Агар IP шумо ба дасти ҳакерҳо биафтад, чӣ воқеаҳо рух медиҳанд?
Оё медонед, ки IP дорои маълумотест, ки дар сурати ошкор шуданаш барои ҳакерҳо, метавонад шуморо дар хатари ҳакерӣ, фиребкорӣ, дуздӣ ё мушкилоти дигар қарор диҳад?
Тасаввури аксари мо аз ҳакерҳо, шахсонест, ки аз роҳҳои ғайриоддӣ ба компютер ё ноутбуки мо ворид мешаванд ва маълумоти ҳассос мисли ҳисоби бонкӣ, рамзҳои воридшавӣ, сабтҳои браузерҳо, файлҳои дохили система ва чизҳои аз ин пешро бо ҳадафҳои гуногун, аз ҷумла фиребкорӣ, дуздида мебаранд; вале дар воқеият, ин роҳҳо ғайриоддӣ нестанд ва ҳатто баъзан, худамон роҳро барои вориди шудани ҳакерҳо ба ҳаёти корӣ ё шахсии худ фароҳам мекунем.
Чӣ аз тариқи сим-корти телефон ва планшет ба интернет пайваст шавед ва чӣ аз тариқи намудҳои гуногуни модем, барои ворид шудан ба интернет ба як суроғаи рақамӣ ё IP-и доимӣ ё тағйирёбанда ниёз доред. Ин суроға, дар асл кӯпруки алоқаи байни шумо ва шабакаи интернет аст; пуле(кӯпрук), ки набояд шахси дигар ғайр аз шумо аз он огоҳ бошад, зеро ба осонӣ, имкони муайян кардани макони шумо, дастрасӣ ба хусусиятҳои системаи шумо, анҷом додани ҳамлаҳои ҳакерӣ ва чизҳои дигарро барои шахсони манфиатдор ва ҳакерҳо фароҳам мекунад.
Дар идома, дар бораи ин мавзӯъ, ки ҳакер бо суроғаи IP-и доимии шумо чӣ корҳое анҷом медиҳад, сӯҳбат хоҳем кард; ба илова, нуктаҳоеро дар бораи ҳифзи IP ба шумо маълумот медиҳем, то шумо тавонед бехатартар дар фазои интернет ҳузур дошта бошед.
Суроғаи IP чист?
Протоколи интернет ё IP (ихтисор аз Internet Protocol) як суроғаи махсуси рақамӣ ба ҳисоб меравад, ки як компютере ё шабакае аз компютерҳои ё шабакаҳои дигар дар фазои интернет фарқ мекунад. Ба забони сода, IP мисли рақами ягона барои як компютер ё шабака аст ва бе вуҷуди он, на дастгоҳи шумо ба интернет пайваст мешавад ва на компютерҳои дигар ё шабакаҳо имкони пайвастшудан ба дастгоҳи шумо хоҳанд дошт.
IP, дар ҳолати умумӣ, аз як силсилаи рақамӣ иборат аз 4 қисм ташкил ёфтааст, ки ҳар қисм, рақаме байни 0 то 255 аст ва бо як нуқта аз қисми баъдӣ ҷудо мешавад; яъне як IP метавонад ба шакли сохторе байни 0.0.0.0 то 255.255.255.255 мебошад.
Масалан, 104.124.145.85 як IP аст ва чор рақами 85, 145, 124 ва 104, нишондиҳандаи шиносномаи хост ва шиносномаи шабакае мебошанд, ки дастгоҳи шумо аз тариқи онҳо ба интернет пайваст мешавад.
Илова бар ин IP, ки аз ҷониби ISP ё ҳамон ширкати пешниҳодкунандаи хидматҳои интернетӣ ба ҳар модем, роутер ё сим-корт IP дода мешавад, IP ба таври истисноӣ барои ҳар компютер, ноутбук, телефон, планшет ё ҳар воситаи дигаре мисли мошини либошшӯйӣ ё яхдон, ки қобилияти пайвастшавӣ ба интернет доранд, дода мешавад.
