеҳн

ПУЛИ МИЛЛИИ МО

БА
Барномасоз1 сентябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Пули миллии мо рамзи миллии мост. Одамон ҳар як сомониро рӯйи каф гирифта, тасаввур мекунанд, ки китоберо дар даст доранд: пур аз маънӣ ва маърифат.

Яке аз муқаддасоти мо ин пули миллиамон мебошад. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон аз моҳи майи соли 1995 пули миллӣ ба муомилот бароварда шуда, он ба ифтихори давлати Сомониён «сомонӣ» номида шуд. Пули майдаи онро «дирам» мегӯянд. Пули миллӣ рамзи давлатдории мо мебошад, ки низоми иқтисодии кишварро таъмин месозад.

Дар рӯйи асъори миллии Тоҷикистон расмҳои Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯалӣ Сино, Бобоҷон Ғафуров, Исмоили Сомонӣ ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барин бузургони илму фарҳанги миллатамон тасвир шудаанд, ки боиси ифтихори халқи тоҷиканд. Мо фахр мекунем, ки дар муомилот аз пули миллии худ- «сомонӣ» истифода мебарем.

Ба рӯйи пули миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти мо аст, хат кашидан ва навиштан мумкин нест. Беэҳтиромӣ нисбат ба пули миллӣ беҳурматӣ ба халқу давлати Тоҷикистон аст.

Софдилона кор кардан ва ба ивази он дастмузд гирифтан яке аз нишонаҳои риояи қонуният ва заҳмати садоқатмандона ба манфиати Ватан аст. Бинобар ин, шумо, бачаҳои азиз, кӯшиш кунед. ки бо кору амал ва арақи ҷабини хеш нон ёфта хӯред ва ҳаргиз дар фикри луқмаи муфт нашавед.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2