Аксари истифодабарандагони хонагӣ, IP-и умумии динамикӣ ё тағйирёбанда доранд ва ҳар вақте ки ба интернет пайваст мешаванд, суроғаи IP-и онҳо бо маротибаи пештара фарқ мекунад; аз ин рӯ ин суроға барои муайян кардани дақиқи макон ё пайгирӣ истифода намешавад; вале ҳанӯз ҳам метавонад барои ҳакерҳо, хусусан муҳандисони иҷтимоӣ муфид бошад. Агар ба ҳар сабабе аз IP-и динамикӣ истифода намебаред ва маҷбур ба истифодаи IP-и доимӣ ҳастед, бояд эҳтиёткор бошед; зеро ин суроға мисли як асар-ангушти рақамӣ аст ва ҳеҷ вақт тағйир намеёбад, бинобар ин имкони пайгирӣ кардани шумо бо он бештар аст ва дастрасӣ ба он барои ҳакерҳо метавонад муфидтар бошад.
Чӣ тавр IP-и худро пайдо кунем?
Барои ёфтани IP-и як дастгоҳ ё модем, роҳҳои гуногун мавҷуданд, мисли истифодаи CMD дар Windows, истифодаи терминал дар Mac ва рафтан ба қисмати танзимоти WiFi ё пайвасти интернети сим-корт дар дастгоҳҳои Android ва iOS, ки баъзе аз онҳо, ниёз ба дониши каме тахассусӣ дар соҳаи компютер ва шабака доранд; вале ба ҷои истифодаи онҳо, шумо метавонед аз асбобҳои онлайн мисли сомонаи What Is My IP Address ё ҷустуҷӯи ибораҳои мисли What is my IP address ё How to find my IP address дар Google истифода баред, ки ба зудӣ IP-и шуморо нишон медиҳанд.
Чаро суроғаи IP муҳим аст?
Содатар маълумоте, ки як шахс аз IP-и доимии шумо ба даст меорад, мавқеи ҷуғрофии шумо ва номи ширкатест, ки аз он интернет харидорӣ кардаед. Ҳамаи сайтҳое, ки ҳар рӯз ба онҳо ташриф меоред, суроғаи IP-и шуморо захира мекунанд; вале дар аксари ҳолатҳо, ба ғайр аз маълумоти таснифшудаи тиҷоратии онҳо, кори дигаре бо суроға надоранд; вале ҳамеша вазъият ба ин оромӣ пеш намеояд, хусусан агар суроғаи IP-и доимӣ дошта бошед ва ин суроға ба дасти ҳакерҳо афтад.
Ҳакерҳо одатан бо нияти пешакӣ, суроғаи IP-и одамонро ба даст меоранд ва аз он барои корҳое, ки ба шахси соҳиби IP зарар мерасонанд, истифода мебаранд; корҳое, ки баъзан мисли дуздии ҳисоби бонкӣ, ба зарарҳои молӣ оварда мерасонанд ва баъзан мушкилоти калонтарро ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки аз суроғаи IP-и модем ё дастгоҳе, ки бо он ба интернет пайваст мешавед, ҳифз кунед, то ба осонӣ ба дасти шахсони манфиатдор наафтад.
Як ҳакер бо доштани IP-и мо қодир ба анҷом додани кадом корҳост?
Бо вуҷуди риояи чораҳои амниятӣ, баъзан мумкин аст, ки ҳакерҳо ба IP-и модем, роутер ё дастгоҳи шумо дастрасӣ пайдо кунанд. Дар ин ҳолат, ҳакер метавонад яке ё чандто аз корҳои зеринро тавассути IP-и шумо анҷом диҳад:
Ёфтани мавқеи шумо
Азбаски IP-и ҳар дастгоҳ ё модем, беназир аст; ёфтани суроғаи IP-и шумо аз ҷониби ҳакерҳо маънои дастрасӣ ёфтани онҳо ба мавқеи шумо (мамлакат, вилоят ва шаҳр) ва инчунин, тафсилоти ширкати хидматҳои интернетӣ (ISP)-ро дорад, ки шумо аз он истифода мебаред.
Гарчанде ки ин масъала маънои ошкор шудани суроғаи дақиқи шуморо надорад ва барои расидан ба чунин чизе, ҳакерҳо ба дастрасии бештар ва аз IP зиёдтар ниёз доранд, бо вуҷуди ин, баъзан ҳакерҳо бо доштани ҳамин чизҳо низ, метавонанд ҳамлаҳои вазнинтарро барои шумо ва тиҷорати шумо (хусусан агар тиҷорати муҳиме дошта бошед) тарҳрезӣ кунанд.
Тақлид кардани шахсият
Дар қонунҳои марбут ба ҷиноятҳои интернетӣ дар аксари кишварҳо, касе ки аз як IP истифода мебарад, ҳамчун соҳиби он IP шинохта мешавад ва агар тавассути он IP, ҷинояте дар фазои интернет рух диҳад, соҳиби он бояд ҷавобгар бошад. Ҳакерҳо баъзан аз ин қонун суиистифода мекунанд ва барои пинҳон кардани пайи худ дар интернет (хусусан дар Dark Web ва вақти анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ) аз IP-и одамони дигар истифода мебаранд. Онҳо метавонанд шахсияти шуморо ҳамчун соҳиби он IP тақлид кунанд; коре, ки одатан дар аксари ҳолатҳо барои соҳиби IP арзиши ҳуқуқии хеле гарон дорад.
Ҳакерӣ кардани дастгоҳи шумо
Ба даст овардани IP, танҳо як қисми кор хоҳад буд, ки ба ҳакерҳо кӯмак мекунад, то дастгоҳи шуморо (компютер, ноутбук, телефон ва модем) дароянд; қисме, ки худаш дорои маълумоти хубе барои кӯмак ба ҳакерҳо аст.
Масалан, агар як ҳакер барои фаҳмидан аз сканнери шабака мисли Nmap истифода барад, на танҳо метавонад суроғаи IP-и шуморо пайдо кунад, балки маълумоти зиёдеро дар бораи компютери шумо ба даст меорад ва мефаҳмад, ки компютери шумо аз кадом системаи амалиётӣ истифода мебарад ва кадом роҳҳо барои ворид шудан ба системаи шумо мавҷуданд ва бар асоси он, ҳамлаеро барои ба даст овардани идоракунии компютери шумо тарҳрезӣ мекунад.
Фурӯши IP-и шумо
Як IP ба танҳоӣ арзиши махсуси зиёд надорад; вале маҷмӯи ҳазорҳо IP-и доимии гуногун, бахусус барои ҳакерҳои BlackHat (ҳакерҳое, ки ба ҷустуҷӯи анҷом додани фаъолиятҳои харобиовар мисли дуздӣ, аз кор андохтани сайтҳо ва серверҳо, фиреб ва чизҳои аз ин ҷониб мебошанд) хеле арзишманд аст. Ҳакерҳои мазкур, аз ҳамаи IP-ҳое, ки харидорӣ мекунанд, дар Dark Web ё анҷом додани ҷиноятҳои киберӣ истифода мебаранд ва шуморо ба парвандаҳое мекушоянд, ки баъзан хеле хатарнок мебошанд ва шояд шумо роҳе барои исботи бегуноҳии худ дар ин парвандаҳо надошта бошед.
Амалиёти ҳамлаҳои DDoS
Ҳамлаи DDOS (мухтасари Distributed Denial Of Service) як навъи ҳамлаи ҳакерӣ аст, ки дар он, як ё гурӯҳе аз ҳакерҳо бо фиристодани шумораи хеле зиёди дархостҳои гуногун ба як сервер, қувваи захираҳоро мисли протсессор, ҳофизаро ва шабакаро машғул мекунанд, то ҷое ки сервер хеле суст шуда ва ба таври муваққатӣ ё пурра қатъ мешавад.
Гарчанде ки қурбониёни ҳамлаҳои DDoS, бештар тиҷоратҳои хурду бузург мебошанд, ин маънои онро надорад, ки имкони қурбон шудани шумо аз тарафи ин ҳамлаҳо вуҷуд надорад, аз ин рӯ беҳтар аст, ки ҳушёр бошед, ки IP-и шумо дар фазои интернет ошкор нашавад.
Пайгирӣ кардани фаъолиятҳои онлайнӣ шумо
Бо ошкор шудани суроғаи IP-и шумо барои ҳакерҳо, имкони пайгирӣ кардани фаъолиятҳои онлайнӣ шумо, мисли он ки аз кадом сайтҳо боздид мекунед, вуҷуд дорад; албатта барои анҷом додани чунин кор, ҳакерҳо ба асбобҳои дигаре ғайр аз IP низ ниёз доранд; вале ин маънои эмин будани шуморо аз пайгирӣ надорад.
Амалиёти ҳамлаҳои фишинг
Суроғаи IP-и шумо, дорои маълумот дар бораи ширкати пешниҳодкунандаи хидматҳои интернетӣ (ISP) аст, ки шумо аз он истифода мебаред. Дастрасӣ ба чунин маълумот ба ҳакерҳо кӯмак мекунад, ки бо тақлид кардани унвони ISP ва тарҳрезӣ кардани як ҳамлаи фишинг, маълумоти молиявӣ ё шахсии шуморо ба даст оранд, ҳисобҳои шуморо холӣ кунанд ё ин маълумотро дар Dark Web бифурӯшанд.
Чӣ тавр аз суроғаи IP-и худ ҳифз кунем?
Ҳамеша пешгирӣ ё тадбир гирифт; яъне ба ҷои он ки нигарон бошед, ки ҳакерҳо бо IP-и шумо чӣ кор мекунанд, шояд беҳтар бошад, ки бо риоят кардани нуктаҳои зерин, то ҳадди имкон аз IP-и дастгоҳ ё шабакаи худ дар фазои интернет ҳифз кунед ва монеи дастрасии шахсони бегона ба он шавед.
Навсозии девори ҳимоявӣ (Firewall)
Ҳакерҳо вақте ба системаи шумо дастрасӣ доранд, ки ҳеҷ монеае вуруди онҳоро манъ накунад ё системаи шумо камбудиҳои амниятӣ зиёде дошта бошад, аз ҷумла версия Firewall кӯҳна бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки Firewall-и худро нав нигоҳ доред.
Истифодаи паролҳои душвор
Агар ба далели намуди кор ё шароити таҳсили худ, доимо дар байни сайтҳои нав ва ношиноси нав ҷой ба ҷой мешавед, ин хатар вуҷуд дорад, ки IP-и шумо аз тарафи шахсон ё сайтҳое бо мақсади зарар расонидан ба шумо ё дастгоҳи шумо пайгирӣ мешавад. Дар ин ҳолат, бояд аз рамзҳои душвор дар ҳамаи дастгоҳҳо ва ҳисобҳои худ истифода кунед ва мунтазам онҳоро иваз кунед. Анҷом додани чунин кор аз иҷрои ҳамлаҳои Brute Force (скриптҳое, ки аз тарафи ҳакерҳо иҷро мешаванд ва ба онҳо имкон медиҳанд, ки рамзҳои шуморо тахмин кунанд) дар системаи шумо пешгирӣ мекунад.
Истифодаи VPN ё прокси
Агар намехоҳед, ки IP-и шумо барои ягон шахс ё сайт дида шавад, беҳтар аст, ки аз як VPN ё сервери проксии боэътимод истифода баред. Хизматрасониҳои мазкур, IP-и шуморо дар паси як IP-и нав пинҳон мекунанд ва дастрасии ҳакерҳо ба IP-и аслии шумо намешаванд. Дар назар доред, ки азбаски проксиҳо ва VPN-ҳои ройгон, аз тарафи шахсоне бо шахсияти номаълум идора мешаванд, бовар кардан ба онҳо ва баҳузур дар интернет ва сайтҳои мушаххас тавассути ин хизматрасониҳо, тамоман тавсия дода намешавад.
Навсозии танзимоти махфият
Агар шумо аз хидматрасоние истифода мебаред, ки маълумоти шахсии шуморо ҷамъ мекунад (мисли Microsoft Outlook), боварӣ ҳосил кунед, ки танзимоти махфияти худро дар робита бо он хидматрасонии мушаххас тафтиш кардаед ва дақиқан медонед, ки кадом чизҳоро бо он хидматрасонӣ мубодила мекунед; зеро бисёре аз ин хидматрасониҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки баъзе аз маълумоти худро мисли суроғаи IP-и воқеии худро дар ихтиёри он хидматрасонӣ қарор надиҳед.
Истифодаи IP-и динамикӣ
Баъзан мумкин аст, ки ISP-и шумо метавонад як суроғаи IP-и динамикиро дар ихтиёри шумо қарор диҳад; яъне ба ҷои истифодаи як суроғаи IP-и доимӣ, чанд соат як суроғаи IP-и нав мегиред.
Истифодаи интернети сим-корт
Вақте ки шумо бо истифода аз сим-корт ба интернет пайваст мешавед, ISP ҳамеша як суроғаи IP-и динамикиро ба шумо таъин мекунад ва суроғаи IP-и доимӣ нахоҳед дошт. Ин бартарӣ ба сим-кортҳое, ки дар модемҳои сим-корт истифода мешаванд, низ дахл дорад ва шумо метавонед дар сурати хоҳиш бо чунин модемҳо ба интернет пайваст шавед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё